Китобе, ки олимони Олмонӣ камназир арзёбӣ карданд

№37 (3987) 04.04.2019

Он «Рушди эроншиносӣ ва тоҷикшиносӣ дар таърихнигориии Аврупо» ном дошта, доктори илмҳои таърих Санавбарбону Воҳидова дар он фаъолияти марказҳои шарқшиносии Аврупо (пеш аз ҳама, Олмон, Австрия, Швейтсария), ки ба омӯзиши масъалаҳои шарқшиносӣ, забон ва адабиёт, таҳқиқоти фарҳангӣ ва сиёсӣ машғуланд, инъикос намудааст. Муаллиф солҳои зиёд дар марказҳои ховаршиносии Берлин, Лейпсиг, Хелле Виттенберг, Гётинген, Гамбург, Бонн, Бамберг, Краково масоили зикршударо мавриди таҳқиқ қарор дода, дар давоми таҷрибаомӯзии илмӣ дар Китобхонаи давлатии Берлин, Академияи илмҳои Бренденбург, Китобхонаи ҷаҳонии Готта, Академияи илмҳои Австрия, яке аз қадимтарин донишгоҳҳои Олмон — Карл-августи Гётинген тавонистааст, ки  манобеи мукаммали илмиро дарёфт намояд.

Муҳимияти китоб дар он зоҳир мегардад, ки муаллиф таҳлил ва баррасии таърихнигорӣ ва манбаъшиносӣ, тавзеҳот доир ба нусхаҳои хаттӣ, саҳми ховаршиносони Аврупоро дар сатҳи хубу сифати баланд ба сомон расонидааст.

Дар китоб қайд гардидааст, ки дар шинохти олами Ғарб саҳми шарқшиноси маъруфи олмонӣ, яке аз асосгузорони мактаби эроншиносии Донишгоҳи Берлин Г. Г. Юнкер беандоза аст. Ҳамчунин, мафҳуми асарҳои олимони аврупоӣ доир ба тафсири «Авесто» хуб арзёбӣ гардидааст. Дар пажӯҳиш эҷодиёти Абулқосим Фирдавсӣ, ки аз ҷониби ховаршиносони аврупоӣ таҳқиқ гардидааст, бисёр ҷолиб дарҷ ёфтааст, ки ин инъикосгари тамаддуни баланди Шарқ маҳсуб меёбад. Ҷолиб он аст, ки дар Олмон 50 шакли тарҷумаи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ мавҷуд аст.

Муаллиф хеле пурмуҳтаво ва возеҳ тарҷумаҳои «Шоҳнома»-ро нишон додааст, ки дар пажӯҳиши олими намоё­ни Олмон Генрих Шедер зикр шуда, ба ақидаи муаллиф қуллаи баланди фалсафиро касб намудаанду қарни зиёд василаи ба ҳам наздик намудани қавму миллатҳои гуногун гардидаанд.

Муаллиф бар он ақида аст, ки нахустин кӯшишро баҳри муаррифии шеъри форсӣ-тоҷикӣ дар Аврупо сайёҳ ва дипломати Олмон Адам Олеариус анҷом додааст.

Дар китоб таърихи фарҳанги мардуми Осиёи Марказӣ дар асарҳои Бурхард Брентес, «Таърихнигорӣ доир ба муносибатҳои фарҳангии Эрону Турон», «Фазои фарҳангии замони Сафавиён дар таърихнигории олмониён», нуктасанҷона таҳқиқ гардидаанд.

Дар боби чоруми китоб дар бораи таҳқиқот бо забони олмонӣ доир ба намояндагони барҷастаи адабиёти тоҷику форс (Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Носири Хисрав, Хайём, Ҳофиз) ва таъсири мероси онҳо дар адабиёти олмонизабон, хусусан Ҳофиз ба Гёте маълумоти ҷолиб ва қобили қабул оварда шудааст.

Ба муаллиф муяссар шудааст, ки хидмати бузурги Анна Мари Шиммел ва мақоми Мавлоно Румиро дар  адабиёти тоҷику форс (179-186) моҳирона арзёбӣ намояд.

Таҳқиқоти Санавбарбону Воҳидова нишон медиҳад, ки дар кишварҳои олмонизабон (Олмон, Австрия ва Швейтсария) таваҷҷуҳ нисбат ба мардуми Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон, заиф нагардидааст.

Дар китоб усулҳои анъанавии, таҳлилӣ, муқоисавӣ ва усулҳои тадқиқотӣ бомуваффақият истифода шуда, аҳамияташ дар он аст, ки бо сабку услуби хос иншо гардидааст.

Маълумоти он метавонад дар ташкили корҳои муштарак баҳри омӯзиши таърихи фарҳанги халқи тоҷик ва дигар форсизабонон ва курсҳои лексионӣ оид ба мушкилоти гуногуни таҳқиқоти эроншиносӣ, тоҷикшиносӣ, истифода шавад.

Ба китоб узви чандин Шӯрои илмии кишварҳои Итолиёву Олмон ва Амрико, иҷрокунандаи директори Институти шарқшиносӣ ва илмҳои Осиёи  Донишгоҳи Бонн, профессор Штефан Конорман ва профессори ҳамин донишгоҳ Ева Ортман баҳои баланди илмӣ додаанд ва зикр кардаанд, чунин китоби пурарзишу мукаммал ҳатто дар Олмон камназир аст.

Ниёз МИРЗОЕВ, профессор