Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид

№ 16.12.2021

Фуруги-субхи-донои15 декабри соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе маросими ботантанаи ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор ва ғолибон муайян гардиданд. Ба ғолибони ҷойи аввал 35000 сомонӣ, ҷойи дуюм — 25000 ва ҷойи сеюм 20000 сомонӣ, диплом ва  туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли сеюм аст, бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳама зинаи таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) доир мегардад.

Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, масъулони баргузории он вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радио ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошанд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, президенти ­Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, аъзои ҳакамон, иштирокдорону волидони онҳо ва намояндагони вазорату идораҳо, инчунин аҳли илму адаб иштирок намуданд.

Бинобар сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи Низомномаи озмун, ягон нафар ба дарёфти «Шоҳҷоиза» муносиб дониста нашуд.

Натиҷаи ҷамъбасти ниҳоӣ нишон дод, ки иштирокчиёни озмун аз шаҳри Душанбе соҳиби 27 ҷой, вилояти Суғд — 25, вилояти Хатлон — 10, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 8 ва ВМКБ соҳиби 7 ҷой гардиданд.

Ҳамчунин, ба 21 омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдонашон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд, 10 000 сомонӣ супорида шуд. Иштирокдорони озмун аз ҷониби Вазорати маориф ва илм бо сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ низ қадрдонӣ шуданд.

Бо пешниҳоди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва розигии раиси комиссияи озмун хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, иштирокчиёни фаъоли озмун, барои бе имтиҳон қабул шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои қабул шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба зинаи магистратура соҳиби роҳхат гардиданд.

Дар охир муовини Сарвазири мамлакат, раиси Комиссияи озмуни ҷумҳуриявии  «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Матлубахон Сатториён ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани он ба Вазорати маориф ва илми кишвар, Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар вазорату кумитаҳо, инчунин дар тайёр намудани довталабон ба роҳбаладон, омӯзгорону волидон ва барои шаффофу воқеъбинона баҳогузорӣ намудан ба ҳайати доварон изҳори сипос намуд.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»