Матбуоти тоҷик 105-сола шуд

№29 (3666) 14.03.2017

Ruzi-matbuot-8Ба ин хотир 10 марти соли равон дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ҷамъомади идона доир гардид.

Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Маҳмадшариф Бобошоҳзода зикр намуд, ки нақши васоити ахбори омма дар пешрафт ва рушди ҷомеа хеле калон аст.

- Таҷрибаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки телевизиону радио ва матбуот ҳамчун воситаи асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда мусоидат кунанд. Журналистон дар  инъикоси муҳимтарин масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим доранд. Муҳим нест, ки журналист дар матбуоти давлатӣ ё матбуоти мустақил фаъолият мекунад. Ҳадафи асосии матбуоти давлативу мустақил вазифаи касбии ҳудро содиқона ва софдилона ба манфиати халқу кишвари худ иҷро кардан аст, — гуфт номбурда.

Иштирокчиёнро вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Исмоилзода Зинатуллоҳ Бурҳон, муовини вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода, сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Самариддин Асозода ва дигарон табрик намуданд.

Инчунин, ба нуҳ нафар журналист Ҷоизаи ба номи Абулқосим  Лоҳутӣ тақдим гардид. Аз ҷумла, дар бахши матбуот ба Бобоҷон Икромов, Носирҷон Маъмурзода, Умаралӣ ­Сафаралӣ, Ёқубҷон Абдуманонов, дар бахши илм ба Абдусаттор Нуралиев, Сангин Гулов, дар бахши телевизион ба Абдумаҷид Ҳакимзода, Набиҷон Набизода ва дар бахши радио ба Ҳабиб Мақбулов.

Рӯзноманигорони фаъол бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Аълочии ифтихории маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, туҳфаҳои хотиравии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва мукофотҳои пулию молии рӯзномаҳои «Ҷумҳурият» ва «Садои мардум» сарфароз гардиданд.

Ҳамчунин, ба ҳашт нафар донишҷӯ Ҷоизаи ИЖТ ба номи Воҳид Асрорӣ супорида шуд.

 Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»