Парчамбардори худшиносиву худогоҳии маънавӣ

№136 (3616) 03.11.2016

САЛИМОВ А Ф 80 солЗиндагии маънавӣ аслан ба кору пайкори шахсиятҳое такя мекунад, ки вуҷудро барои рушди маърифат, таҳаввули илму фарҳанг, тарбияи насли наврас бахшида, пайваста парчами худшиносиву худогоҳии маънавию таърихӣ, шинохти асолати миллиро аз роҳи омӯзиши таърих ва сарнавишти халқу миллат боло мебардоранд, ба чароғи хираду заковати олии хеш дирӯзу имрӯз ва фардои моро фурӯзону мунаввар медоранд.

Шуҳрат қуллаи дастнорас аст, онро танҳо шахсе соҳиб шуда метавонад, ки соҳибҳунар, фидоии касби хеш бошад. Мояи ифтихор аст, ки имрӯз миёни мо фардоне ҳастанд, ки заҳмату ранҷи хешро баҳри тарбияи шогирдон мебахшанд, зеро омӯзгоре, ки шогирди хуб тарбия карда метавонад, шабеҳи дарахти пурбор аст ва фахр пайваста аз шогирдон мекунад. Дар ин радиф миёни халқ ҳикмате ҳаст, ки агар  дар дунё инсонҳои нек набошанд,  ҳаёт дар рӯи замин тира мегардад. Хушбахтона, дар рӯзгори гузашта ва имрӯзи мо инсонҳои нек  буданд ва  ҳастанд, ки дар шукуфоии ҷамъият, зиндагии осоишта ва саодати мардум саҳми беназир доранд. Аз ҷумлаи ин шахсиятҳо Салимзода Амонулло Файзулло — ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор мебошад.

Вай дар муҳити кишоварзӣ ба воя расидааст ва қадри замину марди деҳқонро хуб медонад. Ин аст, ки дарси ибрати падар, ранҷи марди деҳқон барои луқмаи лоямут ӯро соли 1984 ба ягона маркази илму ҳунари  кишоварзӣ — Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон овард. Толеи баланд, дониши ҳаматарафа ва азму иродаи босубот буд, ки донишҷӯи факултети агрономӣ гардид. Натиҷаи илмомӯзӣ ва самимияту парастории омӯзгорони мушфиқ имконият доданд, ки ӯ соли 1991 донишгоҳро бомуваффақият хатм ва бо дарназардошти  қобилияти фавқулодаи илмдӯстӣ ва шавқу рағбат дар корҳои илмӣ — тадқиқотӣ комиссияи имтиҳоноти давлатӣ Амонулло Салимзодаро барои фаъолияти минбаъда ба ҳайси ходими илмӣ ба Институти илмӣ – тадқиқотии «Биотехнология»-и назди донишгоҳ тавсия намуд.

Баъди хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолияти минбаъдаи А. Салимзода танҳо бо ин даргоҳи илму ҳунар вобаста буда, ҳама зинаи хизматию маъмуриро сарбаландона бо ҳисси ифтихори ватандӯстӣ тай намуд.

Солҳои 1991-2001 ҳамчун лаборант, ассистент, омӯзгори калон ва дотсенти кафедраи «Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ» адои вазифа намуда, солҳои 1996-1999 баробар бо фаъолияти меҳнатӣ дар шуъбаи ғоибонаи аспирантураи донишгоҳ таҳсил кард. Солҳои 1997-2001 ҷонишини декани факултети «Агробизнес» буд. Қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва меҳнатдӯстии А.Салимзодаро ба инобат гирифта, барои фаъолият ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуданд. Ӯ солҳои 2001-2004 ба ҳайси ёрдамчии  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа карда, ҳамзамон, дар донишгоҳ ҳамчун дотсенти кафедра фаъолият намуд. Фаъолият дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барояш ҳам фахру масъулият ва ҳам мактаби сайқали таҷрибаи маъмурӣ гардид.

Соли 2004 пурра барои идомаи фаъолият ба донишгоҳ омад. Дар вазифаҳои ноиби ректор оид ба таълими ғоибона (2004-2007), мудири шуъбаи таҳсили ғоибона (2007-2008), ноиби ректор оид ба таҳсили ғоибона (2008-2009), ноиби ректор оид ба таълим (2009-2013) кор кард. Аз 6 — уми декабри соли 2013 дар вазифаи ректори донишгоҳ ва ҳамзамон, профессори кафедраи «Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ» фаъолият менамояд.

Профессор А. Салимзода бо хирад, дониш ва меҳнатдӯстӣ тавонист дар рушди ҷомеа саҳм гузорад ва ҳаёти наҷиби ӯ барои дигарон намунаи ибрат аст. Барҳақ мегӯянд, ки касон чӣ коранд, ҳамон медараванд. Ба қавли Ҳофизи ширинбаён: «Ҳар касе он даравад оқибати кор ки кишт». Қобили зикр аст, ки киштаи ин олими ҷавон, ки 49 сол дорад, самараи хуб додааст. На ба ҳар кас дар ин синну сол муяссар мегардад, ки дараҷаю унвонҳои баланди илмиро соҳиб шавад.

А.Салимзода дар машварату суҳбат бо омӯзгорону донишҷӯён ҳидоят менамояд, ки рӯ ба илм оранд, ки он барандаашро ба ҳақ мерасонад, хоксор бошанд ва ҳар қадар муваффақ шаванд, хубтар эҳсос мекунанд, ки чӣ миқдор корҳо анҷом наёфтаанд. Ва илм он омилест, ки ҳар фард сарнавишти худро месозад ва соҳибэҳтиром мегардад, ки дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки: «Арзиши илм  ва ҳурмати соҳибилм ҳеҷ гоҳ паст намегардад».

Ӯ бо кормандону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ робитаи наздик дорад ва дар тарғиби комёбиҳои илму таҷрибаи пешқадами амалияи истеҳсолот фаъолона иштирок менамояд.

Профессор А.Салимзода омӯзгориро умдатарин бахши фаъолият дониста, ҷонибдори муносибатҳои нав дар таълиму тарбия, ҳаводори ҷиддии ислоҳоти соҳаи маориф аст. Барояш мояи ифтихор аст, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи ҳамешагӣ дошта, ғамхорӣ менамоянд ва онро афзалиятнок эълон кардаанд.

Омӯзгорӣ эҷодкорист, заҳмати зиёду пурмашаққатро талаб мекунад. Ӯ туфайли донишу хирад ва тадбиркорӣ мутахассис тарбия мекунад. Шахсияти бузургу нотакрорест, ки бо чароғи ақл олами фикрии шогирдонро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро кашф менамояд. А. Салимзода ҳамчун роҳбари кордону уҳдабаро дараҷаи омӯзгории худро мунтазам такмил медиҳад. Бо ин васила, дар байни устодону донишҷӯён обрӯю эътибори хоса дорад. Номбурда барои гузаронидани машғулиятҳои назариявӣ, озмоишгоҳию амалӣ, иҷрои корҳои назоратию курсӣ ва дипломӣ, китобу дастурҳои зиёди услубию таълимиро таҳия ва нашр намудааст.

Ӯро бахти баланд насиб гардидааст, ки фаъолияти илмиашро зери роҳбарию сарпарастии академикҳо Ю.С. Носиров, Х. Ҳ. Каримов ва узви вобастаи АИ ҶТ Қ. А. Алиев оғоз бахшиду идома дод. Олимони номбурда дар самти биология, генетика, физиология ва биотехнология шуҳрати ҷаҳонӣ доранд ва дар як вақт мактабҳои илмии эътирофгаштаро роҳбарӣ намудаанд. Профессор А.Салимзода бо ҳисси қаноатмандӣ меболад, ки зинаҳои ҳаёташ дар иҳотаи устодону омӯзгорони мушфиқу шинохта сипарӣ гардидааст.

Тадқиқотҳои илмиаш ба масъалаҳои мубраму рӯзмарраи илму амалияи истеҳсолоти кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, парвариш ва истеҳсоли картошка бо усули биотехнологӣ, таҳияи низоми ба даст овардани самаранокии тухмии босифати картошка бахшида шудаанд.

Мавсуф дар тадқиқотҳо ба масъалаи парвариш ва истеҳсоли тухмии босифати картошка, баъзе хусусиятҳои физиологию агротехнологии он дар шароити водиҳои Ҳисор, Рашт ва ноҳияи Мӯъминобод таваҷҷуҳ зоҳир намудааст.

Дар натиҷаи тадқиқотҳои пай дар пайи илмӣ ба А. Салимзода муяссар гардид, ки дар ҷумҳурӣ системаи ги­рифтани тухмии босифати картошкаро бо методи биотехнологӣ ба роҳ монад, асосҳои гирифтани тухмии базисии картошкаи бидуни вирусро коркард намояд. Ҳамин тариқ, номбурда дар ҳалли яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини амнияти озуқа­­­ворӣ саҳми босазо гузоштааст.

Профессор А. Салимзода сермаҳсул аст. Вай аз рӯи натиҷаи тадқиқотҳояш зиёда аз 110 матолиби илмӣ, аз ҷумла 8 китоби дарсӣ, 15 дастури таълимию  методӣ, ду монография, се тавсиянома ва мақолаҳои илмӣ нашр намудааст. Мавсуф дар нашри китобҳои «Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ» (2007), «Технологияи нигоҳдории меваю сабзавот» (2011), «Технологияи умумии консервакунонӣ» (2011), «Асосҳои илмию амалии технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ» (2012), «Баҳо додан ба ғизонокӣ ва сифати хӯрокаҳо» (2014), «Картошка ва парвариши он дар Тоҷикистон» (2014),  «Технологияи коркарди меваю буттамеваҳо» (2016), «Асосҳои агрономӣ» (2016), «Луғати тафсирии русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ» ва ғайра саҳми арзанда гузоштааст.

Номбурда аз рӯи натиҷаи корҳои илмӣ соли 1999 рисолаи номзадӣ ва соли 2007 рисолаи доктори илмро ҳимоя намуда, сазовори унвони доктори илмҳои кишоварзӣ гардидааст. Ба ӯ соли 2013 бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия унвони баланди профессор дода шуд. Таҳти роҳбарии ӯ ду нафар номзад ва як нафар доктори илм ба камол расида, ҳоло таҳти роҳбарии бевоситааш ду нафар рисолаи номзадӣ ва ду нафар рисолаи доктори PhD- ро аз рӯи ихтисос барои ҳимоя омода карда истодаанд.

А. Салимзода ташкилотчии хуби корҳои илмию таълимӣ аст. Тӯли солҳои охир дар донишгоҳ гузаронидани чорабиниҳои сатҳи гуногуни илмию истеҳсолӣ, таълимию услубӣ ба ҳукми анъана даромадаанд.

Ӯ раиси Шӯрои илмӣ — методии донишгоҳ, узви Шӯрои диссертатсионӣ, Шӯрои илмӣ-техникии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гурӯҳи экспертии Шӯрои фонди президентии тадқиқотҳои бунёдӣ оид ба илмҳои биология, тиб ва кишоварзӣ ва Комиссияи аттестатсионӣ ва ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-тадқиқотии назди АИ ҶТ аст.

Барои фаъолияти бисёрсола дар соҳаи маориф соли 2007 ба унвони Аълочии маорифи Тоҷикистон, соли 2009 бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2008 бо дипломи «Мутахассиси беҳтарини соҳаи маориф дар соли 2008» ва соли 2011 бо медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  мушарраф шудааст.

Бо дарназардошти саҳми илмӣ, таълимию тарбиявӣ ва ташкилотчигӣ тавсияи Шӯрои илмии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҷиҳати пешбарии Салимзода Амонулло Файзулло барои ишғоли ҷойи холии узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси «Зироаткории умумӣ» бамаврид ва қобили дастгирист.

 М.САРДОРОВ, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, узви вобастаи АИ КТ, С.ГУЛОВ, доктори илмҳои биологӣ, профессор, М. НОРОВ, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор