Иқдоме, ки арзандаи пайравист

№37 (3338) 13.03.2015

Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Рашт дар таърихи мавҷудияташ барои пешрафти соҳаи маорифи ҷумҳурӣ хизмати арзанда кардааст. Ин муассисаи таълимӣ соли 1933 таъсис ёфта, то имрӯз фаъолияташ дар сатҳи хуб ва сифати баланд ҷараён дорад.

Зимни шиносоӣ бо ҳаёти донишҷӯён ва фаъолияти омӯзгорони коллеҷ маълум шуд, ки пас аз директори Коллеҷи омӯзгорӣ таъин гардидани Муллоҷон Аҳмадов сифати кор дар таълимгоҳ беҳтар шудааст, зеро ин фард марди донишманд, соҳибтаҷриба ва эҷодкор аст. Диққати моро, пеш аз ҳама, китобхонаи коллеҷ ба худ ҷалб намуд. Дохили китобхона ва назди даромадгоҳ донишҷӯёни зиёдеро дучор шудем. Аз нигоҳи кунҷковонаи мо директори коллеҷ магар рамуз гирифт, ки бо табассуми малеҳ гуфт:

-Дар ташаккули ҳар миллат рисолати зиёиён хеле калон аст. Танҳо инсони оқилу доно метавонад барои ҷомеа ва давлат хизмати арзанда кунад, зеро ӯ аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлӣ қудратманд буда, хубро аз бад, сиёҳро аз сафед фарқ мекунад. Имрӯз дар коллеҷи мо «Рӯзи китоб» аст. Онҳо китоби мутолианамудаашонро ба китобхона месупоранду китоби нав мегиранд. Таассуроти худро аз китоби хондаашон дар дафтари махсус мухтасар менависанд.

Китобро барои хондан устодони коллеҷ интихоб мекунанд. Ин усули таълим масъулияти устодонро низ зиёд мегардонад, зеро барои интихоби китоби хонданибоб онҳо низ бояд мутолиаи китобҳоро идома диҳанд, то дар назди шогирдон хиҷолат накашанд. Охири ҳар моҳ «Рӯзи китоб»-ро ҷамъбаст менамоем. Донишҷӯён дар назди ҳакамони озмун оид ба китобҳои хондаашон маълумоти муфассал медиҳанд. Ғолибон бо мукофотҳои хотиравӣ қадр мегарданд, — гуфт директори коллеҷ.

- Китоб бузургтарин неъмати маънавӣ барои инсон аст,- илова кард устоди коллеҷи омӯзгорӣ Р. Одилов — Ҷойи онро чизи дигаре гирифта наметавонад. Суханвари бузурги адабиёти классикии тоҷику форс Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ беҳуда нафармудааст:

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

Ҷои таассуф аст, ки на ҳама падару модарон ба таълиму тарбия диққати ҷиддӣ медиҳанд.

- Беҳуда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бунёд накардаанд,- риштаи суханро ба даст мегирад Муллоҷон Аҳмадов. — Пешвои миллат хуб медонанд, ки мо бояд шахсонеро тарбия кунем, то ки ворисони ҳақиқии ниёгони хеш бошанд. На танҳо барои рушду нумуи кишвари худ хизмат кунанд, балки барои пешрафти он саҳм гузошта тавонанд.

Як нуктаро мехоҳам ба арзи хонандагони рӯзнома расонам, ки китобхонӣ танҳо вазифаи хонанда ва донишҷӯ нест. Тамоми табақаҳои ҷомеа бояд китоб хонанд ва маънавиёти худро баланд бардоранд. Маънавиёти баланди аҳли ҷомеа кафолати амну амонӣ ва пешрафту нумуи ҳар як кишвар мебошад.

Албатта, барои расидан ба мақсад пеши роҳ ҳар гуна мушкилиҳо пайдо мешаванд. Аз ҷумла мо наметавонем донишҷӯёнро бо китобҳои тозанашр мунтазам таъмин кунем. Хуб мебуд, ки дар ин кори хайр соҳибкорони маҳаллӣ моро дастгирӣ менамуданд. Агар ҳар як соҳибкор 20 нусха китоби тозанашрро ба китобхонаи мо ҳадя намояд, ин мушкилӣ ҳал мешавад. Арзиши бист нусха китоб дороии онҳоро кам намекунад, аммо дар пешрафти кори Коллеҷи омӯзгорӣ саҳми хуб мегузорад, — гуфт ӯ.

Хуб мебуд, ки таҷрибаи устодони Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Раштро дигар муассисаҳои таълимӣ низ истифода баранд. Умед дорем, ки ҷавонмардони саховатманду ватандӯсти соҳибкор пешниҳоди директори Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Раштро дастгирӣ менамоянд.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»