Нишони «Донояк» ба забондонҳо

№114-115 (3260-3261) 03.10.2014

помери

Забони модарии мо ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошт. Вале муносибату ғамхорие, ки имрӯз – дар даврони соҳибистиқлолӣ зоҳир мегардад, дар дигар давраҳо набуд, зеро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба забон таваҷҷуҳ ва ғамхории беандозае зоҳир менамояд. Ҳар сол дар Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони кишварро табрик мегӯянд ва баҳри боз ҳам баланд бардоштани мавқеи он ҳамеша ғамхорӣ мекунанд.

Боиси хушнудист, ки дар ҷумҳурии мо Рӯзи забони давлатӣ ҳар сол ботантана ҷашн гирифта мешавад. Мо-омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ дар ин рӯзи фархунда саҳми худро мегузорем. Тасмим гирифтам, ки доир ба фанни забони модарӣ бо шогирдонам чорабинии адабӣ-фарҳангӣ гузаронем. Ба ин васила хонандагон бори дигар бо забони ноби тоҷикӣ аз наздик шинос шуда, аз дурдонаҳои забон ва адабиёти тоҷик баҳравар шаванд.

Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ бо хонандагони синфҳои чоруми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 37-и ноҳияи Сино викторинаи байнисинфии «Донояк»-ро гузаронидем.

Аъзои ҳакамон дар ҳайати директори мактаб Ашурбӣ Каримова, ҷонишини директор оид ба синфҳои ибтидоӣ Назарбегим Музофирова, омӯзгорон Мисринамоҳ Султоншоева, Хоним Давлатқадамова  ва Саида Раҷабова интихоб шуда, ба иштирокчиёни  викторина баҳои сазовор доданд.

Аз байни синфҳо се нафар  хонанда барои иштирок дар викторина интихоб шуданд. Инҳо Фархундаи Саидҷон, Шаҳзодаи Шуҳрат ва Шервон Ҳасанов буданд. Ба иштирокчиёни викторина ба воситаи тахтаи электронӣ саволу супоришҳо пешкаш гардид. Хонандагон барои ҷавоб танҳо як дақиқа вақт доштанд. Хонандагони боқимонда дар викторина чун мухлис –тамошобин ҳузур доштанд.

Аз рӯйи барномаи викторина ба иштирокчиён саволҳои шифоҳӣ дода шуд. Касе ҷавоби дуруст дода, байте бахшида ба забони тоҷикӣ қироат кунад, сазовори нишони «Донояк» мегардид.

Дар маҷмӯъ, викторинаи синфии «Донояк» хеле шавқовар гузашт ва хонандагон таассуроти бою фаромӯшнашаванда ҳосил карданд. Мувофиқи натиҷаи холҳои умумӣ ҷойи аввал ба Фархундаи Саидҷон, ҷойи дуюм ба Шаҳзодаи Шуҳрат ва ҷойи сеюм ба Шервон Ҳасанов сазовор дониста шуд. Аз байни тамошобинон-мухлисон ба саволҳо беш аз ҳама Хушдили Мардон, Меҳрона Бозорова, Ибодат Мӯъминова, Замираи Рӯҳулло ва Иброҳим Аминов ҷавобҳои саҳеҳ доданд.

Дар анҷоми викторина директори мактаб Ашӯрбӣ Каримова хонандагон-иштирокчиёни викторинаро барои посухҳои қаноатбахш, донишу нутқи бурро ва ифоданок хондани порчаҳои шеърӣ таҳсин хонд. Ғолибони викторина бо нишони «Донояк», ифтихорномаи мактаб ва китобҳои нави бадеӣ мукофотонида шуданд.

Дар кори омӯзгориям ҳамеша ба таҷрибаи пешқадами модари азизам — Муаллимаи хизматнишондодаи мактабҳои РСС  Тоҷикистон Шарофат Алиёрова  такя мекунам.

Викторинаи синфии «Донояк» нишон дод, ки хонандагон забони модариашонро хеле дӯст медоранд ва бо забони адабӣ озодона фикру андешаҳояшонро баён намуда, шеърҳо қироат мекунанд.

Мақсади асосии викторина забондонӣ ва арҷгузорӣ ба забони давлатӣ буд. Хонандагон аз уҳдаи ҷавоби ҳамаи саволҳо баромаданд. Ин исботи он аст, ки онҳо забони модарии худро азиз медоранд.

Дар анҷом аз забони устод  Лоиқ ба шогирдонам муроҷиат кардам:

Аз миллату аз забони худ ёд кунед,

Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.

То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли шумо,

Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед.

 

Идигул Ватаншоева, муаллимаи синфҳои ибтидоии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 37-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, омӯзгори дараҷаи тахассуси олӣ.

Дар сурат: ғолибон — барандагони нишони «Донояк» Фархундаи Саидҷон, Шервон Ҳасанов ва Шаҳзодаи Шуҳрат бо муаллимаашон Идигул 

Ватаншоева