Конференсияи байналмилалӣ дар Донишгоҳи омӯзгорӣ

№39 (3185) 18.04.2014

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Омӯзиш ва рушди барномаҳои таълимии ихтисоси менеҷмент дар мамолики Осиёи Миёна дар заминаи лоиҳаи TEMPUS» тайи се рӯз идома ёфт. Дар он намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, таълимгоҳҳои олии кишвар,  меҳмонон аз макотиби олии ҷумҳуриҳои Олмон, Ирландия, Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайра ширкат доштанд.

Тавре ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ, академик Абдуҷаббор Раҳмонов, иброз намуд, зимни  конференсия, дар ҳамдастӣ бо комиссияи аврупоии TEMPUS, масоили зиёде баррасӣ гардида, ҳалли мусбати хешро ёфтанд. Конференсияи мазкур барои рушди ҷанбаҳои гуногуни соҳаи маориф мусоидат намуда, аз ҷиҳати илмию назариявӣ манфиатовар мебошад ва равобити дӯстиро миёни иштирокдорон тақвият хоҳад дод.

Дилором ШЕРАЛИЕВА,  «Садои мардум»