Илм ва истеҳсолот

Имконот баҳри рушди картошкапарварӣ дар навоҳии кӯҳистони минтақаи кӯлоб фароҳам аст

№ 29.10.2015

Солҳои охир Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади рушди соҳаи картошкапарварӣ дар ноҳияҳои Муъминобод, Ховалинг, Шӯрообод, Балҷувон ва Темурмалик иқдомот роҳандозӣ менамояд. Олимону мутахассисони соҳа, масъулону сокинони маҳал обу ҳаво ва хоки ин минтақаро барои инкишофи соҳаи картошкапарварӣ хеле мувофиқ ва муфид меҳисобанд.

 Дар робита ба ин, чанде пеш дар ноҳияи Муъминобод таҳти унвони  «Технологияи парвариши картошка дар минтақаҳои кӯҳӣ» семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он олимону мутахассисон ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои номбурда иштирок намуданд. Иштирокчиёни семинар ба хоҷагии деҳқонии «Хоҷаи Нур» — и деҳоти Боғгаӣ ташриф оварда, бо дастовардҳои кишоварзони ноҳия шинос гардиданд. Ба иштирокчиёни семинар навъҳои гуногуни картошкаи тухмӣ, аз қабили «Овчӣ», «Шукрона», «Ғончӣ», «Дӯстӣ», «Файзобод», «Каримӣ», «Тоҷикистон», «Нуринисо», «Адиба» ва «Пикассо» манзур карда шуд, ки ба қавли олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва мутахассисони маҳаллӣ парвариши ин навъҳо дар иқлими ноҳияҳои кӯҳистони минтақаи Кӯлоб мувофиқ ва манфиатовар аст.

Сипас, ходими илмии шуъбаи картошкапарварии Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Б. Каримов оид ба тарзи шинонидани картошка ва нигоҳубини он маълумот дод. Мавсуф ва дигар мутахассисони таҷрибадор таъкид намуданд, ки таври саросема ва таваккалӣ аз бозорҳо харидани тухмӣ дуруст нест, зеро аксари картошкаҳоро, ки фурӯшандаҳо ба сифати тухмӣ пешкаш мекунанд, ҷавобгӯйи талабот нестанд.

Иштирокчиёни семинар дар баробари бардошти таҷриба аз  роҳу воситаҳои кишт ва тавсияҳо, инчунин бо ҳолати себзори хоҷагии мазкур, ки бо усули интенсивӣ бунёд шудааст, шинос шуданд. Пас аз ин онҳо ба хоҷагии деҳқонии «Бобои Ризо»-и деҳоти ба номи Нуралишоҳ Назаров омада, бо рафти ҷамъоварии ҳосили картошка аз наздик шинос гардиданд. Маълум шуд, ки заминҳои хоҷагии номбурда  ба заминҳои обии ноҳия тааллуқ дошта, ҳамасола ҳосили хуби картошка ба даст оварда мешавад.

-Асосан хоҷагиҳои деҳқонии мо барои кишт навъи картошкаи «Пикассо»-ро интихоб мекунанд, ки дар шароити маҳалли мо мувофиқу самаровар аст,- гуфт раиси деҳоти мазкур Садриддин Назаров.

Дар қисмати назариявии семинар раиси ноҳияи Муъминобод Амиршозода Тоҳирхон Темур суханронӣ намуда, минҷумла чунин гуфт:

- Ноҳияи мо соҳиби 2047 гектар замини обӣ аст ва мо имкон дорем, ки дар 1500 гектари он кишти картошка гузаронем, зеро картошка нони дуюми мардум аст. Картошкапарварони мо соли равон дар майдони 977 гектар кишт гузаронида, ҳосили хуб ба даст оварданд.

Омили дигаре, ки ба рушди соҳаи картошкапарварӣ дар хоҷагиҳои ноҳия кумаки ҷиддӣ расонид, ин баланд бардоштани ҳавасмандии деҳқонон нисбат ба парвариши ин зироати муҳим аст. Миннатдории худ ва деҳқонони ноҳияро ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонам, ки барои ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок мусоидат намуданд.

Иттилоъ гирифтем, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» 1,2 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо намуда, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 160 ҳазор сомонӣ тухмии хушсифат дастрас намуд.

Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, академик Иззатулло Сатторӣ, директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров, устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, доктори илмҳои кишоварзӣ С. Гулов ба сухан баромада, бобати зарурат ва аҳамияти  рушди соҳаи картошкапарварӣ дар кишвар, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, роҳҳои мубориза бар муқобили касалӣ ва ҳашароти зараррасон андешаронӣ намуданд.

Дар анҷоми семинар муовини якуми раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зикр намуд, ки моҳе қабл таҳти роҳбаладии ӯ роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои кӯҳистони вилоят бо мақсади омӯхтани таҷрибаи пешқадами картошкапарварони вилояти Суғд ба ноҳияҳои Ғончӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ сафар доштанд. Аъзои гурӯҳ дар баробари шинос шудан бо таҷрибаи картошкапарварони ноҳияҳои мазкур, ба хулосае омаданд, ки иқлим ва имконотҳои мавҷудаи онҳо нисбат ба картошкапарварони соҳибтаҷрибаи суғдӣ бештар аст, зеро ноҳияҳои Муъминобод, Ховалинг, Шӯрообод, Балҷувон ва Темурмалик бо доштани иқлими ба соҳаи картошкапарварӣ мувофиқу мусоид, инчунин дорои заминҳои зиёди тахту ҳамвор ва ҳосилхези обианд. Дар баробари ин, ноҳияҳои мазкур давоми як соли охир тавассути ғамхориҳои Ҳукумати кишвар ва амалӣ намудани лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» соҳиби техникаҳои замонавӣ шуданд. Барои рушди соҳаи картошкапарварӣ ҳама воситаву имконотро дар ихтиёр доранд. Роҳбарону сарварони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои зикршударо танҳо меҳру садоқати ватандорӣ, масъулиятшиносию ғайрат ва дар робита ба  илму таҷриба фаъолият кардан лозим меояду бас.

Иштирокчиён дар поёни семинари илмӣ-амалӣ ба масъулони минтақаву вилоят ва олимону мутахассисони соҳа суолҳо дода, посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»