Кабирӣ зери доираи кӣ мерақсад?

№6 (3486) 13.01.2016

Роҳбари ҳизби террористӣ ва экстремистии кишвар — Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, ки тӯли чанд муддат аз назарҳо дур буд ва ҳатто ҷойи иқоматашро аз ҳамагон пинҳон медошт, якуякбора бо ҳайати ҳамроҳаш барои ширкат дар 29-умин Конфронси байналмилалии «Ваҳдати исломӣ» вориди шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон шуда, дар ҳошияи ин конфронс бо шуморе аз роҳбарони ҷаҳони ислом дидор ва гуфтугӯ карда, бо аксар созмону муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ барои ҳамкорӣ бо наҳзат ва шиносонидани он ба ҷамъият мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқоти бо ашхоси гуногунсоҳаи эронӣ доиргашта Кабирӣ перомуни ҳизби ифротгарояш сухан карда, бо самимияти хос аз эрониҳо изҳори қаноатмандӣ менамояд, ки дар ҳар давра, дар ҳар  вақту замон, чӣ дар гузашта, чӣ имрӯз, махсусан дар давраи барои ҳизби ифротгаро душвор ба наҳзатиҳо кумак расонид. Ин сипосгузории Кабирӣ танҳо ба хотири дастгирии эрониҳо аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст, чунки роҳбарону аъзои гурезаи ҳизби мазкур дар охири садаи XX ва ибтидори асри XXI дар Ҷумҳурии Исломии Эрон маскан гирифта буданд ва имрӯзҳо низ ба ин кишвар паноҳ бурдаанд ва бо ҳар роҳу восита ба эшон аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон дасти ёрӣ дароз карда мешавад. Ҳатто худи Кабирӣ борҳо зикр карда буд, ки аксари роҳбарони наҳзат дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ фирорӣ шуда, ба Ҷумҳурии Исломии Эрон омадаанд. Дар замони муқовимат низ роҳбарияти наҳзат дар Ҷумҳурии Исломии Эрон сукунат мекард. Қаноатмандии ӯ танҳо ба хотири он аст, ки наҳзатро дар он кишвар ҷонибдорӣ мекунанд ва ҳар чӣ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мехоҳад, барои онҳо муҳайё месозанд. Аммо зери ҳар мулоқоти Кабирӣ бо ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон нимкосае ҳаст. Ҳоло ин нимкосаро аксар касон дарк кардаанд.

Ҳадафи иштироки Кабирӣ дар ин конфронс як чиз аст: вохӯрию мулоқот бо созмону ҳаракатҳою ҳизбҳо, то тавонанд ба ҳизби ифротгаройи наҳзат кумаке кунанд, махсусан дар ҳамин сол. Чунки дар Тоҷикистон воқеаҳое шуда гузаштанд, ки ғайричашмдошт ва ғайриинтизор буданд ва мавқаи наҳзатиҳо баръало намудор аст.

Иштироки роҳбари Ҳизби ифротии наҳзати исломии Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии «Ваҳдати исломӣ» бори дигар нишон дод, ки кадом ҷониб дӯст асту кадом ҷониб дӯсти зери ниқоб. Барои ҳамин ҳам Кабирӣ худро ба дари «дӯстони мо» зад, то ёридиҳандаву хайрхоҳонаш бори дигар ӯро раҳнамун шаванд. Инро ҳама медонанд ва дар хотир доранд, ки роҳбарони қаблии наҳзат бо ҳамин роҳ амал мекарданд ва бо кумаки ҳамин гуна «дӯстон» давлатро табоҳ намуда буданд.

Маълум мегардад, ки мулоқоти ҷонибҳо, ки саропо дар хусуси наҳзат ҷараён гирифт, аз наҳзат — як неруи иртиҷоӣ ва ақибмонда, як қувваи бонуфуз созанд. Мо огоҳ ҳастем, наҳзатиён ба чӣ корҳо машғуланд ва ба гуфтан ниёз надорад, вале амали «дӯстон»-и мо, ки созмони дар Тоҷикистон ҳамчун ҳизби террористӣ — экстремистӣ шинохташударо ҷонибдорӣ ва раҳнамоӣ мекунанд, боиси таассуф ва нигаронии хеле ҷиддӣ аст.

Дарвоқеъ, Ҳизби ифротии наҳзати исломии Тоҷикистон аввали солҳои навадуми асри  гузашта ба раванди сиёсии ҷомеа ворид ва сабабгори задухӯрдҳо шуд ва ниҳоят, ба қудрат расид, вале барои ободии ҷомеи харобкардааш кореро ба сомон нарасонд. Ҳоло дубора мехоҳад, ки ҷамъияти оромро ба бесарусомониҳо тела диҳад.

С. Ориёнфар