Матолиби публисистии Мирзораҳматов омӯзанда арзёбӣ гардид

№151 (3945) 20.12.2018

Ҳафтаи гузашта дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон суҳбати гирди миз таҳти унвони «Пуб­лисистикаи С. Мирзораҳматов – муаррифгари чеҳраҳои таърихӣ ва сиёсӣ» баргузор гашт. Дар он коршиносон, ходимони илмиву адабӣ ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд. Дар оғоз сармуҳаррири ҳафтаномаи «Минбари халқ» Бахтиёр Ҳамдамов дар бораи мақом, ҷойгоҳ ва мавқеи журналистии Саломуддин Мирзораҳматов сухан гуфта, китоби тозанашри ӯ «Кривое зеркало таджикской демократии» (Оинаи каҷнамои демократияи тоҷикӣ)-ро ба ҳозирон муаррифӣ намуд. Он матолиберо фаро мегирад, ки С. Мирзораҳматов солҳои гуногун эҷод намуда, дар нашрияҳои ватаниву хориҷӣ ба табъ расидаанд. Ӯ дар бораи қаҳрамонони худ, ки иштирокчиёни фаъоли воқеаҳои фоҷиабори солҳои 90-и асри гузашта буданд, қисса карда, кӯшидааст, ки ба суолҳои зерин посух пайдо созад: «Кӣ чӣ арзиш дорад?» ва «Кӣ кӣ аст?!».

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим таъкид кард, ки Саломуддин Мирзораҳматов яке аз публисистони барҷастаи даврон буда, бо сабку услуби хос эҷод мекунад. Нависанда Бахтиёр Муртазоев дар мавзӯи «Аллома Бобоҷон Ғафуров ва сарнавишти шогирди ӯ» изҳори назар карда, иброз намуд, ки С. Мирзораҳматов кору пайкори Бобоҷон Ғафуровро хотирмону ҷолиб бозгӯйӣ кардааст. Зикр шуд, ки С. Мирзораҳматов дар офаридани чеҳраҳо маҳорати хос дорад. Воқеаю рухдодҳоро воқеӣ рӯи саҳфа меорад. Ҳар чизе, ки менависад, фасеҳ ва дорои лутф аст.

Хуршед Ниёзов — директори МТЖ Тоҷикис­тон дар бораи нақши рӯзноманигорони бурунмарзии тоҷик дар рушди журналистика изҳори ақида намуда, гуфт, ки ҳарчанд Саломуддин Мирзораҳматов дар Қазоқистон зиндагӣ мекунад, вале нисбат ба ҳаводиси кишвар бетафовут нест.

Драматург Ҷумъа Қудус ва журналист Ҳуриннисо Ализода низ дар бораи ҷиҳатҳои омӯзандаи публисистикаи С. Мирзораҳматов андеша баён намуда, пешниҳод намуданд, ки матолиби публисистии ӯро дар шакли китоб ба забони тоҷикӣ нашр кардан муфид хоҳад буд.

ВОРИС, «Садои мардум»