Ҳеҷ неъмат беҳ зи истиқлол нест,
Ҳоҷати бисёр қилу қол нест.
Истиқлолият маҷмӯи андешаҳои созандаи ҳар як миллати соҳибтамаддун буда, дар асоси онҳо ҷомеаи инсонсолор бунёд мегардад. Андешаи созанда, кишваркушо ва башардӯстӣ бори аввал дар таърихи башарият ба замони Каёниёни бузург нисбат дода мешавад, ки ин ифтихор ва шарафмандӣ моли ҳалоли Ориё мебошад. Пешомадагони Каёниён дар асоси андешаҳои созандаи башарӣ аввалин империяи хешро сохтаанд.
Империяи бузурги Сосониён бо шукӯҳу шаҳомати хеле зиёди фарҳангиву иҷтимоӣ ва сиёсиву низомии хеш, ки замони шукуфоиаш аз чор се ҳиссаи ҷаҳонро дар даст дошт, беш аз сад қавму миллатро зери парчами Ориёи бузург дар муттаҳидӣ тарбият намуда, заминаи бузургеро барои эъмори давлати бузурги хирадафрӯз гузоштааст. Аз Ҷамшед то Яздигурд қаламрави Сосониёни бузург мавриди таҳоҷуми ҳазорон душмани моливу ҷонии Ориё қарор гирифта, фарзандони некному ҷасур ва қаҳрамони ин хитта дар баҳои хун истиқлолияти хешро нигоҳ доштаанд. Пешвоёни хирадманди ин қаламрав дар асоси андешаи созандаи миллӣ давлат ва империяи бузургро сохта, истиқлолияти миллию давлатии хешро аз насл ба насл ба мерос гузоштаанд. Афкори созанда ва пайкори ақлгароӣ, ки оини қадими миллати кишваркушои Ориёи бузург будааст, ҳазорҳо сафаҳоти пуробу ранги рӯзгори атиқаро аз Каёниёни бузург то Сомониёни далер ба мо ба мерос гузоштаанд.
Аз ин нуқтаи назар, нахуст нишонаҳои истиқлолияти миллӣ ба замони Каёниён мансубият дошта, шинохти миллат ва давлат низ аз он сарчашма мегирад. Шоири хирадманд ва муаррихи адабиёти атиқаи тоҷик, устод Алимуҳаммад Муродӣ ин таърихи пурифтихорро хеле хуб сутудааст:
Оринасабему бо Худоён хешем,
Аз қавми Каёнем, аз он ҳам пешем.
Гуфтем ба бегонаву гӯем ба худ,
Мо пайкарасози қотилони хешем.
Аз ин баъд давлатҳо дар кураи замин бо номи қавму миллатҳо ва минтақаҳои алоҳида арзи ҳастӣ намудаанд ва охирин империяи абарқудрат дар рӯи замин ин Иттиҳоди Ҷамоҳири Сотсиалистии Шӯравӣ буд, ки беш аз сад миллат ва ҳазорон қавму гурӯҳи этникӣ бо ҳудудҳои хеш зери парчами ягона тӯли ҳафтод сол ҳукумат намуда, дар ҳама кору пайкор ва муқовиматҳои сиёсӣ пирӯз буданд.
Баъд аз табаддулоти давлатии тирамоҳи соли 1990 ин империя пора-пора гашта, соири миллат ва қавмҳои он ба бозичаи дасти кишварҳои абарқудрати Урупо ва Амрико табдил гардида, то ҳанӯз ба худ наомадаанд. Кишварҳои назди Балтик – Латвия, Литва ва Эстония рӯ ба Урупо оварда, ба таърихи беш аз панҷоҳ соли дар ҳайати Шӯравӣ будан хати батлон кашиданд.
Украина ва Беларус, ки қавмият ва қунияти русӣ доштанд, бо русҳо пайвастанд. Қафқозиҳо, бахусус Гурҷистон ва Арманистон, дар муқобили Туркия ва Эрон худро ба бағали русҳо андохтанд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ натавонистанд, ки мавқеъ ва мақоми сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву ҷуғрофии худро дар ҳамҷоягӣ ҳаллу фасл намоянд. Ба ин хотир қазоқҳо ва қирғизҳо, ки аксарашон зери таъсири фарҳанг ва суннатҳои русӣ тарбият дида буданд бе ягон истиҳола ба Россия пайвастанд. Ӯзбекҳо сӯи Туркия чашми умед дӯхта, туркманҳо худро бетараф эълон ва рӯ ба илтифоти Эрон намуданд. Тоҷикистон дар миёни кишварҳои турктабор ҷазираеро мемонд миёни уқёнус. То соли 1993 мавқеъ ва мақоми Тоҷикистон муайян набуд ва ҳамин номуайянӣ ва бемавқеии роҳбарияти сиёсии онвақтаи кишвар Тоҷикистонро то моҳи ноябри соли 1992 қариб буд, ки туъмаи мӯру магасҳо намоянд.
Андешаи миллии созанда ва муттаҳидкунандаи кишвар зери по афтода буд. Тақдири истиқлолият ба дасти хатарноктарин касон афтода буд. Ягона минтақае, ки дар Тоҷикистон бо андешаи миллии созанда кишварро метавонист аз вартаи ҳалокати сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию сиёсӣ наҷот бубахшад, ин минтақаи Кӯлоб буд ва ҳамин мардум бо ҷасорат ва матонату номусу шарафи миллӣ зери роҳбарии хирадмандонаи Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро бо тарҳи нав, бо андешаи созгори башарӣ сохтанд. Миллати паҳну парешонгаштаро роҳбари ҷавони хирадманд бо андешаи созандаи миллӣ ҷамъ овард. Ҷонибҳои даргирро бо бахшандагию меҳрубонӣ, иттиҳоду якпорчагӣ даъват намуд. Иқдоми бахшандагию меҳрубониро оғоз бахшид. Занҷирҳои бардагии фирориёнро шикаст. Оғӯши муҳаббату бародарии хешро боз намуд. Дар як муддати кӯтоҳ атрофи хеш нафаронеро, ки чун ӯ андешаи созандаи миллӣ доштанд, ҷамъ намуд. Ҳарчанд ки парлумони соли 1990 бо афкори сиёсии гуногун, ки бо гурӯҳҳои хурди сиёсӣ тақсим шуда буд, аз муросо хеле дур буданд. Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби Ҳуҷанд он гурӯҳи хурди тундрави парлумони соли 1990-умро маҷбур сохт, ки бо гурӯҳи созандаи сулҳ ва истиқрори миллӣ таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон созиш намуда, кишварро аз вартаи ҳалокати сиёсӣ наҷот бахшанд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Аммо гурӯҳи тундгаро бо ҳар роҳу восита то охирин рӯзҳои ваколатдориашон муқовимат намуда, амнияту осудагии кишварро халалдор мекарданд.
Ҳамин тавр, истиқлолияти воқеии кишвар ҷилои тобноки хешро баъди интихоботи Президенти кишвар — 4 — уми ноябри соли 1994 ба мардуми шарифи кишвар боз намуд. Ранҷу заҳмат ва бедорхобиҳои роҳбари сиёсии кишвар ва ҷонибдорони воқеиаш дар муқобили рақибони сиёсиаш оғоз гардид.
Истиқлолият аз нав тавлид шуд. Истиқлолият соҳиб ва пуштибони воқеии хешро ёфт. Бо матонат ва бурдбориву қаҳрамонӣ ҷавонмарде аз дудаи Сомониён, наваи Сосониён, нишони тобдоре аз Каёниёни бузург рӯи саҳнаи сиёсат омад. Ин некбину некрою нексиришт дар пуштаҳои армони миллат тухми садоқат, матонат ва имону ихлоси ватандориву ватанхоҳиро кишт.
Ҳосили аввали ин кишта сабр, таҳаммул, иттиҳод, сулҳ ва якпорчагиро ба бор овард. Ҳама қолабро шикаст. Бо дид ва нигоҳи нав даст бар эъмори бинои нави ормонҳои миллат зад. Ӯ аввалин роҳбари сиёсии кишвар аз замони шӯравӣ то ин замон буд, ки бо мардум пайваст. Вохӯриҳои мунтазам бо мардуми одӣ, гӯш кардани садои қалби ҳазини дардманди заҳматкаши кишвар муҳаббати бепоёнашро миёни мардум даҳчанду садчанд намуд.
Ғамхорӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи мардуми бенаво ва дардманду муҳтоҷ ӯро ба сифати роҳбари воқеии кишвар соҳиби иззату обрӯи зиёд гардонид. Бо аҳли калом, санъат, фарҳанг ва ҳунармандону зиёиёни кишвар дар ҷашну тантанаҳои миллӣ хеле озод ва самимӣ суҳбат кард. Дар ҳалли масоили мубрами фарҳангию маориф он қадар самимона масъалагузорӣ кард, ки шахсиятҳои аввали ин вазоратхонаҳо ҳайратзада мешуданд. Дастгирии хонандагони соҳибистеъдод, ки ояндаи кишвар ба онҳо сахт алоқаманд мебошад, ҳамеша дар мадди назари ӯ қарор дошта, дар деҳа, маҳалла, шаҳрак ва ноҳияҳо шароити таълиму тадрисро мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монд. Ин ҳама заҳмат ӯро миёни мардум соҳиби эътибори хоса гардонид.
Иддае аз кӯрдилон, ки бозичаи дасти душманони марзу буми тоҷик буданд, аз пушти сангарҳои душманӣ, суханҳои носазо ва овозаву буҳтони пур аз ғарази хешро миёни мардум паҳн мекарданд. Ҳасудони сиёсиаш иддае аз гумроҳонро атрофи хеш ҷамъ намуда, пайт меҷустанд, ки сафсатаҳои иғвоангезро баланд намоянду ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бигӯянд, ки Тоҷикистон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хатарзо буда, он бояд аз ҷониби созмонҳои ҷаҳонӣ идора карда шавад. Ин ҳама талоши душманонаи онҳо барабас рафт.
Роҳбари кишвар бо неруи нави созанда, андешаи созандаи миллӣ ва садоқат бар халқу ватани хеш ҷомеаи башариро муътақид сохт, ки миллати тоҷик миллати кишваркушо ва созанда буда, ба соири миллату халқҳои ҷаҳон паҳлу ба паҳлу, бародарвор зиндагӣ намуда, саҳми бузурги хешро дар эъмори ҷомеаи башарӣ хоҳад гузошт.
Таърих, адабиёт ва фарҳанги беш аз даҳҳазорсолаи тоҷик ба ҷаҳониён собит намудааст, ки фарзандони фарзонаи ин миллат, аз қабили Ибни Сино, Закариёи Розӣ, Фирдавсии Тӯсӣ, Носири Хусрав, Шайх Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва Мавлоно Ҷалолиддини Балхиву даҳҳои дигар чароғҳои равшани ҷаҳониён мебошанд. Нури хиради онҳо торикистони соири миллатҳо ва халқҳои ҷаҳонро, новобаста аз мансубияти миллию қавмӣ ва динию сиёсӣ, баробар рӯшноӣ мебахшад.
Нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва иҷтимоӣ нигоҳ доштани истиқлолияти комили давлатӣ буда, заминаи устувор ва пойдории он сулҳу субот ва якпорчагӣ дар кишвар мебошад. Нахустхишти бинои нави муҳташами миллат ин истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар кишвар буд. Роҳбари ҷавон ва хирадманди тоҷик аз рӯзҳои аввали сари кор омадан, моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб, гуфт: «То замоне ки як тоҷики азизи ман берун аз Ватан, дар ғурбату бечорагӣ ранҷ мебарад, ман худро ором ва озод намеҳисобам. Ба Ватан баргардонидани муҳоҷирони иҷборӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишварро вазифаи муқаддаси худ дониста, худро вазифадор меҳисобам, ки ин кори сангинро бо дастгирии бевоситаи мардуми кишвар ба сомон расонам». Ин суханон дар он шабу рӯз дар баҳои хонумон ва хуни поки тоҷик қарор дошт. Ва Худованди бахшандаву меҳрубон садои поки аз танӯри қалби милливу ватанхоҳӣ ба гӯши фариштагон расидаи ӯро шунид. Ормонҳо дар киштзори қалбҳои пок гул карданд. Ҳама ба Ватан баргаштанд. Оғӯши муҳаббат ва бародариву якпорчагӣ ҳанӯз боз аст. Амнияту осудагии кишвар бо мақдами мубораки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар нишони эътиқод ва эътимоди мардуми кишвар ба ояндаи дурахшон мебошад.
Бисёре аз коршиносони масоили сиёсии кишвар бар он назаранд, ки Истиқлолияти давлатӣ моҳи сентябри соли 1991 роҳҳову уфуқҳои нави сиёсиву иҷтимоиро ба рӯи мардум боз кард. Аммо иддае ба он омода набуданд ва ҳамин нашнохтанҳои сиёсӣ боиси сарсониву саргардонӣ ва ба сангарҳо ҷудо шудани мардум гардид. Иддаи дигари коршиносони сиёсӣ бар он назаранд, ки роҳбарияти вақти кишвар аз андеша ва афкори сиёсии мардум фарсахҳо дур буданд. Ва роҳбарияти сиёсии кишвар он замон сиёсат ва амнияти кишварро бар манфиати як гурӯҳи муташаккили сиёсии бозичаи дасти бегонагон равон кардан мехостанд. Чунин назарҳои сиёсии коршиносон даҳҳо рисолаи илмиву амалиро рӯи кор овардаанд, ки барои коршиносон аз манфиат холӣ нестанд. Аммо назари банда ҳамчун як коршиноси мустақили сиёсӣ ин аст, ки бедории миллӣ ва андешаи сиёсии миллӣ оғози солҳои 90-уми садаи гузашта дар Тоҷикистон дар муқоиса ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле пешгомтар буд. Таъсиси бунёдҳо ва созмонҳои фарҳангӣ – иҷтимоӣ аз ҷониби равшанфикрон, шоирону нависандагон, файласуфону таърихшиносон гувоҳи он буд, ки қишри бедордил ва фарҳангдӯсту ватанхоҳони кишвар бехабар аз фитнаи иддае аз диндорони мутаассиб, ки худро бандаи идеоложии аҷнабиёни динфурӯш карда буданд, ин бедории миллии донишмандони кишварро тавонистанд, ба осонӣ мутеи худ гардонанд ва аз онҳо ба хотири манфиатҳои ғаразноки хеш истифода намоянд. Ҳамин тавр, зарбаҳои маргбор бар бунёди фарҳанги миллӣ низ зада шуд. Ҳазорон шукр, ки дар аркони сиёсии кишвар хирадманде аз дудмони Сомониёни бузург сари кор омад ва истиқлолиятро аз вартаи ҳалокати сиёсӣ наҷот бахшид.
Аввалин кору пайкори ин абармарди таърихи сиёсат ва фарҳанги миллӣ соли 1995 таҷлил намудани ҷашни 680-солагии шоир ва файласуфи бузурги Машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар қалби Хатлонзамин, шаҳри Кӯлоби бостон мебошад. Маҳз ҷашни пуршукӯҳ ба ҷаҳониён нишон дод, ки роҳбарияти сиёсии кишвари Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои сиёсии хеш Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдори сулҳу якпорчагии кишвар буда, заминаи бунёди сулҳи тоҷиконро гузошт. Ливои сулҳ ва дӯстиву бародарӣ дар кишвар парафшон гашт. Эътибор ва шаъну шарафи Президенти кишвар, роҳбари сиёсии тоҷикони ҷаҳон мушти маҳкаме бар даҳони ҳарзагӯёни кӯрдил ва ҳасудони сиёсии ӯ буд. Ба ибораи дигар, ӯ Тоҷикистонро аз нав сохт, пораҳоро ҷамъ кард, ҷамъҳоро шамъ кард ва ба қалбҳои хаставу ҳазин тобу тавон бахшид. Ҷаҳониён ӯро ҳамчун муассиси Тоҷикистони нав дар арсаи сиёсатҳои ҷаҳонӣ шинохтанд. Аввалин роҳбари сиёсии кишварҳои тозаистиқлоли ҷаҳон буд, ки аз минбари баланди СММ аз дину фарҳанги хеш бо садои баланд дифоъ намуд. Аз ҷомеаи башарӣ даъват ба амал овард, ки дини мубини исломро ба террорист ва терроризм рабт надиҳанд. Дар он шабу рӯз дифоъ аз арзишҳои милливу динӣ кори осон набуд. Мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ хеле хатарзо буда, марзи Давлати Исломии Афғонистон аз ҷониби бисёре аз гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои террористии ҷаҳонӣ мавриди таваҷҷуҳи кишварҳои абарқудрат қарор гирифта, ин омили номатлуб метавонист кишвари моро ноором созад.
Роҳбари муаззами кишвар борҳо аз мардум ва роҳбарони сохторҳои қудратӣ даъват намуд, ки ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надода, марзу буми хешро дар баҳои ҷони худ дифоъ намоянд. Аммо бо таассуф метавон гуфт, ки баъзе аз гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ зери ниқоби дини мубини ислом бо амри хоҷагонашон миёни мардум таблиғоти хатарзои мазҳабӣ мебаранд, ки оқибати онҳо фоҷиабор мебошад.
Хеле таассуфовар аст, ки бисёре аз ходимони дину давлат зери мафҳуми дини мубини ислом таърихи забту ғорат ва куштори бераҳмонаи арабҳои биёбониро миёни мардум таблиғу ташвиқ менамоянд, ки ин оқибатҳои дарднокеро ба сари миллат хоҳад овард. Он бешарафон манфиатҳои миллию давлатиро зери по гузошта, ифтихори дурӯғин аз ҳоҷӣ, эшон, сайидзода будан доранд. Замоне миёни бархе аз мансабдорони давлатӣ доштани унвонҳои илмӣ ба ҳукми мӯд ва тақлиди кӯр-кӯрона ба охундҳои мансабдори Ҷумҳурии Исломии Эрон даромада буд. Он вақт анқариб навад дарсади вазоратхонаҳои давлатӣ пур аз номзаду докторҳои дурӯғин гардид ва аксари ин мансабдорони соҳибунвон даргоҳи донишгоҳу донишкадаҳоро охурча карда, бо қароҳати зиёд мансабҳои илмиро низ зери по карда буданд. Имрӯз унвонҳои кӯчагии динию мазҳабии аз қабили «сайидӣ», «ҳоҷӣ», «эшон» буданро бо ифтихор касб намуданд. Барои ректор, декан ва мудири кафедраи донишгоҳу донишкада кормандони мақомоти давлатӣ чӣ зарурат дорад, ифтихори дурӯғини кӯчагии «эшон»- у «сайидӣ»-ю, «ҳоҷӣ»? Чаро онҳо бо хирад заковат ва миллатдӯстию ватанхоҳии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки онҳоро ба ин мансабҳои пурифтихори давлатӣ таъин намудааст, арҷ намегузоранду аз пушти кадом як биёбонии бефарҳанг роҳ пеш мегиранд? Оё касе боре аз ин хоҷаву эшону сайидиҳо мепурсад, ки унвонҳои баланди илмӣ, аз ҷумла номзади илм, доктори илм, академик чӣ зарурат дорад ва чаро суиистифода менамоянд?
Хуб мебуд, ки ин «олимони шинохта»-ро аз ин ба баъд мутобиқи рутбаҳои динӣ ва қунияи қавмии арабӣ барои кор ба масҷид бифиристанд. Ин ҷо ҳақ ба ҷониби Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ мебошад, ки хеле хуб фармудаанд:
Як кафш бувад барои як пой,
Як дил нашавад ду меҳрро ҷой.
Пас хуб мебуд, ки ин ҳоҷӣ-докторҳо, ҳоҷӣ-профессорҳо ва ҳоҷӣ-академикҳо даргоҳи пуршарафи мактабу донишкада ва донишгоҳу вазоратҳои кишварро мардонавор тарк намоянд ва ба хотири дастгирии сиёсати хирадмандонаи Роҳбари муаззами кишвар муаззинӣ ва роҳбарии масоҷидро бар дӯш бигиранду кишварро аз хатарҳои глобалии динию мазҳабӣ наҷот бахшанд.
Ҷумъахони Темурзода, шаҳри Душанбе