Мусобиқа анҷом ёфт, дӯстӣ мустаҳкамтар шуд

№61 (3362) 28.04.2015

Мусобиқа анҷом ёфт, дӯстӣ мустаҳкамтар шуд

Тавре иттилоъ дода будем, давоми ҳафтаи гузашта дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе байни муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (МТМК ҶТ)  мусобиқаи варзишӣ баргузор шуд.  Ин чорабинӣ бо иқдоми Шӯрои директорони МТМК ҶТ ба муносибати 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ташкил гардид. Дар он 22 тим аз шаҳру ноҳияҳо кишвар ширкат варзида, аз рӯйи панҷ намуди варзиш- шашка, шоҳмот, давидан, гӯштии миллӣ ва волейбол қувваозмоӣ карданд.

-Мақсад сарҷамъ намудани ҷавонон ва намоиши ҳунару истеъдоди онҳо тарбияи насли ояндаи кишвар дар рӯҳияи ватандӯстӣ, созандагӣ, таҳкими дӯстӣ миёни наврасону ҷавонон буд. Масъулони чорабинӣ кӯшиши зиёд ба харҷ доданд, ки ин мусобиқа дар сатҳи хуб ва манфиатбахш гузарад. Ҳамаи иштирокчиён фаъол буданд ва беҳтаринҳо сазовори мукофоту туҳфаҳои хотиравӣ шуданд,- гуфт раиси Шӯрои директорони  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, номзади илмҳои техникӣ Самариддин Яқубов.

Ин нуктаро муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозоралӣ Одинаев низ таъкид карда, ба ташкилкунандагони ин чорабинии варзишӣ барои таваҷҷуҳ ба тарбияи ҷавонон изҳори миннатдорӣ намуд ва иштирокчиёни мусобиқаро бо комёбиҳояшон табрик намуд.

Сипас, аз ҷониби мавсуф ва дигар масъулону сарпарастон ба ғолибон ва иштирокчиёни беҳтарин мукофотҳои таъсисгардида ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Аз рӯйи ҷамъбасти умумӣ варзишгарони Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ҷойи аввал, Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҷойи дуюм ва  Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе сазовори ҷои сеюм шуданд.

Ҳамчунин  Коллеҷи энергетикаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббии шаҳри Душанбе, Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ва Коллеҷи муҳандисию омӯзгории ноҳияи Ҷаббор Расулов аз фаъолтаринҳо дониста шуданд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум». 

Суратгир А. Исоев