Нақши Пешвои миллат дар рушди кишоварзӣ муассир аст

№112-113 (3592-3593) 30.08.2016

Чанде пеш дар бинои Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар ислоҳоти муносибатҳои истифодаи замин дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд.

Дар он  муовини Сарвазири ҷумҳурӣ  Зокирзода Маҳмадтоҳир, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот, вазири кишоварзӣ  Иззатулло Сатторӣ ва дигарон маърӯза карданд.

Дар оғоз раиси  Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода оид ба нақши Пешвои миллат дар ислоҳот ва истифодаи оқилонаи замин сухан ронда, аз ҷумла қайд намуд, ки дар замони гирифтории ҷумҳурӣ ба буҳрони шадиди иқтисодӣ бо дастури Президенти ҷумҳурӣ 75 ҳазор гектар замини корами обӣ ба деҳқонони кишвар тақсим карда шуд. Ин иқдом минбаъд боиси пешбурди  зиндагии деҳқонон, таъмини амнияти озуқаворӣ гардид.

Дар баробари ин, Пешвои миллат ҳамеша кишоварзонро даъват менамоянд, ки фарҳанги заминдориро омӯзанд, аз он оқилона истифода баранд.

- Ҳамрадиф бо омилҳои зикршуда, — гуфт ӯ, — таъкиду супоришҳо ва чораҷӯйиҳои дигари Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯзҳо соҳибони замин дар як мавсим ду-се ҳосил мерӯёнанд.

- Мутаассифона, ҳолатҳои қонун-вайронкунии вобаста ба замин зиёд ба чашм мерасанд. Соли гузашта дар рафти санҷишҳои назоратӣ 252 ҳолати қабул кардани қарорҳои ғайриқонунӣ вобаста ба тақсимоти замин ошкор гардид.

Тоҷикистон сарзамини камзамин аст. Танҳо 7 дарсади онро заминҳои кишт ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз, мо бояд ҳар ваҷаби онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва муқаддас дорем.

 Абдухолиқ МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»