Истиқлолияти давлатӣ нодиртарин дастоварди миллат аст

№56 (3536) 28.04.2016

373427832 (1)-2Дар таърихи тамаддуни ҷаҳон монанди тоҷик кам миллате дучор мегардад, ки бо вуҷуди ҳуҷумҳои паёпайи аҷнабиён фарҳангу забон ва суннатҳои панҷҳазорсолаашро нигоҳ дошта, худшиносии миллии хешро ҳифз карда бошад. Миллати куҳанбунёду тамаддунсози мо дар тӯли мавҷудият воқеаҳои хурду бузурги сиёсии зиёдро паси сар намудааст, ки ҳар кадом дар марҳилаи худ дорои нақши махсус  ва ибратомӯз аст.

Нодиртарин дастовард дар таърихи навин ноил шудан ба Истиқлолияти давлатӣ мебошад, ки бо заволи Иттиҳоди Шӯравӣ насиби мо гардид. Истиқлолияти давлатӣ саҳифаҳои навину дурахшонро дар ҳаёти сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангии миллати тоҷик боз намуд ва чароғи ҳидояти фардои дурахшони Тоҷикистон гардид. Дар баробари ин, дар назди миллати фарҳангофар масъулияти басо бузург ва дар айни замон пуршараф — ҳифзи манфиатҳои миллӣ, арзиш ва суннатҳои фарҳангӣ, риояи талаботи бунёди ҷомеаи демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро гузошта, бегазанд ба фардоиён расонидани ин рисолати таърихиро тақозо намуд.

Ҳанӯз аз оғоз миллати худогоҳи тоҷик дарк намуд, ки истиқлолиятро соҳиб шудан кам аст, онро ҳамчун арзиши муқаддастарини давлату давлатдорӣ, шарафу номуси ватандорӣ ва ифтихор аз давлату миллати хеш пайгирона бояд ҳифз намуд.

Мутаассифона, ин неъмати бебаҳои таърихӣ рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар сатҳи зарурӣ мавриди қадршиносӣ қарор нагирифт. Талошҳои ғаразноки як зумра ашхоси мансабталаб, дахолати сиёсии неруҳои дохиливу хориҷӣ дар зери ниқоби демократия боиси майдоншиниҳои тӯлонии ғайриқонунӣ гардид.

Шиддати муқовиматҳо буҳрони сиёсӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангиро тезонда, ба фалаҷ гардидани мақомоти ҳокимияти давлатӣ боис гардид ва заминаи пайдоиши гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва силоҳбадастро фароҳам сохт. Ин раванди номатлуб ва барои миллати тоҷик бегона кишвари тозаистиқлолро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида, хисороти калони иқтисодию молиявӣ ва ҷониро ба бор овард.

Гурӯҳҳо ва неруҳои сиёсӣ дарк карда натавонистанд, ки ҳадафу арзишҳои истиқлол аз ғаразу манфиатҳои сиёсӣ ва шахсӣ бартару волотар ва истиқлолият барои сокинони мамлакат арзиши муқаддас ва бебаҳост.

Идомаи муқовиматҳои сиёсӣ метавонист хатари аз байн рафтани давлати тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷикро ба воқеият табдил диҳад. Хушбахтона, дар чунин лаҳзаи ҳассосу тақдирсоз, моҳи ноябри соли 1992, Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки пояи давлатдории навинро гузошт ва  идораи он ба дӯши фарзанди фарзонаи миллат, роҳбари дурандешу сарсупурдаи кишвар Эмомалӣ Раҳмон вогузор шуд.

Натиҷаи кӯшишҳои пайвастаи Сарвари давлат ва ақлу заковати мардуми бонангу соҳибтамаддуни тоҷик буд, ки 27 – уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид.

Бо барқарор гардидани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон Истиқлолияти давлатӣ устувор гардид ва мардум ба ояндаи нек сидқан бовар кард. Ба ин тариқ, барои гузаронидани як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан демокративу ҳуқуқбунёд шароити мусоид фароҳам омад.

Имрӯз мақому манзалати Тоҷикистон дар миқёси байналмилалӣ хеле боло рафтааст. Акнун Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои байналхалқӣ саҳми босазо гузошта, ҳамчун ташаббускор иштироки Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъро баҳри бартараф намудани хатарҳои ҷаҳонӣ таъмин намуда истодааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ, қабл аз ҳама, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳифзи якпорчагии кишвар як қатор чорабиниҳоро, аз қабили азнавсозии сохторҳои низомиву қудратӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ амалӣ намуд.

Дар ин робита, сохтори Вазорати корҳои дохилӣ низ такмил дода шуд. Ба сохтори он Раёсати қӯшунҳои дохилӣ (соли 1993), Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор (1994), Гурӯҳи таъиноти махсуси милитсия (1995), Раёсати бехатарии дохилӣ (1995), Полки хадамоти дидбонию посбонӣ (1996), Раёсати мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккил (1999) ва ғайра илова гардид.

Ҳамин тариқ, заминаи устувор баҳри эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистон ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ гузошта шуд.

Аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон имсол 25 сол пур мешавад. Дар ин муддат мардуми Тоҷикистон ба комёбиҳои бузург ноил гардид, ки сохтмони роҳҳову нақбҳо, пулҳои дохиливу байнидавлатӣ, неругоҳҳои хурду бузурги обии барқӣ, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои гуногуни иҷтимоӣ аз ҳамин зумраанд.

Албатта, дар рӯзгору ҷомеаи мо мушкилоти ҳалталаб ҳанӯз кам нест, вале муҳим он аст, ки мо аз онҳо наҳаросем, ободониву созандагиро дилпурона идома дода, барои пешрафту шукуфоии Ватани азизамон содиқона хизмат намоему истиқлолият ва дастовардҳои онро таҳким бахшида, ҳифз кунем.

Итминони комил дорам, ки мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик таҳти роҳбарӣ ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи  Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ҳалли ҳама гуна мушкилотро пайдо ва бо кору фаъолияти шоиста пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро таъмин менамояд.

 Ҷомии Абдураҳмон, донишҷӯйи Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Россия