Кабирӣ ва Хуманаӣ ҷудойиандозони тоҷикону эрониён?

№7 (3487) 16.01.2016

Имрўз ҳар тоҷики содиқ ба миллату давлат аз кирдори нодурусти роҳбарони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар муносибаташон бо кишвари мо бетафовут буда наметавонад. Бо як эътирози сахт мехоҳам ба ҷанобон Алии Хуманаӣ ва Ҳасан Рўҳонӣ изҳор кунам, ки шумо аз пушти мазҳабгаройии худ ба муносибатҳои қадимии бародаронаи тоҷикону эрониён, ба таърихи муштараки 7000 — солаи мо доғи сиёҳ гузоштед. Шумо нишон додед, ки ба Тоҷикистон ҳамчун ба як кишвари соҳибистиқлол эҳтиром надоред. Арзишҳои давлатдории тоҷиконро ҳеҷ донистед.

Барои шумо арзишҳои маҳдуди мазҳабиатон болотар аз ҳама муқаддасоти дигар аст. Шиигаройии шумо он қадар дар дилҳоятон таассуб ҷой додааст, ки тайёред ҳар хоини ватанфурўши пайрави ифротии мазҳабатонро болонишин карда, аз дини мубини ислом воситаи ҷудоии эронитаборон бисозед. Акнун фаҳмидем, ки барои чӣ шумо мазҳабгароёни ашад аз зодгоҳи Курушу Дориюш ба он афғонистониҳое ёрӣ мерасонед, ки агарчанде эронитабор ҳам набошанд, пайрави мазҳаби шиа мебошанд. Акнун фаҳмидем, ки барои чӣ шумо ба тоҷикони Афғонистон, ки аз 20 миллион бештаранд ва аз ҳамлаҳои душманони забони форсӣ хору зоранд, кумак намекунед.

Ман ин сатрҳои пур аз гиларо барои он менависам, ки роҳбарони Ҷумҳурии Исломии Эрон, бидуни камтарин эҳтиром ба давлати тоҷикон, шахси ба оромиву осудагии Ватани мо халаловар, хиёнаткоре, ки генерали артиши Тоҷикистонро барои ташкил кардани нооромӣ ва боиси хунрезии тоҷиконгашта, раҳбари ҳизби ба террористӣ гунаҳкор — Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабириро ба расмият ба Конфронси байналмилалии «Ваҳдати исломӣ» даъват намуда, барои суҳбат қабул кардед. Аз ин иқдоми шумо бармеояд, ки ҳар нафари бар зидди оромии мардуми осоиштаи тоҷик силоҳ тайёркарда метавонад ҳамсуҳбати шумо бошад ва шумо хайрхоҳаш бошед?!

Мо аз тариқи расонаҳои хабарии Тоҷикистон ва кишварҳои дигар иттилоъ дорем, ки рўзи 4 сентябри соли 2015 Кабирӣ аз Туркия ба писараш Руҳуллоҳ телефонӣ амр мекунад, ки 800 ҳазор доллари дар сандуқбударо гирифта, аз дасти як ҳаммароми ў 400 ҳазор доллари дигар гирифта, ба дасти ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода бисупорад. Сабти ин гуфтугў низ пахш гардида буд. Рўзи дигар Ҳалим Назарзодаи хоин бо гурўҳи омодагирифтаи яроқдор, бо истифода аз мансаби баланди худ, ба анбори лавозимоти ҷангӣ ворид шуда, силоҳҳои оташнишони зиёдеро мерабоянд. Дар дигар гўшаву канорҳои кишвар сарварон ва фаъолони ҲНИТ бо силоҳ дар ҳолати омодабош қарор доштанд. Хушбахтона, ифротгароёни муттаасиб имкониятҳои неруҳои дар муқобилашон қарордоштаро нодида гирифтанд, зеро ки ғубори таассуб чашмонашонро хира кардааст.

Мо имрўз оҳанги солҳои 90 — уми асри гузаштаро эҳсос мекунем ва зери номи ҲНИТ, ки калимаи «наҳзат» ҷойи намоён дорад, мефаҳмем, ки исломисозони асри XXI мехоҳанд тарзи зиндагии арабҳои 1400 сол пешро, ки шири шутур онҳоро ба воя расондааст ва қоидаи зиндагиашон асримиёнагӣ мебошад, эҳё кунанд. Идеологияи тоталитариро, ки андешаи ғайрро буғӣ мекунад, ҷорӣ намоянд. Ба мо маълум аст, ки сабаби асосии ҷанги худкушии тоҷикон ин муборизаи беамони ду идеологияи тоталитарӣ — идеологияи коммунистӣ бо исломи сиёсӣ буд. Исломи сиёсӣ дар Тоҷикистон нишон дод, ки то қавонини асримиёнагии шариат ҷорӣ нашавад, яъне, дар сари кўчаву хиёбонҳо сар буридану ба дор овехтани дигарандешон меъёри давлатдорӣ нагардад, дастгоҳҳои сиёсии динӣ ҳатто бо ҳаммиллатони худ созиш нахоҳанд кард. Мо инро дар таърихи 25 — солаи муносибатҳои ифротиёну соҳибони андешаҳои дунявӣ пай бурдем. Бо чашми худ дидем, ки 30 фоиз мансабҳои давлативу низомӣ ба уҳдаи мухолифини давлати Тоҷикистон, ки ҳама узви ҲНИТ буданд, гузошта шуда буд. Аммо онҳо, чӣ хеле ки дидем, ба мисли Ҳалим Назарзода ва пеш аз ў дигаронашон, тоқати сохтори давлати дунявиро надоштанд. Мо дар бораи оҳангҳои нохуши солҳои 90 — уми асри гузашта сухан гуфта, ба хотир оварданием, ки баъзан оҳангҳои нохуше дар он солҳо аз самти Ҷумҳурии Исломии Эрон низ мерасид. Яъне, наҳзатиҳои он солҳо балегўёни худро дар Эрон ҳам доштанд, дар кишварҳои арабӣ ҳам ва аҷибаш он аст, ки дар Америкаву Европа низ. Онҳо барои пурра шикаста несту нобуд кардани режими коммунистӣ тайёр буданд, сарфи назар аз мазҳабу миллату забон, бо ҳам ошиқу маъшуқ гарданд.

Дарвоқеъ, барои шикастани режими шоҳӣ, ки ба авҷи тараққиёти илмӣ — техникӣ расида буд ва ду — се даҳсолаи дигар Эронро ба як кишвари пешрафтаи ҷаҳон табдил медод, аз роҳи ба сари қудрат овардани таассубгароёни мазҳабӣ, ҳам Европа дар симои Франсия ва ҳам Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шўравии Сотсиалистӣ ҳаммаслак шуданд. Тавонистанд, ки Эронро ба 50 соли дигар ба қафо партоянд. Дар натиҷаи инқилоби сохтакоронаи империалистони Ғарб беҳтарин истеъдодҳо Эронро тарк карда, ба Америка, Европа ва Австралия фирор карданд. Эроне, ки мошинсоз шуда буду ба воситаи ривоҷи туризм ҳоло яке аз бойтарин мамлакатҳои ҷаҳон мебуд, тамоми ҳастиву ҳавсалаи мардумонашро барои ҳиҷобпўшии духтарон ва шиимазҳаб кардани мусалмонон сарф мекунад. Мардуми эҷодгар, андешаманд ва пешрави Эрон маҷбур аст, дар ғурбат аз ватани худ шеъру тарона, мусиқӣ эҷод ва андешаи озоди худро баён кунад. Чанд сол пеш ситораи ҷаҳони ҳунар Гугуш, булбули ягона Шаҷариён, Эронро тарк карданд, зеро дар фазои гулўгири тоталитарӣ озодандешон наметавонанд нафас бикашанд.

Кӣ гуфта метавонад, ки дар кадом кишвари режими ҳукмфармои исломӣ одамон хушбахтона машғули кору зиндагӣ мебошанд? Магар дар Ҷумҳурии Исломии Покистон? Ё Ҷумҳурии Исломии Афғонистон? Дар ин ҷумҳуриҳо ҳар рўз даҳҳо одамони бегуноҳ аз дасти террористон кушта мешаванд. Дар ин кишварҳо яке омода аст гулўи дигареро бибурад, то исбот кунад, ки ў мусалмони  ҳақиқӣ аст, на ту. Мо, тоҷикон ҳеҷ вақт намехоҳем ҳаёти осудаи худро ба кишвари ришдарозони салладори калашников дар даст иваз кунем.

Шумо ифротгароёни мазҳабӣ агар ҷайбҳои Кабирӣ барин хоинони миллатро пур аз тиллову доллар кунед, аз дандонҳояш шамшер бисозеду дар тайёраҳои бомбаафкан ҳам савораш кунед, мардуми тоҷик намегузорад, ки сояаш дар сарзамини муқаддаси мо пайдо шавад. Дониста монед, ки Кабирӣ ба шумо доимо ҳисоботи дурўғ медод, ки сафи аъзои ҳизби исломиаш рўз ба рўз меафзояд. Дар асл 400 – 500 нафар тоҷикони зархариди маошхўрро намоиш медоданд, ки  бо ҳар кадоме аз инҳо гўё ҳазорони дигар ҳамсафанд.

Фазои ғуборолуду бадбўйи солҳои навадуми асри гузашта дар Тоҷикистони мо дар муборизаи ифротгароёни муосир барои ришмонӣ, сатрпўшонии занон бо шеваи кишварҳои Арабистони Саудӣ ва Эрон, дар муътабар донистани каллаварамҳое, ки тамоми хазинаи донишашон иборат аз 10 -20 ояти Қуръон бештар намебошад, дар ҷорзаниҳои доимии хурофотпарастон, ки «ислом хор шуд», дар сохтмони масоҷид дар сари ҳар кўчаву паскўча, мудохила кардан ба ҳар соҳаи зиндагонии мардумон, тарзи давлатдорӣ ва мисли он амалҳои ҷудоиандози ҷомеаи тоҷикон намудор аст.

Кабирӣ ва хоҷагони хориҷии ў фикр мекунанд, ки аз солҳои хунини 1992 – 1995 Тоҷикистон бештар аз 20 сол гузаштааст ва дар ин муддат насли нави тоҷикон ба воя расидаанд, ки метавонанд бидуни таҳаммул ба даъвати онҳо ҷавоб дода, ба даст аслиҳа гиранд. Бехирадии Кабирӣ ва ҷаҳолати ифротгароёни мазҳабӣ дар он аст, ки ҷавонони тоҷикро наомўхтаанд. Суханбофии чанд иншогарони ҷавони фейсбукиро мисол оварда, якеро сад нишон медиҳанд. Хандаовару аблаҳӣ мебошад, ки Кабирӣ ҳамроҳ бо тарафдорони ҳизбаш Ҳукумати Тоҷикистонро дар воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳон маломату сарзаниш карда, ба буғӣ кардани демократия ва дигар арзишҳои давлатҳои демократӣ айбдор карданӣ мешаванд, вале аз мақсади худашон гап задан намехоҳанд. Бубинед он демократҳои исломии фиребгарро, ки гуфтанианд: «Шумо ҳукуматдорони Тоҷикистон моро бигзоред, ки дар кишвар инқилоб карда, 600 – 700 ҳазор мухолифони режими исломиро ба қатл расонем, 600 – 700 ҳазори дигарро дар кишварҳои бегона гурезаву паноҳанда кунем, миқдори дигареро дар зиндонҳо биншонем ва шариатро ҷорӣ карда, демократияро дар ҷаҳон эълон намоем».

Чӣ хеле дар боло гуфта шуд, ҳолатҳое мешаванд, ки ба ҳамкории даррандагон дар бешазор монанданд. Барои аз по афтондани қурбонии худ дар бисёре аз мавридҳо даррандагони бо ҳам душман ба якдигар кумак мерасонанд, вале баъди аз по афтондани қурбонӣ, даррандагон ба ҳамдигар дармеафтанд. Ҳамон тавре ки Америка ва Франсияву Иттиҳоди Шўравӣ барои аз тахт афтондани шоҳи Эрон ҳамкор буданд, вале пас аз ғалаба ба якдигар душмании худро намоён сохтанд. Ҳоло Америка дар қаламрави кишварҳои арабӣ ДОИШ бунёд кардааст ва шарикони ў -Туркия ва Арабистони Саудӣ дар зоҳир бо ДОИШ меҷанганд ва се – чор сол пеш ташкилоти байналмилалии САҲА ҳам худро ҳомии исломисозии ҷаҳон тарошида, ҳизби Кабириро ҳимоя кард ва ҳай оби чашм рехт, ки ҳуқуқҳои ин ҳизби бечораи диниро поймол мекунанд. Пас аз фирор Кабирӣ дар Туркия паноҳ бурда, ба Конференсияи байналмилалии Теҳрон, бо номи «Ваҳдати исломӣ», аз он ҷо омад. Тавре мушоҳида мешавад, дар байни Кабирӣ, Хуманаӣ, Обама, Эрдуғон ва сарвари ташкилоти  САҲА ҳатман кадом ҳамфикрие вуҷуд дорад. Ё ҳамаи онҳо демократипарвари ашад мебошанд, ё институти нави давлатдорӣ –демократияи исломӣ месозанд. Масалан, Афғонистонро дар он сурат мешавад, ки Ҷумҳурии Демократии Исломии Афғонистон ном ниҳод.

Мехоҳам дар хотима ба роҳбарони кишвари Эрон бигўям, ки ба ваҳдати исломӣ расидани мусалмонони ҷаҳон амри маҳол аст, аммо аз даст додани ягонаандешии форсигўён баробари барбод додани асолати эронии мардуми Эрон хоҳад буд.

Зафари МИРЗОЁН