Ба ифтихори 150-солагии Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ

Ҳоҷӣ Ҳусайн ва Бозор Собир

№7 (3957) 17.01.2019

Каломи нарму мавзуну муқаффо

Кунад дил равшану хотир мусаффо.

                                     Ҳоҷӣ Ҳусайн

husajn-2-001-kopija-e1541236648487Ҳоҷӣ Ҳусайн агарчи дар Бухоро таълим гирифта, илмҳои замонашро аз худ менамояд, аммо фаъолияти эҷодии ӯ асосан дар зодгоҳаш, кӯҳистони Хатлон сипарӣ мегардад. Лиҳозо, дар бораи ӯ дар тазкираҳои замонаш, ба ҷуз тазкираи Муҳтарам, маълумоте дода нашудааст. Албатта, набудани маълумоти кофӣ кори пажӯҳишгаронро мушкил менамояд. Аммо ба ин нигоҳ накарда, бархе аз адибону муҳаққиқон солҳои пеш ба таҳлилу баррасии осори ӯ пардохтанд ва заминаи ҳоҷишиносиро дар кишвар муҳайё сохтанд. Агар Саидумар Султонов бори аввал (1962) осори шоирро дар кишвар ба нашр расонда ва К. Чиллазоду Амирхӯҷа Абдураҳимӣ куллиёти ӯро (1998) тақдими ҳаводорон карда бошанд,  Амирбек Ҳабибов дар адабиётшиносӣ нахустин касест, ки ба гирдоварию таҳқиқи осори адибони кӯҳистон, аз ҷумла Ҳоҷӣ Ҳусайн, ҳиммат гуморидааст. Ӯ як навъ дастур ва гуфтори устодон Айнию Деҳотию дигаронро дар ин замина амалӣ сохтааст.  Воқеан, устод Айнӣ бори аввал дар мақолаи «Тоҷикони кӯҳистон» дар бораи адабу маорифу фарҳанги кӯҳистониён маълумот дода, аз адибони кӯҳистон бисёр самимона ва бо муҳаббат васфу ситоиш намудааст. Ба қавли ӯ, «аҳолии кӯҳис­тон нисбат ба соири ҷойҳои Туркис­тон бисёртар соҳиби хату савод ҳастанд. Дар аҳди пеш мадрасаҳои Бухоро ва Самарқандро бисёртар тоҷикони кӯҳистон ишғол мекарданд. Аҳолии кӯҳис­тон, умуман, соҳиби заковат ва зеҳни соф буда, ба хондан зиёда муҳаббат доранд. Шеъру адабиётро дӯст медоранд. Шоирҳои он ҷо мисли шоирҳои шаҳрӣ қоидадон нестанд, устод надидаанд ва шеърашон аз ғалбери танқид нагузаштааст, маазолик, шоиранд ва истеъдоди шеърии худро ҳар вақт намоён карда меистанд». Абдусалом Деҳотӣ низ соли 1934 дар мақолаи «Шоирони кӯҳистон» зарурати омӯхтани осори адибони кӯҳистонро ба миён гузошта ва гуфта буд: «Маҳалҳо, таърих ва тазкираҳоро ҷустуҷӯ карда, зинда гардондани номи шоирони кӯҳистони тоҷик ва омӯхтани эҷодиёти онҳо яке аз вазифаҳои муҳими мо, ходимони адабиёти советии тоҷик мебошад».

3C6B01CD-0B75-4EFA-9F65-5FF98A31E9AF_w1023_r1_sМутолиаи осори Ҳоҷӣ Ҳусайн нишон медиҳад, ки ӯ на танҳо адиби таъсирпазир, балки таъсиргузор ҳам будааст. Дар осори ӯ ба номҳои Фирдавсӣ, Ибни Сино, Низомӣ, Заҳир, Ҷомӣ, Бедил, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва дигарон рӯ ба рӯ  шудем, ки аз таъсирпазирии ӯ аз онҳо дарак медиҳад. Дар ин бора муҳаққиқони осори шоир низ ишора кардаанд, аммо дар бораи таъсиргузории ӯ дар адабиёт ҳанӯз касе чизе нагуфтааст. Инак, мехоҳем, ки дар ин навишта таъсири ашъори ӯро ба яке аз шоирони бузурги асри гузаштаву имрӯзаи тоҷик устод Бозор нишон диҳем.

Устод Бозор агарчи шоири навпардоз аст, аммо ба шеъри гузаштагон низ алоқа дошт. Осори онҳоро мехонд, гоҳе ба онҳо пайравӣ менамояд, ёд мекунад, номашонро зикр менамояд, ба осори эшон назар доштанашро дар поварақ ишора мекунад, аммо ҳеҷ гоҳ пойбанди эшон нашудааст, мисли онҳо шеър нагуфтааст, мисраҳояшонро тазмин накардааст, ба ғазалҳояшон мухаммас набастааст, шеъри ирфониву сӯфиёна нагуфта, яъне рафтори муқаллидона надошт. Лиҳозо, дар осораш фақат як маротиба мебинем, ки ӯ шеъри Мавлоноро тазмин менамояд, аммо он ҳам бидуни ишораву нохунак, зеро ашъори машҳурро ҳаргиз дар нохунак намегиранд:

«Боз шире бо шакар омехтанд,

Ошиқон бо якдигар омехтанд,

Рӯзу шабро аз миён бардоштанд»,

Хоби худро бо саҳар омехтанд…

Зимнан бояд гуфт, ки устод Бозор на танҳо ба осори адибони бузурги адабиёт, аз ҷумла Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хоқонӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҳотифӣ, Урфӣ, Fанӣ, Калим, Соиб, Толиби Омулӣ, Бедил ва дигарон, ошно будааст, балки ба осори шоирони доираҳои адабии кӯҳистони тоҷик низ шиносоӣ доштааст.  Хусусан, ба осори Ҳоҷӣ Ҳусайн ва Парӣ алоқаи вижа дошт.  Аз Парии Ҳисорӣ фақат як маротиба дар мақолаи «Завқи шеър» ёд меорад ва ситоиш менамояд ва мегӯяд: «Парии Ҳисорӣ парӣ набуд, балки ҳамчун фатири мухпарзадае чутуру обиларӯе будааст, вале ғазалаш парӣ буд, забонаш парӣ буд:

Парӣ чун равғани поки Бухорост,

Шунидан дораду дидан надорад».

Устод Бозор дар ин ҷо ба ривояти зер дар бораи Парии Ҳисорӣ, ки устод Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» меорад, назар доштааст: «Гӯянд, ки Парӣ қареҳулбашара буд. Фузалои Бухоро, ки аз ҳусни гуфтор, тарзи ашъораш толиби дидори ӯ шуда буданд, боре ба Бухоро хондандаш. Парӣ дар ҷавоб ин байтро навишта фиристод:

Парӣ чун равғани поки Бухорост,

Шунидан дораду дидан надорад».

Аммо аз Ҳоҷӣ Ҳусайн, ки ӯ  ҳам аз шоирони доираҳои адабии кӯҳистони тоҷик маҳсуб мешавад, на танҳо чанд бор ёд мекунад, балки аз осораш суд ҳам меҷӯяд. Масалан, ӯ ҳангоми эҷоди ин шеър:

Рагҳои дили маро буриданд аз банд,

Сад теғ заданд дар рагу дар пайванд.

Рагҳои буридаи дилам хуншоранд,

Монанди найи буридаи найзоранд.

ки пас аз ҷарроҳӣ шуданаш сурудааст, ба ин байти Ҳоҷӣ Ҳусайн:

Зи ғами ҷудоӣ Ҳоҷӣ ба фиғон чаро нанолам,

Ки чу най зи найситонам ҳама кас бурида бигзашт.

аз ин ғазали машҳури ӯ:

Чӣ сабаб, ки турки мастам, бари мо надида бигзашт,

Нанишасту нолаи мо даме ношунида бигзашт?

назар доштааст ва онро ба ҳолу ҳавои худ мувофиқ ёфтааст.

Зимнан бояд гуфт, ки зикр, ёдкардҳову таассури устод Бозор аз Ҳоҷӣ Ҳусайн танҳо ҷанбаи адабӣ надорад, балки ҷанбаи қавии иҷтимоию сиёсиву милливу инсониву шахсӣ доранд ва ба ҳодисаву рухдоду вазъу ҳолати шоир иртибот мегиранд. Масалан, агар дар шеъри боло шоир ҳолати худро бо ҳолати дар байти Ҳоҷӣ тасвирёфта монанд карда бошад (Рагҳои буридаи дилам хуншоранд, Монанди найи буридаи найзоранд), дар шеъри «Кӯлоби як баёзи пур аз сураи намоз», ки ба гиромидош­ти хотираи Ҷиёнхон Ризо ихтисос мегирад, аз ҳаводиси номатлуби солҳои навадуми асри гузашта, ки дар он аз ғафлату ҷоҳилӣ хуни зиёди ноҳақ рехта ва миллат қурбонии зиёд дода буд ва яке аз онҳо Ҷиёнхон Ризоев буд, ба хонанда хабар медиҳад. Шоир он ҳодисаи нангинро на фақат маҳкум мекунад, балки нафрату дур будани худро аз ғофилону гумроҳон ва наздик будани хешро ба чеҳраҳое чун Восеъ, Сайдалӣ Вализода, Одина Ҳошим, хусусан Ҳоҷӣ Ҳусайн ва соири  фарзандони ин диёр, ки фахри миллати тоҷик мебошанд, эълом медорад ва мегӯяд:

Аммо ба номи шӯриши Восеъ як китоб

Кӯлоб бо ман аст,

Кӯлоби ҳамчун аз кунҷит

Аз устухони дастаи манғит

Ҷувозкаш.

Кӯлоби сарбадор,

Кӯлоби Дараи Мухтор,

Кӯлоби Гулузор.

Аммо ба исми Ҳоҷии Кангуртӣ як баёз

Монанди ҷонамоз,

Умре ба назди ман

Чун ҷонамоз боз,

Кӯлоб бо ман аст,

Кӯлоби як баёзи пур аз сураи намоз.

Мусаллам аст, ки мазҳабӣ шудани ҷомеа, хусусан афзоиши ҳоҷиёни бемиллату беҳувияту бешахсият, ки танҳо дар фикри хӯрдану мурдану уқбоянд ва дунёро билкул фаромӯш кардаанд, аҳли адабу илмро нигарон сохта ва месозад. Аз ин рӯ, устод Бозор ба ин ҳоҷиёни беҳувияту уқбогаро метозад ва аз Ҳоҷӣ Ҳусайн, ки рамзи адабу фарҳанг ва ҳувияти миллӣ аст, талмеҳану талвеҳан ёд мекунад ва мегӯяд:

Сад ҳоҷии манқуртӣ,

Як Ҳоҷии Кангуртӣ.

Маълум мегардад, ки устод Бозор ба Ҳоҷӣ Ҳусайн ва осори ӯ ошноии хуб доштааст ва ӯро ҳамчун шоир эътироф мекардааст, агар вайро ҳамчун шоир дарнамеёфт, на ба осораш назар медошт, на аз вай ёд мекард. Зеро устод Бозор ғурури баланди ҳунарӣ дошт, шеърро аз назм тафовут медод. Лиҳозо, ҳеҷ гоҳ ба ному унвону мақоми шоир наменигарист, балки фақат ба шеъраш баҳо медод, бигзор он шоири гузашта бошад ё ҳол, бузург бошад ё кучак, барои ӯ фарқе надошт. Ҳамин аст, ки вай Абдуллоҳи Дӯст (Хоксорӣ)-ро беҳ аз шоирони қофиягӯву мазҳабзадаву арабгаро ва беҳувияту бетафовуту ҳаётгурез медонист. Аз ин хотир, дар поёни шеъри «Назми мо то асри ХХ» чунин мегӯяд:

Хондаам девони шоирҳои  деринро ду бист,

Метавонам шеърашонро ҳам мисол орам дувист.

Назми мо то асри бистум ҳамчу назми мурда зист,

Мурдаи ин мӯмиёӣ зинда шуд дар асри бист.

Шеър агар аз зиндагонӣ нест, шеъри зинда нест,

Шеъри тарсуи гурезон аз набарди зиндагист…

Шеъри дарвеши мағоку шеъри шайхи хонақоҳ,

Харзаю васвосаю ваҷду ҷунун, ҷаҳру самоъ.

Ростӣ, аз ҳар падарсолори шеъри обшуст,

Бартарӣ дорад чу шоирпеша Абдуллои Дӯст.

Як-ду ҳарфе дар ҷабини коғазе бастан гиреҳ,

Аз ҳазорон байтҳои баста чун тасбеҳ беҳ…

Хулоса, ёдкардҳои устод Бозор аз Ҳоҷӣ Ҳусайн ва судҷӯӣ аз ашъори ӯ нишон медиҳад, ки Ҳоҷӣ Ҳусайн яке аз шоирони мавриди назари устод Бозор будааст. Сабаби таваҷҷуҳи устод Бозор ба Ҳоҷӣ Ҳусайн, пеш аз ҳама, ба шеърияти осори ӯ вобаста аст, зеро устод Бозор танҳо алоқаманди адибонест, ки рӯҳи миллӣ доранд, ватандӯстанд ва ё ба маънии аслаш шоиранд, на нозиму бетафовут. Ӯ Ҳоҷӣ Ҳусайнро маҳз барои шоир будан дар осораш ёд кардааст, зеро ӯро шоир дарёфтааст. Пас, месазад, ки осори Ҳоҷӣ Ҳусайн мавриди пажӯҳиши ҳамаҷониба қарор бигирад. Дар ин замина на танҳо аз таъсирпазирӣ, балки таъсиргузории ӯ низ набояд ғафлат варзид. Ин мавзӯъ дар шинохти шеъри шоир ва таъини мақоми ӯ дар адабиёт нақши муҳим ва муассир мебозад, зеро ба осори Ҳоҷӣ Ҳусайн на фақат устод Бозор, балки адибони дигар низ ба ин ё он навъ алоқа ва назар доштаанд, суханашро пайравӣ намудаанд, иқтибос кардаанд, ба ғазалҳояш мухаммас бастаанд ва аз ӯ ёду ситоиш намудаанд. Чунончи:

 Ҷаҳонгардида Ҳоҷӣ Чун муаммо андар муаммо дид,

Бихонд илми нуҷуму Тарҳи некӣ фоли фардо дид. 

Ҳабибулло Файзулло

 Омад ба тавофи марқадат Хайрандеш,

Дорад фақат уммеди дуо, Ҳоҷӣ Ҳусайн.

Хайрандеш

 

Ҷамолиддин САИДЗОДА