Олег Кошевой дар даст «Рубоиёти Хайём» дошт

№92 (3886) 31.07.2018

newphoto195917 октябри соли 1941 гусели аскарон доир гашт. Бо хоҳиши раиси ноҳияи Шӯрообод Бобо Носиров ва комиссари ҳарбӣ Стартов, бобои Гулмад, падаре, ки якбора се писарро ба ҷанг мефиристод, сухан кард:

- Имрӯз барои ман боиси ифтихор аст, ки ҷигарбандонро ба ҷанг мефирис­там. Ҷои ҷавонмард дар чунин рӯзҳо бояд ҷабҳа бошад. Мард бошеду ба Ватан содиқ ва ба душман беамон бошед!

Яке аз писарони бобои Гулмад — Шермад Гулмадов, капитани шердили тоҷик, баъдтар дорандаи ордену медалҳои зиёди ҷангӣ ва шаҳрванди фахрии шаҳрҳои Запорожетс ва Минску Краснодар буд. Бародараш Шомад зинда баргашт, вале Бегмад дар ҷанг ҳалок гардид.

Номбурда дар муҳорибаҳои шаҳри Сталинград ва озодкунии шаҳрҳои Пенза, Старобелск, Запороже, Краснодон ва давлатҳои Полшаю Руминия иштирок намуда, то Берлин расид. Ҷанговарони Полки 68 – и тирандози дивизияи генерали армия Ватутин, ки Шермад шомили он буд, ба душман зарбаҳои ҳалокатбор заданд, шаҳрҳои номбаршударо аз фашистон озод карданд.

Дар наздикии шаҳри Краснодон баъди зарбаҳои пай дар пай ҷанговарони полк усули худро тағйир дода, ба мудофиа гузаштанд. Командири баталион майор Соболев капитан Ш. Гулмадов, ҷанговарон Калимов, Гвенитадзе, Баришев ва старшина Винникро ба ситоди полк даъват карду гуфт:

- Мо бояд амалиёт бо номи «Барбарос» — и душманро барбод занем. Ҳоло бошад, асир гирифтани «забон» хеле муҳим аст.

Капитан Шермад Гулмадов, старшина Винник, ҷанговарон  Матевосян, Калимов, Гвинитадзе ва Баришев ба разведка сафарбар шуданд. Душман сода набуд, гирду атрофро мина гузошта буданд ва аз таркиши мина ҷисми сарбоз Баришев пора гардид. Гитлерчиён ба тирпарронӣ шурӯъ карданд.Ҷанги шадид сар шуд. Капитан Гулмадов ва старшина Винник ба сӯйи душман тир кушода, норинҷак партоф­танд. Фашистҳо бо мошинҳои зиреҳпӯш ва сагҳои бӯйгир сарбозони шӯравиро ба иҳота гирифтанд. Қувва нобарорбар буд ва Гвинитадзе, Калимов, Баришев қаҳрамонона ҳалок шуданд. Винник аз сар ва болои қафаси сина, Матевосян аз рони по, Гулмадов аз оринҷи даст захм бардоштанд. Вақте ба ҳуш омаданд, ки худро дар дохили бинои торик диданд. Ҷавони ситорагарме наздашон омада, худро Олег муаррифӣ кард. Китобе дар даст дошт, ки навиштаҷоти муқоваи он — «Умари Хайём» дар нимторикӣ ҷило медод.

Олег рубоиёти Хайёмро дар тарҷумаи русӣ хеле форам қироат кард. Ӯ ҳамон Олег Кошевой буд, ки роҳбарии ташкилоти пинҳонкори «Гвардияи ҷавон» дар шаҳри Краснодонро ба уҳда дошт. Дар ҳабсхона аъзои дигари «Гвардияи ҷавон» — Сергей Тюленин ва Иван Земнухов низ буданд. Аз рӯи нақли Олег ташкилот ба шумули У. Громова, И. Туркенич, В. Третякович, Л. Ветсова боз 91 ҷавони боору номусро муттаҳид карда, дар ихтиёр 4 радиоприёмник, матбаа, яроқу моддаҳои тарканда доштанд. Онҳо аҳолиро аз вазъияти фронт ва аҳволи дохили мамлакат хабардор намуда, варақаҳои тартиботӣ паҳн мекарданд. Анборҳои яроқу аслиҳаро оташ зада, кӯпрукҳоро метарконданд.

Мутаассифона, имкони ба таври кофӣ бо онҳо ҳамсуҳбат шудан муяссар нагардид. Як поси шаб Олег ва рафиқонашро фашистон бурданд. Ҳини хайрухуш Олег бо ҳамон табассуми ба худ хос Шермаду ҳамяроқонашро бовар кунонд, ки ҳатман ғалаба хоҳем кард.

Соатҳои ду ё сеи шаб аз тарафи дарёи Дон ва ҷангалзор садои тӯпу таркиш ва тирпарронии пулемёти «Максимка» ба гӯш расид. Партизанҳо мавқеи душманонро аниқ карда, ба ҳуҷум гузаштанд. Агар ин ҳуҷум каме пештар оғоз меёфт, шояд Олег ва рафиқонаш зинда мемонданд.

Баъди ҳуҷум дар анбор рахна пайдо шуд ва посбонон ба ҳалокат расиданд. Шермад ба захми худ нигоҳ накарда, Айрик Матевосянро ба пушт гирифта, ба роҳ баромад. Қарибиҳои субҳ ба назди партизанҳои дастаи Бойко ва Мишулин расиданд ва муборизаро дар ҳайати полки 38 идома доданд. Барои корнамоӣ  Шермад Гулмадов, Горба ва Баршак бо ордени «Ситораи сурх» мукофотонида шуданд. Ҳамяроқон дар озодкунии Полша, Руминия ва Венгрия иштирок намуда, Ғалабаро дар лаби дарёи Одер пешвоз гирифтанд.

Моҳи май соли 1984 Шермад Гулмадовро ҳамяроқон Горба, И. Беда ва А. Баршак ба шаҳри Запорожетс даъват карданд. Дар ҷараёни ин сафар ҳамяроқон ба шаҳри Краснодон рафта, дар мазори аъзои ташкилоти «Гвардияи ҷавон» гулчанбар гузоштанд.

Исматуллоҳи ЯЪҚУБЗОД,

рӯзноманигор