Конференсияи магистрантҳо ва олимони ҷавон

№46 (3192) 08.05.2014

Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани малакаю дониши ҷавонон иқдомоти назаррас амалӣ карда мешавад. Дар ин робита Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалб намудани магистрҳо, магистрантҳо ва олимони ҷавон ба корҳои илмӣ 29 апрели соли равон конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявиро дар мавзӯи «Масоили баланд бардоштани нақши ҷавонон дар рушди идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ» баргузор намуд.

Конференсияро ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Ш. Розиқзода оғоз намуда, суханони худро бо истинод аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: «… тарбияи ҷавонон ва занону духтарони болаёқат ва ҷалби ҳар чӣ бештари онҳо ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ минбаъд боз ҳам тақвият дода мешавад» таҳким бахшид. Сипас, таваҷҷуҳи аҳли нишастро ба паҳлуҳои ҷалби ҷавонон ба идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ равона намуд.

Баъдан мушовири ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Ш. Ҳакимзода ва муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Аюбӣ суханронӣ карда, дар атрофи ин мавзӯъ ибрози назар намуданд.

Дар кори конференсия беш аз 150 нафар намояндагони мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои илмӣ, магистрҳо, магистрантҳо ва олимони ҷавон ширкат варзиданд, ки беш аз 30 нафари онҳо атрофи масоили ҷавонон маърӯзаҳо намуданд. Маърӯзаҳои онҳо масоили мубрами ҷавононро дар бар гирифта, таҳти унвони «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — таҳкимбахши нақши ҷавонон дар ҷомеа», «Таҷассуми масоили ҷавонон дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши ҷавонон дар идораи давлат», «Ифтихори давлатдорӣ ва ҷавонон», «Нақши ҷавонон дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ», «Таҳкими тарбияи меҳанпарастии ҷавонон дар замони истиқлол ва идоракунии давлатии равандҳои муҳоҷирати меҳнатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва амсоли онҳо ба ҳозирин пешниҳод гардид, ки атрофи онҳо баҳсҳои доманадор сурат гирифт.

Дар конференсия як қатор мавзӯъҳо вобаста ба мушкилот ва дурнамои хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳу усулҳои истифодаи таҷрибаи кишварҳои дигар дар хизмати давлатии ватанӣ ва бо ин роҳ баланд бардоштани самаранокии хизмати давлатӣ таҳлил шуданд. Зикр кардан бамаврид аст, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани неруи зеҳнии магистрантҳо ва олимони ҷавон басо муфид мебошад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ аз ҷониби иштирокчиён як зумра мақолаҳо вобаста ба масоили такмили низоми идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки онҳо дар маҷаллаи илмӣ-сиёсии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп хоҳанд шуд. Тавсияҳои пешниҳодшуда ба мақомоти ваколатдори давлатӣ пешниҳод гардиданд ва умед аст, ки ба инобат гирифтани онҳо дар самти баланд бардоштани самаранокии низоми идораи давлатӣ аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

С. ГАДОЕВ, роҳбари магистратураи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон