Муҳимтарин туҳфа ба Ҷашни Истиқлол

№№ 107 (4847) 04.09.2024

Бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромии кишвар ва сиёсати созандаву бунёдкорона ва падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо мо — мардуми сарбаланду саодатманди кишвари соҳибистиқлол зиндагии осоишта дорем. Боиси ифтихори бузург аст, ки мо дар остонаи яке аз ҷашнҳои пуршукӯҳи миллат – 33 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қарор дорем ва дар ин марҳилаи пурифтихор тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистони азизро ба ин санаи муқаддас табрик намуда, ба Тоҷикистони азизамон сулҳу оромии абадиро таманно менамоям.

Воқеан, истиқлолият беҳтарин неъмат ва гаронтарин арзиш барои ҳар як давлату миллат ба шумор рафта, омили асосии рушду тараққиёт, инкишоф ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

33 сол муқаддам, яъне 9-уми сентябри соли 1991, Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлоли давлатии худро эълон намуда, дар ин марҳила саҳифаи наве дар ҳаёти мардуми тоҷик кушода шуд ва то ба имрӯз ин сана барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ санаи таърихӣ ба ҳисоб меравад, зеро истиқлолияти давлатӣ орзую омоли ҳазорсолаи миллати тоҷик буд.

 Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳиб­истиқлолӣ бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳама он ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти тавоно тавонист ҷойгоҳи намоён дар арсаи байналмилалӣ касб намояд. Ба ҳамагон маълум аст, ки бо ташаббусҳои наҷибонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо Тоҷикистонро дар ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона мешиносанду эҳтиром мегузоранд, ки ин мояи ифтихори ҳар як соҳибватан мебошад. Бале, аз баракати истиқлолият миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон кулли мардуми сайёра мешиносанд ва он дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми хосеро дорост.

Истиқлолият барои мардуми тоҷик имконият фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Инчунин, истиқлолият ба мо бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил ва кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Тамоми сокинони сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз ифтихор аз он доранд, ки 33 сол қабл аз ин, бо гузоштани нахустин хиштҳои пойдевори истиқлоли воқеӣ соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва Суруди Миллӣ гардиданд.

Ҳамасола Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои ором мутантан ҷашн гирифта мешавад ва бояд гуфт, ки ин ҳама пешрафту нумӯи давлати тоҷикон аз файзу баракати Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, зеро маҳз ҳамин иҷлосия чун субҳи босафо роҳи миллатро равшан намуда, ба хушбахтии мардум заминаи мусоид фароҳам оварда, бори дигар сокинони минтақаҳои гуногуни кишварро ба дурандешию бунёдкорӣ ҳидоят намуд. Ҳар рӯзе, ки сипарӣ мешавад, барои мо як навъ азхудкунии асосҳои давлату давлатдории муосир ва гузаштан ба ҷомеаи демократию дунявиро талқин мекунад.

Ватан манзили ободу меҳрпарвар аст, ки кас дар оғӯши гарму рӯҳафзояш ба камол мерасад, аз чашмаҳои зулолаш нӯш мекунад ва дар фазои паҳновараш чун парастуҳои баландпарвоз озодона пару бол мезанад. Ҳар як фарди ҷомеаро мебояд, ки баҳри оромӣ ва ҳифзи сарватҳои миллӣ саҳмгузор буда, ҳар қатраи оби зулолу ҳар кафи хок, сабзаю дарахтони сарсабзу ҳар сангпораи кӯҳсори Тоҷикистони соҳибистиқлолро азизу муқаддас шуморад.

Таваҷҷуҳи рӯзафзуни Сарвари давлат барои ояндаи дурахшони миллат, махсусан ба пешрафти соҳаи маориф ва дастгирии ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, забономӯзӣ, такмили донишу малакаи наврасону ҷавонон равона гардидааст ва ҳар як фарзанди бонангу номуси миллатро месазад, ки дар ҷодаи такмили донишу маърифати хеш барои пешрафти ҳаёти кишвар талош варзад.

Муҳимтарин туҳфаи мо — ҷавонон ба истиқболи Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дониши баланду ахлоқи ҳамида доштан, эҳтиром намудани муқаддасоти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои ниёгон ва худшиносу ваҳдатгаро будан аст.

Султонҷон ВАЛИЗОДА,

мудири бахши бойгонӣ-матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб