Унсурулмаолии Кайковус мефармояд: «Агар хоҳӣ, ки зиндагӣ бо осонӣ гузаронӣ, равиши худро аз рӯи кор ор».
Дар ҳама давлати рӯи олам комёбиву дастовард, ғоя ва идеяҳои созанда бо меҳнат ва ҷидду ҷаҳди инсонҳо ба вуҷуд омадааст. Меҳнати ҳалол қудрати бузурге дорад, ки инсон худро аз самараи бадастовардааш басо хушбахт ҳис мекунад. Хусусан, меҳнати ҳалолу софдилона ба нафъи ҷомеа инсонро ба пайроҳаҳои беҳтарини зиндагӣ раҳсипор менамояд.
Чунин пайроҳаро раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, муҳофизати оила ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, сармутахассиси шуъбаи маорифи шаҳри Норак Сайдалӣ Олимов бо сари баланду рӯи сурх муваффақона тай намуда истодааст.
Ӯро солҳои тӯлонӣ мешиносам. Дар як донишкада бо ҳам таҳсил намудем ва дӯсти қадрдон ҳастем.
- Солҳои зиёд аст, ки дар шуъбаи маориф фаъолияти пурмаҳсул дорад. Кори нозирони минтақавиро пеш мебарад. Ҳамчун хизматчии давлатӣ аз уҳдаи вазифаҳои ба ӯ вобасташуда бомуваффақият мебарояд. Ҳамчун мутахассиси ботаҷриба, шахси наҷибу ташаббускор шинохта шудааст. Ӯ зодаи шаҳри нурофарон мебошад. Соли 1982 факултети корҳои маданӣ — маърифатии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва соли 1992 факултети методикаи таълими синфҳои ибтидоии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро хатм намудааст. Фаъолияти омӯзгориашро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 12-и шаҳри Норак ба сифати роҳбари созмонҳои талабагӣ оғоз намуда, то ба вазифаи муовини директор оид ба тарбия расидааст. Аз соли 1989 ҳамчун сармутахассис, мушовири шуъбаи маориф оид ба фонди китобҳо кор карда истодааст.
Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Норак Алимурод Исмоилов дар бораи ӯ чунин изҳори ақида намуд:
- Муддатест бо Сайдалӣ Одилов ҳамкорӣ дорем. Бо дарки масъулият мегӯям, ки фаъолияти ӯ дар шуъбаи маориф бисёр назаррас аст. Омӯзгори пешқадами соҳаи мусиқӣ буда, роҳбарии маркази технологии иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, маркази тақсимоти иловагиро ба уҳда дорад. Бар замми ин, раванди таълиму тарбия, истифодаи технологияи ҳозиразамон ва фаъолияти самараноки омӯзгоронро назорат мекунад.
Шахси ботамкин, бомасъулият ва некбин буда, қобилияти хуби ташкилотчигӣ дорад. Мунтазам Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вохӯриҳо ба мардум тарғиб менамояд. Дар ҳама ҳолат манфиати давлатро аз манфиати шахсӣ боло медонад. Ба ҷавонон хештаншиносӣ, ҳувияти миллӣ ва ватандориро талқин менамояд.
Инсонҳои корозмуда ва таҷрибадор андешаҳои комил доранд. Пеш аз он ки кореро оғоз намоянд, аз оқибати он андеша мекунанд. Ин хислатҳоро ман дар дӯсти кордону ташкилотчиям дарёфтам.
- Таҷриба, донишу малака, истеъдоде, ки ба ман Худо додааст, барои пешрафти Ватани азиз сарф мекунам. Ин обу хоку ҳаво, марзу буми Ватанам барои ман муқаддас аст, — мегӯяд Сайдалӣ Одилов.
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Норак Хайриддин Шомирзоев низ дар бораи Сайдалӣ Одилов суханҳои хуб ва арзанда гуфт:
- Саҳми ӯ дар тарбияи насли наврас, бахусус ҷавонон, бениҳоят калон аст. Доимо дар чорабиниҳои шаҳри Норак фаъолона иштирок мекунад. Ӯ ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак, раиси Комиссия оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, муҳофизати оила ва ҳифзу ҳуқуқи кӯдак, кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ корҳои шоёнеро ба анҷом расонидааст.
Муовини раиси Комиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Тоҳира Иброҳимова зимни суҳбат гуфт, ки Сайдалӣ Одиловро солҳои тӯлонӣ мешиносад. Ба чунин шахсон такя кардан мумкин аст. Дар ҳама самти кори ҳизбӣ моро дастгирӣ менамояд. Барои пешрафти кори ҳизб аз дастуру пешниҳодҳои ӯ истифода мебарем. Иштирокчии фаъоли ҷаласаҳои ҳизбӣ, узви фаъоли ситоди таблиғотӣ мебошад.
Амалҳои хайр, нияти нек ва ғояҳои эҷодкоронааш Сайдалӣ Одиловро соҳибэҳтиром гардондааст. Заҳмати зиёда аз 30-солаи ӯро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта, бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонид. Вай, ҳамчунин бо ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишонҳои сарисинагии Аълочии маорифи Тоҷикистон ва Аълочии фарҳанги Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.
Шаш фарзанди баркамолаш, аз падари соҳибэҳтиромашон ифтихор мекунанд. Гарчанде дар зиндагӣ пастию баландиҳои зиёдеро дидааст, аммо доимо аз тақдири худ розиву шукргузор мебошад.
А. Давлатзода, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон