«Китобхонаи сайёр» дар сафар

№89 (3569) 12.07.2016

Бо омадани Насиба кори китобхонаи «Қиблаӣ» ранги дигар гирифт

IMGКитоб сарчашмаи илму дониш ва гавҳари қиматбаҳои фарҳангу хирад ба шумор меравад.  Ин аст, ки дар ҳама давру замон ба китоб таваҷҷуҳи махсус зоҳир  гардида, имрӯз низ ин  анъана ҷойгоҳи  махсуси худро дорад.

Китобхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ шуҳрати пештараи худро аз даст дода бошад ҳам, тӯли солҳои охир дар ин махзани маърифат як қатор беҳбудиҳо ба амал омад. Дар китобхонаи деҳоти «Қиблаӣ»-и ноҳия, ки қисми таркибии он ба шумор меравад, давоми се- чор соли охир, баъди мудири китобхона таъин гардидани Насиба Турдиева, фаъолият ранги дигар гирифт.

- Дар навбати аввал китобхонаро аз чангу хок тоза карда, китобҳоро тибқи низоми китобдорӣ, ба феҳрист дохил кардем, то ин ки хонанда тавонад онро зуд дастрас намояд, — иброз дошт зимни суҳбат раиси Ҷамоати деҳоти «Қиблаӣ» Алӣ Дилшодов ва афзуд: — То ин дам аз китобхона адабиёти заруриро дастрас кардан имконнопазир буд. Барои ислоҳи ин вазъ якҷо бо мудири китобхона ба роҳбарони муассисаҳои таълимии деҳот ва сокинони деҳаҳо муроҷиат кардем. Айни ҳол фаъолияти китобхона мунтазам буда, дар хазинаи он 5472 нусха китоб мавҷуд аст, ки 4484 нусхааш бо забони русӣ, боқӣ бо забони тоҷикӣ мебошанд. Китобҳо аз рӯи соҳа ҷойгир  шудаанд, ки  ҳар нафаре ба ин ҷо ояд, китоби заруриро бе мушкилӣ пайдо менамояд.

- Барои ҷалби хонандагон ба китобхонӣ нақшаи махсус тарҳрезӣ шудааст ва мувофиқи он чорабиниҳои гуногун баргузор менамоем. Шояд афзоиши сафи хонандагони фаъоли китобхона дар ҳамин бошад, ки шумораашон имрӯз ба 500 нафар расидааст, — мегӯяд мудири китобхона Насиба Турдиева.

Яке аз мушкилиҳои асосии китобхона танг будани он ва надоштани  толори хониш мебошад. Роҳбарияти ҷамоат барои беҳтар гардонидани шароити китобхона ба роҳбарияти ноҳия ва китобхонаи марказии ноҳия муроҷиат карданд. Ин дархост ба хушнудӣ пазируфта, тасмим гирифта шуд,  ки барои бунёди китобхонаи наву замонавӣ нақшаи сохтмони он тарҳрезӣ гардад.

Бо дарназардошти он ки деҳаҳо аз ҳам дар масофаи дур  ҷойгиранд, мудири китобхона ва роҳбарияти ҷамоат тасмим гирифтанд, ки барои дастрасии мардум дар оянда «Китобхонаи сайёр» ташкил менамоянд.

 Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»