Мушкилоти хонандагон кай ҳал мешавад?

№151 (3631) 10.12.2016

ЭлокШаби 12 майи соли равон дар натиҷаи бориши зиёди борон ва омадани сел ба дарёи «Элок» ва хоҷагии халқи ноҳияи Файзобод зарари зиёд расид. Аз ҷумла, дарёчаи «Оби лояк» кӯпруки одамгузари назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20- и деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиевро хароб кард.

Кӯпруки мазкур деҳаи «Сари чашма» ва варзишгоҳи хонандагонро бо муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 ва деҳаи «Ҷонварсӯз» пайваст мекунад. Аз сабаби сари вақт барқарор накардани он то ин муддат зиёда аз 500 нафар хонанда бо пиёдароҳи аз санг тайёркардашуда ба дарс мераванд.

Савол ба миён меояд, ки чаро роҳбарони деҳоти ба номи Д. Алиеви ноҳияи Файзобод нисбат ба тақдири наврасону ҷавонон беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд? Ин мушкилоти наврасону хонандагон, ки ҳафт моҳ боз давом дорад, дар фасли сармо дучанд хоҳад шуд.

Хонандагон имрӯзҳо тавассути кӯпрукчаи 5-метраи аз чӯб тайёркардаи маъмурияти мактаб рафтуомад доранд. Аммо дар фасли зимистон барои кӯдакони синфҳои ибтидоӣ аз болои ин кӯпруки ларзон гузаштан хавфнок аст.

Зиёда аз 30 сол мешавад, ки дар мавзеи мазкур кӯпруки калони мошингузарро таъмир карда натавонистанд. Вагарна имрӯз барои пайвастани ду тарафи деҳаи «Ҷонварсӯз» ва рафтуомади хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 хизмат мекард. Ақаллан кӯпруки одамгузари вайроншударо барқарор мекарданд, кор ранги дигар мегирифт. Вале масъулини ҷамоати деҳот интизоранд, ки кай омӯзгорон ва хонандагон маблағ ҷамъ намуда, онро барқарор мекунанд.

Аз ин хотир, аз узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Файзобод Раҷабзода Миралӣ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки мувофиқи сиёсати маорифпарваронаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал ва мушкилоти хонандагони муассисаи мазкурро бартараф намоянд.

 Субҳониддин МАҲМУДОВ, рӯзноманигор