Матбуоти маҳаллӣ, публитсистика, ҳолат

№31-32 (4771-4772) 11.03.2024

Бидуни тай кардани майдон ва мактаби матбуот ба қуллаҳои камолоти эҷодӣ наметавон расид. Дар баробари ин, матбуот таҳрикбахши навъҳои мухталифи эҷод ба шумор рафта, дар ин роҳ муаррифгари чеҳраҳост. Пайдоиши матбуоти даврӣ барои таҳаввули шаклҳои нави осори публитсистӣ замина фароҳам овард, ба доманаи мавзуот ва пахши публитсистика вусъат бахшид. Публитсистика имкони бештари нумӯъ ва тарғибу ташвиқро пайдо карда, ба навъи муҳими таъсиррасони афкори омма табдил ёфт.

Дар баробари дигар навъҳои публитсистика (китобию шифоҳӣ) мафҳум ва ифодаи публитсистикаи матбуотӣ маъмул гардид. Агар замоне адабиётшиносон публитсистикаро ҳамчун жанр баррасӣ намуда бошанд, муҳаққиқони соҳаи журналистика собит сохтаанд, ки публитсистика навъи махсуси эҷод буда, жанрҳои ҷудогонаи худро дорад ва онҳо дар майдони матбуот дар қолаби «сабки публитсистии рӯзномавӣ» ташаккулу таҳаввули назаррас дидаанд. Тавассути матбуот публитсистика дар ҳар гуна ҷомеа, новобаста ба хусусияту таъиноти он, аз ҳастии худ дарак медиҳад.

Дар таърихи публитсистикашиносии тоҷик асари «Публитсистика ва назми устод С.Айнӣ» яке аз нахустин таҳқиқҳоест, ки пажӯҳиши публитсис­тикаи матбуотии адибро дар қиёс бо нашри китобию матбуотӣ ба роҳ андохтааст. Баъдтар, ин анъанаро муҳаққиқони дигар идома дода, самти хоси пажӯҳиши публитсистикаи матбуотиро ба вуҷуд овардаанд. Ба ин ваҷҳ публитсистикаи саҳифаҳои матбуоти марказӣ то андозае таҳқиқдида аст. Дар омӯзиши публитсистикаи матбуоти маҳаллӣ, ин доира ниҳоят маҳдуду ночиз буда, танҳо дар қайдҳои алоҳида ба ин нукта ишора меравад. Публитсистикаи матбуоти маҳаллии даврони шуравӣ ғановати баланд дошт. Махсусан, аз солҳои ҳафтодум то барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ. Ин ба он ваҷҳ буд, ки дар ихтиёри омма танҳо чанд расона қарор мегирифт. Аз саҳифаҳои он образҳои мухталифи фаъолу ибратомӯзро пайдо кардан мумкин аст, ки дар қолабу доираи хос мухолифат ва муборизаҳои синфию иҷтимоии даврони гуногунро фаро гирифта, дар ҷаҳонбинию ақоиди сиёсӣ, донишҳои фалсафию ахлоқӣ ва фарҳангию адабии муаллифон бозгӯкунандаи моҳияти ҳаёт гардидаанд. Ин ҷиҳат ба он вобаста аст, ки публитсистика мавзуоти ҳозиразамонро бештар меписандад.

Публитсистикаи бадеии матбуоти маҳаллӣ нахустзинаи эҷоди аксар адибони шинохтаи кишвар ҳам ҳаст. Муҳити чунин нашрияҳо ба минбару маркази таҷаммӯи адибону эҷодкорони маҳаллӣ табдил ёфта, публитсистону адибони ҷавон мақому ҷойгоҳи худро дар ҷумҳурӣ ба воситаи ин минбар соҳиб мегардиданд. Ба ақидаи яке аз аввалин муҳаққиқони матбуоти маҳаллии тоҷик (то андозае самти публитсистикаи матбуоти маҳаллӣ — Қ.Б.) Ғ. Ҳайдаров ва С. Абдуллоев, нақши ин гуна матбуот дар тарбияи адибону шахсиятҳои маъруф ночиз нест ва ҳамин аст, ки шахсиятҳою адибони тавоно Б.Ғафуров, М.Турсунзода, З.Ра­ҷабов, Ҳ. Карим, Р. Ҷалил, М. Аминзода, Т. Усмон матбуоти маҳалро тарбиятгари аввалини худ донистаанд.

Таҳқиқи публитсистикаи бадеии ин нашрияҳо бозгӯи он аст, ки матбуоти маҳаллӣ мактаби камоли адибонест, ки ашъорашон мухлисону ҷонибдорони зиёд доранд. «Нахустин шеърҳои Фарзона дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» соли 1982 дарҷ гардидаанд» — гуфтани собиқадорону пажӯҳишгарони нашрияи «Ҳақиқати Суғд» далели он аст, ки адибони ҷавон, маҳз дар чунин нашрияҳо ошёни парвозро пайдо кардаанд. Аз ҷумла, қаламкашони шинохта Ибод Файзулло, Лутфӣ Саид, Додохони Эгамзод, Насрулло Асадулло, Муҳиб Қурбон, Саъдуллоҳи Мусо, Абдусалом Атобоев… аз «мактаби эҷодӣ»-и матбуоти маҳаллӣ баҳра бурдаанд.

Имрӯз бо назардошти маҳдудият­ҳои табъу нашр ва тираж дар рӯзномаи маҳаллӣ бештар публитсистикаи сиёсию ахборӣ рушд кардааст, ки резакориҳои эҷодии маҳдудтар доранд. Ин омил ба сабқату рақобати васоити электронии ахбор ва матбуот низ вобаста аст, ки баъзе арзишҳои ҳунарӣ аз байн рафта, ҷои онро «таҳаввулоти ахборӣ ва маълумотӣ» гирифтааст. Дар бораи аз байн рафтани публитсистикаи анъанавӣ муҳаққиқ А.Саъдуллоев ҳанӯз дар соли 1999 андеша дошт, ки «…иддае аз жанрҳо ниҳоят зиёд шудаанд. Бахусус мусоҳиба… Меоем ба мавзуи жанрҳои бадеӣ-публитсистӣ. Иқрор мешавем, ки ин жанрҳо мавқеашонро гум кардаанд». Муҳаққиқи дигар И.Усмонов низ ақида дорад, ки «очерк, фелетон, памфлет, эссе барин жанрҳое, ки ақл, маърифат ва заҳмати нигорандагиро тақозо доранд, гум шудаанд», ки чунин хислат барои матбуоти маҳаллӣ низ истисно нест. Ақидаи муаллифон саҳеҳ аст. Ду андешаи боло аз ҷониби онҳое баён гардидааст, ки солҳои зиёд бо матбуот ҳамкориҳои пайваста доштанд.

Дар шароити дигаргуншавии сохти иҷтимоӣ ва таҳаввулоти техникии асри нав заъфи тавлиди жанрҳои очерку лавҳа дар матбуот (махсусан матбуоти маҳаллӣ) ба вуҷуд омад, ки дар маркази он инсони намунаву бунёдкор қарор мегирифт. Замоне тарғиби чунин симоҳо маънавиёти ҷомеаро баланд мекард. Ҳоло публитсистикаи образдор дар баробари «журналистикаи ахборӣ», «журналистикаи муаллифӣ» ва «журналистикаи таҳлилӣ» дар як навъ рақобат қарор дорад. Ҳамин аст, ки феълан публитсистикаи матбуоти маҳаллӣ аз унсури таҳлили ахбор ба таври густурда кор мебарад. Рӯҳияи адабиву бадеӣ андаке канор монда бошад ҳам, аммо чун як рисолат хосияти фалсафии ин навъи публитсистика боқӣ мондааст.

Публитсистика бо адабиёт ҳаммарз аст ва матбуоти маҳаллӣ низ ба сифати зинае, ки ба майдони адабиёт ворид шудан мумкин аст, дар давраҳои муайян мусоидат намудааст. Матбуоти маҳаллӣ публитсистикаро дар саҳифаҳои худ ҳамеша нигоҳ дошта, бо марзу уфуқҳои нисбатан маҳдуд (ҳаҷми кӯтоҳ, сужаи мухтасар, образҳои сарироҳӣ, фаъолмандии муаллифӣ ва ғайра) дар афкори ҳамзамонон таъсири доимиву оҷилӣ гузоштааст. Аз ин ҷиҳат, публитсистика дар муҳити маҳал бо назардошти моҳияти ахлоқию тарбиявӣ, таъсир расондан ба равандҳои сиёсию иҷтимоӣ, ба вуҷуд овардани робитаҳову муаррифиҳо ва даъвату шиорпартоиҳо мавқеи худро торафт устувортар сохтааст.

Дуруст аст, ки адиб, публитсист ва умуман, эҷодкор нусхабардори ҳаёт нест ва дар заминаи идроки хос воқеаро он тавре пешниҳод менамояд, ки барои хонанда таъсирбахш бошад. Яъне, сухану бардошту тасвир ва пешниҳоди адиб як олами мутафовут мебошад. Дар ин самт беш аз ҳама образҳо кумак мерасонанд. Муаллиф ба воситаи образи манфӣ падидаву ҷузъиётеро инкор намуда, тавассути образи мусбат тасдиқу исботи худро дар мавриди ҷанбаи нек баён менамояд. Дар публитсистика образи манфӣ (памфлет, фелетон) барои муаллиф сангари ихтилофу маҳкум карданҳо ва образи мусбат (очерку лавҳа) идеали марказӣ дар тарғиби ҷиҳати мусбат ба ҳисоб мераванд. Дар замони шуравӣ образ ва мавзуъ як ҷанбаи банақшагирифташуда ба ҳисоб мерафт. Дар ин самт метавон аз «образи фармоишӣ» таъкид намуд, ки солиёни тӯлонӣ ба қолаби шахшудаву обшуста низ табдил ёфта буд.

Образ ва образнокии суханро дар матбуоти маҳаллӣ низ аз рӯи ҳамин самту нишондод мушаххас кардан мумкин аст. Чун як ҷузъиёти таркибӣ дар нигораҳои публитсистии бадеии матбуоти маҳаллӣ образ ва образнокии сухан соҳиби сифатҳои хоси худ аст. Муҳаббат ба зиндагиро бархӯрди образҳо шакли хос бахшидаанд. Инсон ҳамеша ислоҳгар ва дар муқобили ноҳамвориҳо устувор будан мехоҳад. Ҳамин аст, ки дар ҳама гуна афкор хосияти инсондӯстӣ (гуманизм) дар мадди аввал қарор мегирад, ки инро бештар дар тарғиби симоҳои намунаи кору пайкор ба мушоҳида гирифтан мумкин аст. Омӯзиши матолиби саҳифаҳои нашрияҳо бозгӯи онанд, ки фазои иҷтимоӣ ва ё идеологияҳои ҳукмрон ба таври ҳамеша дар офариниши образҳои манфиву мусбат нақши таъсиргузор доранд.

Авзои имрӯзаи матбуот, махсусан матбуоти маҳаллии кишвар, дар масъалаи корбасти публитсистикаи бадеӣ пурра мусбат нест. Ин, пеш аз ҳама, ба он марбут аст, ки хонандаи ин навъи эҷод торафт кам мегардад. Теъдоди аслии ин хонандагонро насли нисбатан калонсол ташкил медиҳанд. Ба ҳар сурат, очерку лавҳаҳои матбуоти маҳаллӣ аз корбасти тахайюли бадеӣ ва саҳнаороиҳои ҷаззоб орӣ нестанд ва мазмунашон дар асоси ҳаводиси воқеӣ, санаду ҳуҷҷат, факту рақам ва симоҳои мушаххаси ҳаётӣ таркиб ёфтаанд. Табиист, ки зимни баррасии бадеии муаммоҳои ҳаёт дарки воқеият ва ҳаллу фасли он возеҳтар гардида, тасвирҳои пурҳаяҷону ҷолиби таваҷҷуҳ хотирмону рангин мешаванд. Боз ҳам чунин хулоса кардан мумкин аст, ки бадеият низ чун баёни воқеияти ҳангомадор (ахбор, маълумот) дар роҳи таъсир ба мафкураи ҷомеа имкони зиёд дорад. Таҷзияи муваффақонаи бадеияту воқеият боз ҳам далели маҳорати эҷодии муаллифонест, ки қобилияти дарки набзи замонро доранд.

Бахтиёри ҚУТБУДДИН,

доктори илми филология, декани факултети журналистикаи ДМТ