Истироҳат бо таҳсил тавъам буд

№97-98 (3398-3399) 23.07.2015

Аз 17 июн то 7 июли соли равон дар деҳаи Корумдуи Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳили зебоманзари Иссиқкӯл бо ибтикори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) истироҳатгоҳи тобистона барои 76 нафар беҳтарин хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ташкил карда шуд.

Дар истироҳатгоҳ хонандагони фаъоли ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ба мукаммалсозии сатҳи дониш фаро гирифта шуданд. Онҳо имкон доштанд, ки дониши худро баланд бардошта, барои дохил шудан ба муассисаҳои  таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ имконоти бештар пайдо кунанд.

Дар ин истироҳатгоҳи хушманзара бо хонандагон чор нафар омӯзгор ва 16 нафар мураббия фаъолият доштанд. Сарвари истироҳатгоҳ Мурзо Каримов иброз намуд: «Ман дар соҳаи маориф дар Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҷрибаи 15-сола дорам. Вале чунин таҷриба бароям бори аввал аст».

Тавре маълум гашт, ҷавонони интихобшуда аз ҷумлаи ҷавонони шоиста ва боистеъдод мебошанд.

Тамоми чорабиниҳо ва таҳсил дар ин истироҳатгоҳ бо забони англисӣ сурат гирифт. Дар ин ҷо асосан ду фан — забони англисӣ ва фанни риёзӣ мавриди омӯзиш буданд.

Иштирокчиён дар як рӯз се соат ба омӯзиши забони англисӣ ва як соат ба омӯзиши фанни риёзӣ машғул буданд.

Ҳангоми суҳбатҳо бо аксари истироҳаткунандагон маълум гашт, ки маҳорати забондонӣ, дониш, малака ва муносибати муаллимаи забони англисӣ Виктория Иваненко ва омӯзгори фанни риёзӣ Бунёд Тусматов хеле баланд аст. Ҷолиб он аст, ки ҳар дарсашон ғанӣ аз навоварӣ асту ҷавонон онро бошавқ меомӯзанд.

Баробари аз худ намудани барномаи таълимии фанни риёзӣ ва забони англисӣ ба ҷавонон муяссар гардид, ки бо ҳамдигар дӯстӣ пайдо карда, бо зиндагӣ, кору фаъолияти ҳамдигар аз наздик ошноӣ пайдо намоянд.

Ш. ШОҲҚОСИМ,«Садои мардум».

Душанбе — Иссиқкӯл – Душанбе