Барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Исавиҳушоне, ки дар ҳифзи неъмати бебаҳои ҷомеаанд

№70 (3055) 10.06.2013

Шаммае аз  фаъолияти  пурсамар ва аз лиҳози моҳият хеле муҳими се тан фарзонамардони бахши тандурустии мамлакат — доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбонов, доктори илмҳои тиб Каримҷон Ортиқов ва номзади илмҳои тиб Абдумалик Давлатов, ки ба дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино пешниҳод шудаанд

 Чун иттилоъ гирифтам, ки силсилаи корҳои илмӣ оид ба ҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикии табибони варзидаи кишварамон -  узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбонов, доктори илмҳои тиб Каримҷон Ортиқов ва номзади илмҳои тиб Абдумалик Давлатов барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника барои соли 2013 пешниҳод шудааст, хеле хушнуд гардидам. Банда солиёни зиёд аст ин се нафарро мешиносам ва аз ҳамнишинӣ бо онҳо ифтихор дорам, вале ин омил ба ҳеҷ ваҷҳ сабаби асосии рӯйи саҳфа омадани ин чанд сатри ихлос нест. Омили асосии таҳрикбахшандаи иншои маводи мазкур  сатҳи баланди касбияти номбурдагон, муаррифии шоистаи онҳо ба сифати ворисони Синои бузургвор аз илми тибби тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, муҳимияти корҳои тадқиқотии басомонрасида, ҳисси баланди меҳандӯстӣ ва масъулиятшиносиву поквиҷдонии онҳо маҳсуб ёфта, фаъолияташон бевосита ба ҳифзи неъмати бебаҳои ҷомеа- саломатии инсонҳо нигаронида шудааст. Фаъолияти ин табибони масеҳонафас дар мисоли шифои комил ёфтани шумораи зиёди беморон баръалост ва мақоли халқии «чизе, ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест» — ро ба ёд меорад. Мисолҳои зиёде мавҷуданд, ки ба шарофати табибони ҳозиқ, теъдоди зиёди инсонҳо, ки бо сабабҳои гуногун қисме аз баданашон осеб дидаасту дар зиндагӣ ба ноҷӯриҳои зиёд мувоҷеҳ буданд, ба зиндагӣ дилгарм шуданд. Магар рисолате, ки бар дӯши ин шахсони наҷиб- муҳофизони саломатии инсонҳо гузошта шудааст, саҳлу содда аст? Албатта, не! Пас муболиға нахоҳад буд, агар гӯям, ки чунин ашхос арзандаи ҳама гуна арҷгузориҳоанд, хоса Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Барои дарёфти ин ҷоиза 40 мақолаи илмии ин се нафар пешниҳод шудааст, ки фарогири  масоили гуногуни бахши ҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикӣ мебошад. Мақолаҳои фавқуззикр, на танҳо дар маҷаллаҳои илмии дохили кишвар, балки дар маҷаллаҳои бонуфузи хориҷи мамлакат низ ба нашр расидаанд. Тадқиқотҳои илмии Убайдулло Қурбонов ва ҳамкорони ӯ аҳамияти байналмилалӣ дорад. Қисмати аъзами силсилаи корҳои илмиро раванди ҷарроҳии реконструктивии осебҳои дар ҳолатҳои гуногун бавуҷудомада, бандаки рагу асаб ва контрактураи ангуштон ва мафсали дасту пойҳо пас аз сӯхтан  ва ғайраро дар бар гирифтааст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки танҳо дар заминаи тадқиқотҳои аз ҷониби ин олимон дар самти контрактураи ангуштон ва мафсали дасту пойҳо чор патенти ихтироот ва пешниҳоди навоварӣ ба даст оварда шудааст. Нуктаи муҳим он аст, ки баъзе ҷарроҳиҳои ин бахш дар тибби ҷаҳонӣ назир надошта, маротибаи аввал аз ҷониби Убайдулло Қурбонов ва ҳамсафони ӯ К. Ортиқов ва А. Давлатов  дар сатҳу сифати баланд иҷро шудаанд. Барои ба хонандагони рӯзнома фаҳмотар гардидани моҳияти ин намуди ҷарроҳӣ зикри онро бамаврид медонем, ки дар заминаи ҳолатҳои гуногун ангуштон ва пайвандҳои калони дасту пойҳо сӯхта, ба якдигар часпида, ба ибораи дигар хушк, яъне, корношоям мегарданд. Табиист, ки рух додани чунин ҳолат барои дилхоҳ нафар, сарфи назар аз намояндаи кадом қишри ҷомеа буданаш, фоҷиа маҳсуб меёбад ва боиси дилхунукиаш аз зиндагӣ мегардад. Маҳз бартараф намудани контрактура аз ҷониби қаҳрамонони мавод замина фароҳам овардааст, ки ин нуқсонҳо рафъ гарданд ва ҳамватанони мо ба зиндагии маъмулии худ баргарданд. Офарин бар ворисони ҳақиқии  Синои бузургвор!

Дар  силсилаи корҳои илмии У.Қурбонов, К.Ортиқов ва А.Давлатов ҳамчунин намудҳои гуногуни нуқсонҳои бофтаҳои рӯпушкунандаи мавзеъҳои муйдори сар, ҳолатҳои нуқсони модарзодӣ ва осеб дидани суфраи гӯш, осеби чашмон, бофтаҳои рӯпушкунандаи пошнаи пой, кӯчонидани флапи кафи пой, гузоштани анастамозҳои тестикулоимакалии варидӣ, бартарафсозии нуқсони бинӣ, табобати астмаи бронхиалӣ ва ғайра  омӯзишу гурӯҳбандӣ шуда,ҳамзамон усулҳои нави ба воситаи ҷарроҳӣ рафъ намудани онҳо мавриди истифода қарор гирифтаанд. Ин бори дигар собит менамояд, ки илми ин нафарон «ба амалашон ёр шуда», онҳо барои таҳияи усулҳои нави ҷарроҳӣ ва такмили усулҳои мавҷуда 22 патенти ихтироот ва 19 пешниҳоди навоварӣ ба даст оварданд. Барои он ки хонандагони рӯзнома моҳияти силсилаи корҳои илмӣ-амалии ин табибони исавиҳушро бояду шояд дарк намоянд, банда мехоҳам яке аз ҷарроҳиҳое, ки аз ҷониби онҳо амалӣ гардидаасту дар олам назир надорад, соддаву равон бозгӯйӣ намоям.

Шахсони зиёдеро медонам, ки баъд аз соҳибмансаб гардиданашон кори илмиро канор гузоштаанд, вале Убайдулло Қурбонов бо вуҷуди ба зиммааш вогузор гардидани масъулияти бузург — раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа ва ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ҳаргиз ба пешаи табибӣ ва кори илмӣ муносибати дуюмдараҷа накардааст. Ҳамасола аз ҷониби номбурда бомуваффақият анҷом ёфтани 200 ҷарроҳии душвор, ки қисме аз онҳо дар таҷрибаи тибби ҷаҳонӣ назир надоранд, ба чоп расонидани се китобу 300 мақолаи илмӣ, зери роҳбариаш ҳимоя гардидани 9 рисолаи номзадӣ, соҳиби 9 патент, зиёда аз 50 пешниҳоди навоварӣ барои ихтироот будан ва ғайра бозгӯйи фаъолияти пурмаҳсули ӯст.

Таъкиди онро ҷоиз медонам, ки дар радифи рушди босуръати ҷанбаҳои соҳаи тиб бахши микроҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикӣ низ ба марҳилаи сифатан нави рушд ворид шудааст. Чунин усули ҷарроҳӣ, пеш аз ҳама, барои рафъи нуқсонҳои ҷисми инсон истифода гашта, ниёз ба он хеле зиёд аст. Зеро аксари шахсоне, ки бо сабабҳои гуногун ин ё он қисми баданашон осеб дида, дар зиндагӣ ба ноҷӯриҳои зиёд мувоҷеҳ гаштаанд, танҳо бо василаи чунин намуди ҷарроҳӣ метавонанд нуқси бавуҷудомадаро бартараф намоянд. Аз байн бурдани (пӯшонидани) нуқсонҳои зикршуда бошад, танҳо бо роҳи ба қисмати осебдида кӯчонидани комплекси бофтаҳо аз қисмати дигари бадани инсон, ки дар илми тиб трансплантатсияи флапҳо номгузорӣ шудааст, сурат мегирад. Яке аз чунин мавзеъҳо қисмати пеши гардан ва қафаси сина мебошад, ки ҳангоми осеб дидан дар натиҷаи ҳодисаҳои гуногун, аз ҷумла сӯхтани бадан, барои зиндагии ҳаррӯзаи инсон мушкилот эҷод менамояд, зеро ин қисмати бадан аксаран барои инсонҳо хеле муҳим аст. Олимони соҳаи ҷарроҳӣ барои пӯшонидани чунин нуқсонҳо усулҳои гуногун, аз қабили аутодермопластика, кӯчонидани флапҳои пӯсту чарбу аз атрофи мавзеи осебдида ва дермотензияи экспандериро истифода менамоянд. Мутаассифона, усулҳои зикршуда дар аксар маврид самараи на чандон хуб дода, муҳлати дуру дарози табобатро дар бар мегирад. Масалан, зимни анҷоми усули аввал хавфи зиёди боқӣ мондани пайи осеб мавҷуд буда, дар аксар маврид чунин усул натиҷаи хуб намедиҳад. Истифодаи усули дуюм мувофиқи таҷрибаҳои олимони соҳа қариб имконнопазир арзёбӣ шудааст. Анҷоми ҷарроҳӣ бо усули сеюм  давомнокии тӯлонии табобат (зиёда аз ду моҳ) дошта, натиҷааш на ҳамеша қаноатбахш аст. Дар ҳамин радиф, пайванди озод, яъне усули кӯчонидани флапҳои озод, аз ҷумла флапи параскапулярис низ давомнокии дарози табобат дошта, эҳтимолияти тромбози рагҳои пайвастшуда ва некрози флап мавҷуд аст. Пайванди озод кӯчонидани комплекси бофтаҳои дигар қисмати бадани инсон вобаста ба зарурат ба мавзеи осебдида ҳамроҳ бо рагу пайвандаш аст. Табиист, ки дар ин раванд баъд аз кӯчонидани комплекси бофтаҳои қисмати бадан (флап) пайваст намудани рагҳои шараён, варид ва асаб (вобаста ба зарурат) сурат мегирад. Комёбии ин намуди ҷарроҳӣ низ аз раванди муваффақонаи пайвасти ин рагҳо вобастагии калон дорад. Барои рафъи нуқсонҳои сатҳи пеши гардан ва қафаси сина яке аз флапҳои истифодашаванда ин флапи параскапулярис мебошад. Дар чунин ҳолат то вақтҳои наздик дар таҷрибаи ҷаҳонӣ танҳо усули пайванди озоди ин флап маълум буд.

Панҷуми январи соли 2010 дар шуъбаи микроҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикии Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу раг ва қафаси сина бо роҳбарии доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбонов бори аввал усули пайванди ғайриозоди флапи параскапулярис ба мавзеи осебдидаи бофтаҳои сатҳи пеши гардан бомуваффақият амалӣ гардид. Пайванди ғайриозод ин кӯчонидани ин ё он қисмати бадани инсон (флап) бидуни буридани рагу пайвандҳо мебошад, зеро дар заминаи ин усул рагу пайванд бидуни буридан ба мавзеи осебдида гузаронида мешавад. Табиист, ки дар ин ҳолат самаранокии ҷарроҳӣ бамаротиб  беҳтару хубтар аст.

Ҷарроҳии зикршуда маротибаи аввал дар бемори 21- сола, ки дар натиҷаи сӯхтани бадан қисмати пеши гардан ва қафаси синааш осеби ҷиддӣ дидааст, гузаронида шуд. Истеъдоди нодир ва меҳнати пурмаҳсули табибон замина фароҳам овард, ки барои пайванди ғайриозод аз шонаи бемор флапи параскапулярис гирифта, рагу пайвандҳои он бидуни буридан тавассути таги каш ба мавзеи осебдида гузаронида шавад. Чунин усул натиҷаи хуб ба бор оварда, дар муддати кӯтоҳ мавзеи осебдида барқарор гашт. Аз он ки дар таҷрибаи ҷаҳонии микроҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикӣ ин усул маротибаи аввал аст, метавон онро ба сифати дастоварди беназири табибони тоҷик ва ба маротиб болоравии обруи тибби тоҷик дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ намуд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ гувоҳ аст, ки зимни ҷарроҳии пайванди озод дар бисёр маврид самараи он қаноатбахш набуд ва он аслан аз натиҷаи буридану кӯчонидан ва тавассути анастомоз пайваст намудани рагу пайвандҳо вобастагии мустақим дошт. Дар усули ҷадиди ҷарроҳии пайванди ғайриозод, ки аз ҷониби Убайдулло Қурбонов ва ҳамсафонаш таҳия гаштааст, зарурат ба буридану пайвастани рагу пайвандҳо нест ва маҳз аз ин ҷиҳат хавфи ҷарроҳӣ аз байн рафта, сатҳу сифаташ низ бамаротиб беҳтар аст. То ин замон чунин усули ҷарроҳӣ дар панҷ нафар бемор анҷом дода шуда, ҳамаашон аз натиҷаи ҷарроҳӣ қаноатманданд.

Соли 2010 аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ аутотрансплантатсияи мӯйи сар тариқи трансплантатсияи фолликулярии пайвастагиҳо низ аз ҷониби Убайдулло Қурбонов ва шогирдонаш сурат гирифта буд. Агар ин амалиётро низ таври содда бозгӯйӣ намоем, он тариқи ҷарроҳӣ якҷоя бо решааш аз як мавзеъ гирифтану ба қисмати бемӯй кӯчат намудани мӯйи сари инсон аст.

Шахсони зиёдеро медонам, ки баъд аз соҳибмансаб гардиданашон кори илмиро канор гузоштаанд, вале Убайдулло Қурбонов бо вуҷуди ба зиммааш вогузор гардидани масъулияти бузург — раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа ва ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ҳаргиз ба пешаи табибӣ ва кори илмӣ муносибати дуюмдараҷа накардааст. Ҳамасола аз ҷониби номбурда бомуваффақият анҷом ёфтани 200 ҷарроҳии душвор, ки қисме аз онҳо дар таҷрибаи тибби ҷаҳонӣ назир надоранд, ба чоп расонидани се китобу 300 мақолаи илмӣ, зери роҳбариаш ҳимоя гардидани 9 рисолаи номзадӣ, соҳиби 9 патент, зиёда аз 50 пешниҳоди навоварӣ барои ихтироот будан ва ғайра бозгӯйи фаъолияти пурмаҳсули ӯст. Аз ин нуктаи назар ба андешаи инҷониб бидуни шакку шубҳа сазовор гардидани профессор Убайдулло Қурбонов ва ҳамсафони ӯ Каримҷон Ортиқов ва Абдумалик Давлатов ба Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино тантанаи воқеии адолату ҳақиқат хоҳад буд.

Далер МЕРГАНОВ,

узви Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои журналистон, Аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон