Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ

Меҳри китобро дар дили фарзандон ҷо бояд кард

№6 (3800) 13.01.2018

Современная литератураНиёгон аз қадим ба ­таълиму тарбияи фарзандон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекарданд. Чунончӣ, «Насиҳатнома»-и Кайковус, «Бӯстон»- у «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Баҳорис­тон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Панднома»-и Шайх Аттор, «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ барин асарҳои панду ахлоқӣ саросар ба тарбияи инсони комил бахшида шудаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2017 бори дигар ба мавзӯи таълиму тарбия таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид карданд: «Моро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем».

Дар ҷумҳурӣ таътили зимис­тонаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ идома дорад. Ба хотири таҳким бахшидани дониши толибилмон муаллимонро зарур аст, ки ҳангоми таътил ба шогирдон вазифаҳои мушаххас диҳанд. Хуб мешуд, ки омӯзгорони фанни адабиёти тоҷик ба шогирдон мутолиаи китобҳои пандуахлоқиро тавсия намоянд. Волидайнро зарур аст, ки ба фарзандон барои мутолиаи китобҳои илмӣ ва панду ахлоқӣ мусоидат намоянд, зеро аз китоб хондан нутқи кӯдак буррову фикррониаш инкишоф меёбад. Мутолиаи китоб хазинаи луғавии кӯдакро ғанӣ гардонида, ҳофизаи ӯро мустаҳкам менамояд.

Барои одат кунонидани кӯдак ба китобхонӣ хуб мешуд, ки падару модарон тавсияҳои зеринро ба инобат гиранд: Пеш аз ҳама, волидайн дар китобхонӣ бояд намуна бошанд то фарзандон ба онҳо пайравӣ намоянд. Дигар ин ки вақти мутолиаи китобро аниқ муайян кардан лозим аст, то кӯдакон фурсатро аз даст надиҳанд. Аз кӯдак хоҳиш кардан лозим аст, ки мазмуни китоби хондаашро нақл намояд. Барои дар муҳлати муайян хонда, ба охир расонидани китоб кӯдакро ҳавасманд бояд кард. Масалан, ба сайругашт бурдан, бозичаи дӯстдоштаашро харидан ва ғайра. Аз ҳаёти шахсиятҳои таърихӣ ва мутафаккирони шинохта мисолҳо оварда, нисбат ба онҳо ҳурмати зиёд доштанро талқин намудан лозим аст. Беҳтарин туҳфа дар рӯзи зодрӯзи кӯдак бояд китоб бошад. Барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани китоб кӯдакро ситоиш бояд кард. Камолиддин Биноӣ фармудааст:

Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ,

Ки мусоҳиб бувад гаҳу бегоҳ

Роҳатафзои ҷону роҳати дил,

Ҳар чӣ дилхоҳи туст аз ӯ ҳосил.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар ин бобат таъкид кардаанд: «Бидонед, ки китобхониву китобдӯстӣ инсонро ҳатман ба қуллаи мурод мерасонад, мартабаашро дар ҷамъият баланд, ӯро ҳимматбаланду қадршинос мегардонад. Эҳтиром ба Ватан, ифтихор бо Тоҷикистони азиз, дӯст доштани ҳар гӯшаву канори он аз дуруст мутолиа кардани китоб ва аз бар кардани мазмуни матнҳои он ба даст меояд».

Гулшан ОДИНАЕВА,

омӯзгори МТМУ №91,

шаҳри Душанбе