7 октябр - Рӯзи омӯзгорон

Ҷонҳо фидои мардуми некуниҳод бод

№114-115 (3260-3261) 03.10.2014

ЃоибназарОдамони нек ба мушке шабеҳанд, ки аз худ бӯи хуш меафкананд ва   атрофу акнофро  хушбӯй мегардонанд.   Муносибати хубу лафзи   хушашон дилҳоро тасхир  мекунаду  ба ҷону тан осудагӣ мебахшад. Аз суҳбати онҳо,  мисле ки    мусиқии дилнавозеро  шунида бошӣ,  ҳаловат мебарию меосоӣ…

Дар ёдам мондааст, ки замони донишҷӯӣ мо чанд омӯзгори хубу меҳрубон доштем, ки аз сидқи дил сабақ медоданд ва  бо ин ба дилу дидаҳоямон  роҳ ёфтанд. Эшон аз нигоҳи мо он қадар донишманд   буданд, ки гумон мекардем тамоми илмҳои замони худро медонанд. Мо ба ин устодон ва омӯзгорон  ҳамеша бо ҳасад менигаристем ва доимо дар орзуи суҳбати онҳо будем.

Декани онвақтаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии  Кӯлоб  Соат Чалишев  аз   маҳбубияти мо бо  ин устодон бохабар буд ва  ҳамеша дар ҳузуру ғоибашон аз онҳо бо як ифтихор  ёд мекард.

Боре  устод Чалишев дар  ҷамъомаде аз рӯзгори як ҷавони  қобилиятноке бо номи Ғоибназар Мирзоев ёд кард ва гуфт, ки он кас дар шаҳри Ленинград таҳсил доранд  ва ба ин наздикиҳо  баргашта меоянд.

Ғоибназар Мирзоев  аспирантураро дар Донишгоҳи  забоншиносии  Ленинград (ҳоло Санкт- Петербург),  ки он вақтҳо хеле машҳур буд, ба итмом расонида,  ба донишгоҳ баргашт. Вақте ки ӯ бори  аввал   ба дарс омад, ҳама тасаввуроти  мо  дар бораи ӯ ба якборагӣ нопадид гашт. Дар рӯ ба рӯи мо як ҷавони гандумгуни  хушқадуқомат ва зебо бо шиму кастюми ба танаш  зебанда ва мӯи сиёҳи мушкини ба қафо шоназада пайдо шуд. Лаҳни ширини гуфтор, талаффузи пурра ва мукаммали калимаю ибораҳо бо забони фасеҳи тоҷикӣ моро мутаҳайир кард. Баъди ҳамин сабақ ва суҳбат Ғоибназар Мирзоев дар қатори дӯстдоштатарин омӯзгорони мо қарор гирифт.

Рафтору гуфтори ӯ, дарвоқеъ, барои мо толибилмони кунҷкоб, ки он замон   ба  ҳар устод аз нигоҳи худ нигариста, баҳо муқаррар мекардем, хеле ҷолиб  ва ғайриодӣ буд. Махсусан, пӯшидани либос, суханронӣ, роҳгардӣ, имою ишораҳояш хеле писанд буд. Мо дар муносибату муоширати ӯ  рафтору гуфтори пешқадамро мушоҳида мекардем. Бо ин гуна муносибат ӯ аз дигар устодон фарқ мекард. Барои донишҷӯён низ ин  муомилаю муошираташ  мақбулу пандомӯз буд.

Воқеан,  ӯ бо рафтору кирдори худ  доимо дар  маркази таваҷҷуҳи донишҷӯён буд. Қабл аз ҳама бо ақлу фаросат,  дониш ва заковаташ. Ӯ чизҳои зиёдеро медонист, дарсҳояш низ барои мо мароқовару шавқангез буданд. Хислати аз ҳама беҳтаринаш ин буд, ки забони тоҷикиро бисёр хуб медонист. Тариқи  гуфтор,  тарзи  пурраи талаффузи калимаҳо дар гуфтугӯи ӯ диққати моро ба худ ҷалб  мекард. Суҳбатҳои  муқаррарии ӯ мисли он буд, ки наттоқе аз радио ва ё телевизион гуфтугӯ мекарда бошад. Садои  тоза, фаҳмо ва ширину марғуладораш хеле монанд ба  овози Абдулқодир Маниёзов буд, ки он замон дар ҷумҳурӣ наттоқи беназир ҳисоб мешуд. Ифтихор мекардем, ки чунин устод дорем.

Шунидани суҳбату дарсҳояш ба мо лаззат мебахшид ва донишҷӯён ба дарсҳояш бе қафомонӣ иштирок мекарданд. Ин буд, ки устод дар як муддати кӯтоҳ миёни ҳама донишҷӯёни факултет  соҳиби обрӯ ва эҳтироми калон гаштанд.

Бо вуҷуди ин қадар обрӯю нуфуз ва эҳтиром, ӯ як нафари хоксор ва  заминӣ буд. Ба мо донишҷӯён тарзе муносибат мекард, ки  гоҳо дар ҳолати ногувор мемондем. Яъне, хеле самимӣ, одӣ ва хоксорона.

Баъдтар,  вақте ки рисолаи номзадиашро дифоъ кард, обрӯю нуфузаш бамаротиб боло рафт, зеро кори тадқиқотии  ӯ ба яке аз масъалаҳои  муҳими забоншиносӣ — калимасозӣ  бахшида шуда буд. Устод дар мавзӯи: «Калимасозии пасвандии ҳиссаҳои номии нутқ дар забони тоҷикӣ» кори илмӣ ба анҷом расонид. Он замон дар ин соҳа  тадқиқотҳо хеле кам буданд ва кори ӯ эътибори зиёдеро соҳиб шуд.

Воқеан,  ӯ яке аз донандагони хуби забони тоҷикӣ буд ва ба он фасеҳ муошират мекард. Ҳамзамон забони русиро хуб медонист ва ин забондонӣ  шуҳраташро дар донишгоҳ бамаротиб боло бурд. Маҳз бо таъсири забондонӣ  соли 1979 ба уҳдаи ӯ сарварии кафедраи  забони русии умумидонишгоҳиро  вогузор карданд, ки  дар ин вазифаи масъулиятнок то солҳои 1982 фаъолият кард.

Ҳеҷ фаромӯш карда наметавонам, ки солҳои ҳаштодум, ҳангоми дар курсҳои такмили ихтисос таҳсил карданам, ба шаҳри Кӯлоб  забоншиноси  маъруфи тоҷик Шарофиддин Рустамов ташриф овард. Ӯ як- чанд соат ба  мо дарс гуфт ва аснои суҳбаташ бадоҳатан чунин изҳор кард,: «Мегӯянд дар ин донишгоҳ ягон профессори забоншинос нест. Ин гап ғалат аст. Дар ин ҷо профессорон ҳастанд. Ана, Ғоибназар Мирзоевро бубинед,  ин кас профессори ҳақиқӣ. Дар даҳ соли охир ман кори илмиеро мутолиа накардаам, ки баробар ба кори Ғоибназар бошад. Аз андешаю аз таҳлилҳояш чизҳои зиёдро омӯхтам. Ростӣ, ки хонда лаззат бурдам. Офарин ба ӯ!..».

Ин баҳои каси одӣ набуд, балки андешаи як забоншиноси маъруфи тоҷик буд, ки тадқиқотҳои муҳиме анҷом додааст.

Воқеан, сатҳи дониши Ғоибназар Мирзоев дар ин  соҳа баробар ба профессорон аст, ҳарчанд ки ӯ ин унвонро расман нагирифтааст, аммо донишмандони ҳақиқии соҳа ӯро хеле эътироф мекунанд.

Ба қалами ӯ бештар аз 70 асару  мақолаи илмӣ мансуб аст, ки ин ҳама  ба соҳаи калимасозӣ бахшида шудаанд. Аз ин шумор  даҳ мақолаи ӯ  дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар нашрияҳои Федератсияи Россия ба табъ расида, аз ҷониби олимони барҷастаи забоншинос баҳои сазовор гирифтанд.

Номзади илмҳои филология Ғоибназар Мирзоев бо корҳои тадқиқотии худ дар ин соҳа яке аз мутахассисони аввалин эътироф шудааст. Ҳангоми таҳсил дар Донишкадаи  забоншиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Санкт- Петербург аз олимони маъруфи соҳа   таълим гирифтааст. Он замон ин донишкада дар тамоми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз мактабҳои пуркувваттарини забоншиносӣ  ба ҳисоб мерафт. Дар ин ҷо забошиносон, аз ҷумла шарқшиносон ва эроншиносони маъруфи Иттиҳоди Шӯравӣ академик А.М.Боголюбов, профессорон А.Н. Болдирев, Л.Г.Герценберг, С.Н.Соколов,  В.С.Соколова,  В.А.Бондарко, О.В.Бондарко, Л.А.Грюнберг ва ғайраҳо кору фаъолият мекарданд.

Ӯ аввалин хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб буд, ки дар ин муассисаи машҳур на танҳо таҳсил, балки кору фаъолият кардааст. Баъдтар, зери роҳбарии устодаш, эроншиноси маъруф Соколова Валентина Степановна кори илмиашро дифоъ намуда, яке аз аввалин олимоне  гардид, ки дар соҳаи калимасозӣ дар забоншиносии тоҷик тадқиқот анҷом додаанд. Маҳз тавассути тадқиқоти Ғоибназар Мирзоев бори аввал дар забоншиносии тоҷик мафҳумҳое,  аз қабили  калимасозӣ, таҳлили калимасозӣ, воҳидҳо ва истилоҳоти калимасозӣ пайдо шуданд. Баъдтар, ӯ бо асару мақолаҳои ҷиддии тадқиқотиаш  дар ин соҳа  корҳои пураризишеро ба сомон расонид.

Ҳоло ӯ таҳияи китоберо бо номи «Калимасозии пасвандӣ дар забони тоҷикӣ» ба анҷом расонида, ба чоп супоридааст, ки  рӯзҳои наздик ба дасти донишандӯзон  мерасад.

Устод Ғоибназар Мирзоев дар баробари корҳои илмӣ, ҳамзамон ба корҳои роҳбарӣ ва ҷамъиятӣ низ шуғл меварзад,  ба қадри қуввату тавон ҳиссаи худро дар пешрафти донишгоҳ мегузорад. Ӯ дар вазифаҳои мудири кафедра, муовини декан, декани факултети  филологияи тоҷик, муовини ректор  ва ғайра  кору фаъолият кардааст. Вале боре мушоҳида накардам, ки  чизи аз ҳама асосӣ, одамият ва шахсияти ӯ тағйир ёфта бошад. Ӯро  ҳамеша   хоксор, заминӣ ва  дар мизони тавозӯъ медидам, чун солҳои пешин. Ҳамон тавре ки сӣ сол пеш аз ин дида будам.

Ҳофиз ниҳоди неки ту комат бароварад,

Ҷонҳо фидои мардуми некуниҳод бод.

 Алихон Зарифӣ, рӯзноманигор, барандаи Ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба номи А.Лоҳутӣ