Корхонаҳои маҳаллӣ фаъол мешаванд

№ 09.07.2016

Масъулони шуъбаи маориф ва падару модарони хонандагон ба қароре омаданд, ки баҳри фаъол гардонидани корхонаҳои дӯзандагии шаҳри Кӯлоб либосҳои ягонаи мактабиро маҳз дар корхонаҳои маҳаллӣ фармоиш диҳанд.

Сарварони 35 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияи Кӯлоб бо корхонаҳои дӯзандагии ҶДММ «Кооператор», ҶДММ «Мунаввар-М», ҶСК «Пойафзол», ҶДММ «Зархам» ва ҶДММ «Ҷомӣ» барои 8531 адад сару либоси ягонаи мактабӣ шартнома бастаанд. Аллакай як қисмати либосҳои ягонаи мактабӣ омода ва ба ихтиёри фармоишгарон вогузор гардидааст.

Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»