Осори беҳрӯзӣ бувад, ойини Наврӯзи аҷам

№30 -31 (3667 - 3668) 18.03.2017

Қариб тамоми сарчашма ва нақлу ривоятҳо таҷлили расмии Наврӯзро ба номи Ҷамшед рабт медиҳанд. Агарчӣ Наврӯз то Ҷамшед низ ҷашн гирифта мешуд, аммо маҳз дар замони ӯ расмият пайдо мекунад. Аз ин рӯ, онро ҷашни ҷамшедӣ низ мегӯянд. Донишмандоне чун Берунӣ, Гардезӣ, Саолабӣ, Табарӣ, Фирдавсӣ, Умари Хайём низ таҷлили ин ҷашнро ба Ҷамшед нисбат додаанд. Мутаассифона, имрӯз бархе аз донишмандон дар нигоришоти хеш бунёдгузори ҷашни Наврӯз будани Ҷамшедро сарфи назар менамоянд ва аз ҷанбаи миллӣ бархӯрдор будани ин иди бузурги ориёиёни  эронитаборро зери суол мегузоранд.

Нодида гирифтан ва сарфи назар кардани маълумоти сарчашмаҳои дараҷаи аввал доир ба Наврӯз гурез аз ҳақиқати таърихӣ маҳсуб меёбад. Чунончӣ, баъзе аз амалкарди пажӯҳишгарони эронӣ, ки аз ғаразҳои сиёсию маънавии онҳо моя мегирад, барои мо-ворисони ин иди миллии тоҷикону форсҳо нигаронкунанда буда, ба рӯҳ ва арзишҳои миллии мо зарба мезанад, зеро онҳо Наврӯзро на як ҷашни миллӣ, ки расман аз Ҷамшед ва бо ибтикори вай шурӯъ мешавад, балки як ҷашне, ки гӯё «онро аз лобалои кӯҳҳо ва синаи даштҳо ва канори наҳрҳо ёфтаанд», медонанд. Аз ин хотир, мо бояд ин гуна бархӯрди носаҳеҳи эшонро, ки аз сиёсат ва мавқеи зиддимиллии онҳо берун меояд, нодида нагирем, балки ҷилавгирӣ намоем ва бо далоил исбот созем.

Дар «Осор-ул-боқия»-и Берунӣ  омада: «Чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динро аз нав кард. Ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт, агарчӣ пеш аз ин ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд».

Саолабӣ дар «Шоҳнома»-и худ роҷеъ ба ин қазия чунин навиштааст: «Чун Ҷамшед ба подшоҳии ҷаҳон расид ва парию мардум роми ӯ шуданд, барои онон суханронӣ кард ва гуфт: «Ман барои вежагиҳое, ки Худованд бар ман арзонӣ дошта ва фурӯғе, ки ба ман додааст, подшоҳи шумо шудам, то заминро ободон сохта мардумро бебиму осуда гардонам… Мардум ӯро намоз бурданд… Он гоҳ фармон дод, ки гардунае аз оҷу соҷ бисозанд ва онро ба дебо фарш кунанд. Сипас, бар он савор шуд ва девонро фармуд, ки ӯро баргиранд ва ба миёни осмону замин бубаранд ва бо ҳамон чархи якрӯза аз роҳи ҳаво аз Дамованд ба Бобул омад. Ин рухдод дар нахустин рӯзи фарвардин ва нахустин моҳи баҳор пеш омад, ки оғози сол ва ҳангоми тозагии ҷаҳон ва зинда шудани замон пас аз марги он аст. Мардум ин рӯзро рӯзи нав ва ҷашни фархунда номиданд ва Худои гиромиро ситоиш карданд. Ва ба ҷашну ромишу шодхорӣ ва пойкӯбӣ пардохтанд ва доди ин ҷашни хуҷастаро бидоданд».

Мутаассифона, «муаллифи китоби «Наврӯзгон»-Муртазии Ҳунарӣ бар хилофи нақлу ривоят ва маълумоти сарчашмаҳои дараҷаи аввал, ки ҷашнгирии Наврӯзро ба Ҷамшед нисбат медиҳанд, муассиси ин ҷашни миллӣ ва байналмилалӣ будани ӯро инкор менамояд ва онро на як ҷашни миллӣ, балки танҳо як ҷашни табиӣ, мардумӣ медонад, аммо кадом мардум зикр наменамояд. Ӯ ба ин тартиб теша бар решаи арзишҳои миллии ақвоми эронӣ, аз ҷумла тоҷикону форсҳо, ки Наврӯз яке аз муҳимтарин идҳои миллии эшон мебошад, мезанад ва мегӯяд: «Наврӯзро мо-эрониҳо ҳазорон сол пеш дар лобалои кӯҳҳо ва синаи даштҳо ва канори наҳрҳои ин сарзамин ёфтем. Ин моем, ки дар дарозои ҳазорон соли худу сарзамини худу фарҳанги худ як рӯзи бошукӯҳи бузург доштаем. Решаҳои барпоии Наврӯз фаротар аз устураҳо ва қиссаҳост. Ҳеҷ кас, ҳеҷ вақт дар ин диёр Наврӯзро ба хотири Ҷамшед ҷашн нагирифта ва намегирад, он ҳам Ҷамшеде, ки баъд аз подшоҳии дароз ва хидматҳои бисёр, оқибат ба шарр шуд ва «аз осмон боло рафт».

Бинобар ин, мо ба пажӯҳишгарону донишмандони эронӣ, ки ҳама чизро мехоҳанд ба номи Ислом рабт диҳанд, мегӯем: иштибоҳи азим менамоед, зеро Наврӯз аз бузургтарин идҳои миллии ақвоми эронӣ, аз ҷумла тоҷикону форсҳо ва соири мардуми ба ин фарҳангу тамаддун мутааллиқ мебошад. Мо вақте ки Наврӯз мегӯем, пеш аз ҳама, номи Ҷамшед пеши назар меояд, чунки тибқи маълумоти сарчашмаҳои муътабар маҳз дар замони Ҷамшед ва аз тарафи вай ин ҷашн расмият пайдо кард ва минбаъд ба бузургтарин идҳои миллии мо табдил ёфт. Дигар, рӯҳи миллию инсонии Наврӯз буд, ки дар аввали асри ХХ1 ҳамчун ҷашни байналмилалӣ аз тарафи ЮНЕСКО пазируфта шуд ва маънию мазмуни тоза касб кард ва ба яке аз ҷашнҳои муҳими ҷаҳонӣ мубаддал гардид. Беҳуда шоир нагуфтааст:

 Осори беҳрӯзӣ бувад ойини Наврӯзи Аҷам,

Ин рӯзи фирӯзӣ бувад аз давраи «Ҷамшеди Ҷам».

ҷамолиддин САИДЗОДА,

ходими калони илмии

Институти забон ва

адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон