Мо бар онем, ки Ислом саломат бошад…

№7-8 (3308-3309) 16.01.2015

Пас аз нашри иддае аз мақолоти таҳлилӣ дар нисбати таҳдиду хатарҳои Исломи сиёсӣ ва баъзе аз шеваҳои корбасти ҲНИТ аз тарафи кормандони илмии Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарони ин ҳизб ба ҷойи ба таври илмӣ ва возеҳу шаффоф ҷавоб гуфтан, баръакс, ба таҳқиру туҳмат ва паст задани шарафи инсонии кормандони ин Марказ шурӯъ намуданд.

Дар аввал ҷаноби Кабирӣ дар Москва ҳангоми мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатӣ кормандони ин Марказро як гурӯҳи дур аз илм унвон карда, ҳатто таҳияи наворҳои фаҳшои «Нури наҳзат»-ро ҳам мансуб ба ин гурӯҳ донист, ки дар сомонаи nahzat.tj интишор шуд. Пас аз вокуниш ва изҳороти кормандони Марказ хабари дар сомонаи nahzat.tj гузоштаро бо «Як ислоҳ» иваз карданд ва онро иштибоҳи техникӣ унвон карданд. Вале суоле пеш меояд, ки оё воқеан ҳам он иштибоҳи техникӣ буд ё таҷоҳули ориф? На, ин иштибоҳи техникӣ набуд, балки ишон огоҳона туҳмат карданд барои дар зеҳни ҷомеа пасту разил нишон додани кормандони ин Марказ ва хабарро аз онҳо сомонаи «Озодагон» ва сомонаи «Тоҷнюс» дар они воҳид бознашр намуданд ва дар зеҳни ҳазорон нафар инъикоси нодурусти воқеиятро таҳмил карданд.

Пас аз чанд рӯзи вокуниши кормандони Марказ ҷаноби Кабирӣ бо чанде аз кормандонаш ба Марказ омад ва он ҷо низ пахши ин хабарро иштибоҳи техникӣ унвон кард ва изҳор дошт, ки гӯё аз таъсиси чунин ниҳод хушҳол аст ва минбаъд низ бо онҳо ҳамкорӣ хоҳад кард.

Кормандони Марказ низ бо назардошти он ки дар пеш интихоби парлумон аст, аз дунболагирии баъдии воқеият, ки метавонист даъвоҳои додгоҳиро дар пай дошта бошад ва як навъ ҳангомаҳои навбатиро аз ҷониби ҲНИТ, ки гӯё мақомот ба ҳар роҳ мехоҳанд ба ишон дар арафаи интихобот фишор оранд, аз идомаи ин баҳс даст кашиданд. Хулоса карда шуд, ки то баргузории интихоботи парлумонӣ аз таҳлили равандҳои сиёсии марбути аҳзоби сиёсии кишвар худдорӣ намоянд. Аммо аъзо ва ҳаводорони ин ҳизб ҳамоно дар ҳафтаворҳо (аз ҷумла «Наҷот» ва «Озодагон») ба туҳмату таҳқири ин Марказ машғуланд. Ин амали эшон муҷиби дубора ба мавзӯъҳои мазкур баргаштани мо шуд. Чунончӣ, дар рӯзномаи «Наҷот» (№ 51 (821) аз 16 декабри соли 2014, саҳифаи 9) ҷаноби Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода таъсиси ин Марказро чунин меҳисобад: «Лоиҳаи панҷум, ин таъсиси гурӯҳи доктору номзадҳои илм дар назди раёсати академияи илмҳост, ки гӯё ба таҳияи барномаҳои ояндабинӣ дар заминаи илм машғуланд, вале аксари ин барномаҳо имкониятҳои исломро ба кунҷи масҷид танг кардан аст, коре, ки атеистони даврони шӯравӣ онро накарданд. Аз ин хотир, пайдо шудану андешаронӣ кардани ин гурӯҳро ҷуз неоатеист дар афкори «фронти халқӣ» чизи дигаре гуфтан мушкил аст». Мафҳумҳои аҷибу ғариберо, ки ҷаноби Сайфуллоҳзода сохтааст, наметавон фаҳмид: «лоиҳаи панҷум», «неоатеист дар афкори фронти халқӣ», «имкониятҳои исломро ба кунҷи масҷид танг кардан (кадом имкониятҳо?!)».

Муҳтарам Сайфуллоҳзода! Шумо, ки худро як таҳлилгари масоили сиёсӣ ва яке аз мушовирони ин ҳизб меномед, аз гуфтани ҳамин гуна ҳарфҳои дарҳам барҳаму пур аз иғвову дурӯғ шарм намедоред? Гузашта аз ин, ҳолдонҳо ҳадс мезананд, ки худи шумо дар гузашта яке аз атеистони сурхи замони шӯравӣ будед ва бо тағйири вазъ 180 дараҷа дар муқобили гузаштаи худатон қарор гирифта, имрӯз аз «имкониятҳои ислом» шиор месозед. Масъалаи бовар доштан ба ин ё он дин ё бовар надоштанро моддаҳои мушаххаси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии  Тоҷикистон муқаррар намудааст ва ба шумо ҳеҷ кас ҳақ надодааст шахсеро аз рӯи боварҳояш таҳқир намоед.

Дар шумораи дигари «Наҷот» (№52 (822) аз 25 декабри соли 2014) дар саҳифаи дувум мақолаи донишманди «сахтаносир»-и дастпарвари ҲНИТ Меҳмоншоҳ Шарифов таҳти унвони «Фитнаи «Ҷумҳурият»-ро бояд боздошт» ба нашр расид, ки матолиби он ҳеҷ ба услубу равиши як олим ва ё донишманд хос нест ва бештар ба услубу таҳқири як авбош монанд аст. Дил мехоҳад бо ин ҳарфҳои ҳазёну сафсата чизе нагуфт, вале аз ин ки барои баъзеҳо ин фард ҳамчун нимоде аз донишмандӣ қарор мегирад, зарур ҳисобидем ҳарфҳои музахрафашро таҳлил кунем. Номбурда, аз ҷумла менигорад: «Бубинед, дар мақолаҳое, ки ин рӯзнома нашр мекунад, ба дасти гурӯҳе бо номи «ҷаҳонбинии ҷумшудӣ» табарчаеро додаанд ва онҳо барои давлати имрӯзаи тоҷикон идеология тарошиданианд…»

Ҷаноби Меҳмоншоҳ! Ин миллат араб нест, тоҷик аст ва то замони зери теғи ҷаррори сарлашкарони хунхори араб иҷборан мусалмон шуданашон дорои таърих ва фарҳанг буданд. Инҳо ҷоҳилу биёбонгарду сустморхӯр набуданд. Ҷамшедро «ҷумшуд» гуфтан таҳқир ба фарҳанги 8000-солаи миллат аст. Вале чун дар шумо, донишманди муҳтарам, ҳайсияти миллӣ нест, бароятон таърих ҳам Ислом аст, фарҳанг ҳам Ислом аст, зиёӣ ҳам Ислом аст, зеро зарфияти андешаи шуморо бо ҳамин ҳарфҳои таҳмилии фарҳанги бегона пур кардаанду дар маркази динии Лондон хуб мағзшӯйӣ намудаанд ва шумо тавони биниши аз он болотарро надоред. Дар зимн набояд фаромӯш кард, ки баъзе аз афроди ин кишвар эшону саидзодаанд, ки барои онҳо таърихи тамаддуни башарӣ аз асри VII шурӯъ мешавад ва қабл аз он ҳама барбарият аст. Шояд, ҷаноби Меҳмоншоҳ, шумо аз ҳамин зоти шариф бошед?! Ҳаким Фирдавсӣ ҳамин гурӯҳро хуб тасвир карда мефармояд:

Зи деҳқону аз турку аз тозиён,

Нажоде падид ояд андар миён.

На деҳқон на турку на тозӣ бувад,

Суханҳо ба оҳанги бозӣ бувад.

 Дар поёни мақола ин зиёӣ-мулло-авлиё ва соҳиби рӯҳу маънавиёт ва ахлоқу фарҳанг менависад: «Акнун ин қавми «ҷумшудӣ» байни Исову хар, харро интихоб кардаанд ва бо инкори ҳама гуна фарҳанги воло, барои ин ҳукумат гӯё идеология сохта истода, роҳнамудӣ ҳам мекунанд. Тамаддунро бо барбарият якҷо намуда, таърихи навини тоҷиконро аз ҳамин нуқта оғоз намуданиянд. Мантиқу маънии ин рӯйдодро дар қиссаи кентаврҳо, яъне махлуқи нимаодаму нимаҳайвон метавон пайдо кард».

Ҷаноби зиёӣ-мулло-авлиё ва соҳиби рӯҳу маънавиёт ва ахлоқу фарҳанг агар мо харро интихоб карда бошем, пас шумои масеҳнафас (Аврупоиён 1500 сол интизор шуданд, ки Масеҳ меояд ва мушкилро ҳал мекунад, чун наомад, худ даст ба кор шуданд) як каромате (шояд дар пиндоратон шумо Масеҳи сонӣ бошед) барои ин миллат намоед, зеро дар ин солиёни зиёд ғайр аз чандин бор ба такрор дигаронро таҳқир кардану «сустаносир» номидан чиро барои ин миллат пешниҳод кардаед ё каромати шумо фақат таҳқир кардан аст. Оре, таҳқир кардан аст ва инсонҳое, ки маънавият надоранд, дониши саҳеҳ надоранд ва моҳият надоранд, балки фақат зуҳуротанд. Онҳо як роҳро медонанд — таҳқир кардани дигарон ва ин байти Мавлоно бозгӯкунандаи вазъи шумост:

Ҳар чӣ гуфтам  хештанро гуфтаам,

Эй ту айби дигарон пиндошта.

Мо ҳам чунин қабул мекунем, ки шумо ҳар туҳмату таҳқире, ки кардаед, шахсияту зарфияти андешаи худро ба намоиш гузоштаед ва он чӣ шумо мегӯед худ ҳамон ҳастед. Ҳамчунин ҳамон махлуқи зикркардаатон ҳам бозгӯкунандаи ишқу шавқу завқу кашфи шумост.

Ҳамчунин дар рӯзномаи «Озодагон» (№47 (356) аз 24  декабри соли 2014, саҳифаи 13) мусоҳибае бо Сафвати Бурҳон таҳти унвони «Видеоҳои антиҲНИТ тарҳи ФСБ аст» ба нашр расид, вале аҷиб он аст, ки исми мусоҳиб нест ва танҳо ҷойи он исми рӯзнома сабт шудааст. Чун ин рӯзноманигори муҳтарам, ки исми хешро махфӣ намудааст, суолгузориаш ғаразнок ва гумроҳкунанда аст, аз ҷумла: «Дар ҳафтаи ахир як бархӯрд миёни дунявигароён ва исломгароён ба вуҷуд омад. Назари шумо дар ин хусус чист? Чаро кормандони Академияи улум ба Ислом ҳуҷум карданд?»  ё ҷойи дигар ба такрор «Манзур ин буд, ки ин падида, яъне ҳамла ба Ислом дар дохили Академияи улум зуҳур кард ва як мавқеъгирии шадидуллаҳн доштанд, фикр мекунед ин кори дуруст буд?».

Ҷаноби хабарнигор! Кадом ҳуҷум ва кадомин ҳамла ба Ислом? Мутмаинем, ки шумо низ воқеиятро таҳриф мекунед ва дониста ба дастури ҲНИТ барои дар зеҳни ҷомеа ба вуҷуд овардани фазои зидди Академия ин ҳарфҳоро муғризона баён намудаед ва чунин рафтор хилофи ахлоқи журналистист ва барои ин тарзи баён бояд ҷавоб гуфт. Аз мақомоти марбута лутфан хоҳиш мешавад, ки ин қазияро пайгирӣ намоянд ва ҳадафи ин тавтеа ва таҳқирро ошкор созанд.

Ҳамчунин дар ду шумораи рӯзномаи «Наҷот» (№51 (821), № 52 (822) ҲНИТ ба таблиғи пешазинтихоботӣ шурӯъ намудааст. Хуб, ин як амри табиист, вале  шеваҳои он чандон дуруст нестанд. Тавре ҷаноби Кабирӣ дар мусоҳибае бо радиои «Озодӣ» (бознашри «Наҷот», №52, саҳифаи 11) мақомотро бо истифодаи назарияи Макивеллӣ иттиҳом мезанад ва мегӯяд: «Фикр мекунанд дар масоили идеологӣ ҳама чиз ҷоиз аст, ҳатто метавон аз доираи ахлоқ ва  ҷавонмардиву фарҳанг берун рафт», вале худи Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш дақиқан аз ҳамин шева кор мегиранд. Чунончӣ, яке аз роҳҳои муассири ҷалб намудани мардум ва суиистифода аз имону эътиқоди онҳоро бидуни пешниҳоди ҳеҷ як барномаи мушаххас ба миён гузоштаанд, аз он ҷумла шиори ҳафтаномаи ҳизбиашонро «…Бешубҳа, ҳизби Худо ғолиб хоҳад буд». Яъне, ин шиор дар зеҳни як инсони эътиқодманд чунин тасаввуреро ба миён меорад, ки фақат Наҳзат аст, ки аз Худост, дигарҳо ғайрихудоиянд ё шайтонианд. Магар ин шиор ҳаққи ҳизбҳои дигарро ноҷавонмардона поймол кардан нест? Ё ин тарзи мубориза барои шумо равост? Дар шумораҳои ҳафтаномаи зикршуда дар саҳифаи нахуст сухани С.А.Нурӣ оварда шудааст: «Ширкат дар интихобот, интихоби афроди лоиқ ва сазовор вазифаи имонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Барои тасмими ғалат дар пешгоҳи Худованд ва миллат ҷавоб хоҳем гуфт!».Дар фурсати аввал чунин ба назар мерасад, ки дуруст аст ва ҳеҷ иштибоҳе нест. Вале вақте ба умқи он андеша мекунӣ, ба хулоса меоӣ, ки мақсад аз қисмати дувуми он барои тасмими ғалат, яъне интихоб накардани ҲНИТ ё номзади аз ин ҳизб пешниҳодшудааст, ки дар назди Худованд ва миллат (ин ҷо манзур Ислом аст) ҷавоб хоҳед гуфт! Магар чунин шеваи тарс додан, шеваи ахлоқиву фарҳангист? Ҳамчунин дар шумораи № 51, саҳифаи 6 сухани (дурусттараш, фатвои) М. Ҳимматзода оварда мешавад: «Овоз додан дар интихобот маънои онро дорад, ки ба амонат, адолат ва шоистагии номзадҳо шаҳодат медиҳем. Агар номзад орӣ аз ин сифот бошад, интихоби ӯ шаҳодати дурӯғ буда, аз ҷумлаи гуноҳони кабира шуморида мешавад». Дар ин ҷо низ гумон мекунӣ, ки ҳарфи баде нест, вале бо истифодаи ибораҳои адолат, амонат, шаҳодат ва шоистагӣ боз ҳам фаҳмонданианд, ки ба ҲНИТ ва номзади аз ҷониби он пешниҳодшуда овоз диҳед. Ба дигарон овоз доданро «гуноҳи кабира» унвон кардаанд, ки ҳама ифодаҳои имонианд. Магар ин суиистифода кардан аз боварҳои мардум ва онҳоро гул задану фиреб додан ба мақсади расидан ба ҳадафҳои сиёсии хеш нест ё онро метавон таври дигаре тафсир намуд?

Шеваи дигари корбурди Кабирӣ дар мусоҳибааш бо радиои «Озодӣ» бечоранолӣ ва мазлум нишон додани худ ва ҳизбаш дар назди мардум мақомотро золим нишон додан ва бо ин роҳ ба эҳсоси мардум ҳамчун як ҷабрдида таъсир расонидан ва ба ин шева ҳаводорони бисёрро ҷалб намудан аст. Ҷаноби Кабирӣ! Дар дунёи мутамаддин ҳизбҳо дар асоси  барномаҳояшон (дар иқтисод, фарҳанг ва сиёсат) ва амалан чӣ паёмади хубу беҳтареро дар зиндагии мардум ба вуҷуд меоранд, метавонанд маҳбубият ба даст оваранд, на бо роҳи суиистифода аз боварҳои мардум. Аз тарафи дигар, шумо дар ҳеҷ ҷой зикр намекунед, ки тӯли  ин ҳама сол чӣ кореро анҷом додаед ва дар зиндагии мардум чӣ рифоҳу осоишро ба армуғон овардаед. Танҳо як чиз равшан аст, ки аъмоли баъзе аз нафарони ноқобилеро, ки дар тими ҳукуматӣ нишастаанд ва масъулиятшонро дуруст анҷом намедиҳанд, шумо чун шиор истифода менамоед, вале амалан худатон барои ин мардуму ин миллат кореро анҷом надодаед.

Аз ҳамин мусоҳиба ва маводҳои ду ҳафтаи охир дар ҳафтаномаҳои мутааллиқи ин ҳизб ва ҳаводораш – «Озодагон» пайдост, ки шумо мехоҳед дар зеҳни ҷомеа тавтеаи навро, ки гӯё «Исломи азиз» (ибораи ҷаноби Сайфуллоҳзода) дар хатар аст ва дар Тоҷикистон ба он ҳамла мекунанд, дар дохил ва хориҷ боиси ҷалби таваҷҷуҳ бошед. Вале воқеият ин аст, ки ҷаноби Кабирӣ, шумо ва ҳаммаслаконатон мехоҳед ба василаи Ислом ба қудрати сиёсӣ расед. Яъне, барои шумо Ислом то як дин будан як василаи осон ва бидуни ранҷ расидан ба ҳадаф аст. Вагарна эътиқоду боварҳои инсон фардианд, на сиёсӣ. Аз ҷониби дигар, агар дар даврони шӯравӣ 3000 мактаб сохта шуда бошад, дар 22 соли охир миқдори масҷидҳо ба 4000 расидааст. Агар дар даврони шӯравӣ 17 нафар ҳаҷ рафта бошад, пас дар 22 соли охир ба ҳисоби 6000 нафар дар як сол, 132 000 нафар танҳо ҳаҷҷи фарзӣ ба ҷо овардааст ва агар ҳамин миқдор ҳаҷҷи умра (мутмаинам, ки ин рақам хело ва хело аз он зиёдтар аст) иҷро намуда бошанд, тақрибан ҳудуди 300 000 нафар мешаванд. Барои бовар кардану эътиқод доштан шарти муҳим ҳизб нест, зеро ҳизб падидаи иҷтимоию сиёсист ва дину эътиқод аз назари арзишҳои динӣ қудсӣ ба ҳисоб мераванд. Овардани фармудаи  ҳамосасарои тоҷик Ҳакими Тусӣ ин ҷо айни муддаост:

Зиёни касон аз пайи суди хеш,

Биёранду дин андароранд пеш.

Бигзор инсонҳо дар дину имону боварҳояшон озод бошанд, ки ин ҳам ҳаққи фитрии онҳост ва ҳам ҳаққи конститутсионии онҳост. Бешак, дар дунёи мутамаддин чунин аст ва дар сохтори дунявӣ бояд чунин бошад. Танҳо вақте имону эътиқоди инсонҳоро сиёсӣ карда, ба онҳо бозӣ мекунанд, ин хатарафзост. Ба гуфтаи шоири зиндаёди миллат устод Лоиқ:

На бар инем, ки Ислом нишинад бар тахт,

Мо бар онем, ки Ислом саломат бошад.

Исомиддин Шарифзода, корманди пешбари илмии Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон