Муъмин Қаноат: «Аз сиёсати оқилонаи Пешвои миллат рӯзгори орому обод фароҳам аст»

№55 - 56 (3692-3693) 20.05.2017

фївОмӯзгорону шогирдони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №21-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кайҳо боз дар орзуи мулоқот бо шоири маъруф  Муъмин Қаноат буданд. Чанде пеш орзуи онҳо ҷомаи амал пӯшид ва Шоири халқии Тоҷикистон  ба ранҷурии хеш нигоҳ накарда, ба назди мухлисон омад.

Ӯро дар даромадгоҳи деҳа самимӣ истиқбол гирифтанд. Устод Муъмин Қаноат барои пазироии гарм изҳори сипос карда, иброз намуд, ки дидорбиниҳо дар он сурат муяссар мегарданд, ки Ватан  тинҷу ором бошад. Боиси хушнудист, ки тавассути сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзгори тинҷу осуда фароҳам аст.

Инчунин, Муъмин Қаноат ҷавононро даъват намуд, ки фирефтаи суханони бардурӯғи бадхоҳони миллат нашуда, аз гурӯҳу ҳаракатҳои хусусияти террористиву экстремистидошта дур бошанд.

Дар охир муҳассилини мактаб Шоҳрух Холмуродов, Меҳринисо Бобобекова, Меҳроб Олимов, Моҳрухсор Гурезова, Сорбон Муродов, Мунисаи Раҳмон, Маҳваш Додова, Меҳринисои Раҷаббек аз эҷодиёти шоир порчаҳо қироат карданд.

Аз идора: Вақте матлаб ба чоп тавсия шуд, хабар расид, ки имрӯз ба ифтихори 85 — солагии Муъмин Қаноат дар Академияи илмҳои  ҷумҳурӣ маҳфили пуршукӯҳ ҷараён гирифт.   

 Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»