Пешниҳоди мавзӯъҳои илмӣ афзудааст

№61 (3362) 28.04.2015

Бисту чоруми апрели соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Конференсияи даҳуми илмӣ-амалии олимони ҷавон ва донишҷӯён дар мавзӯи «Татбиқи дастовардҳои илми тиб дар тибби амалӣ» баргузор гардид.

Ректори донишгоҳи мазкур Убайдулло Қурбон зимни суханрониаш изҳор дошт, ки чунин конференсия ҳамасола дар донишгоҳ бо иштироки васеи устодону донишҷӯён ва меҳмонон баргузор  мегардад. Бино ба гуфти мавсуф, шурӯъ аз соли 2011 ба конференсия олимон аз кишварҳои хориҷа низ даъват карда шуда истодаанд. Имсол барои иштирок дар кори Конференсияи даҳуми илмӣ-амалии олимони ҷавон ва донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино як гурӯҳ олимон аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ташриф оварданд. Убайдулло Қурбон дар идома афзуд, ки сол то сол сатҳи конференсия баландтар шуда, мавзӯъҳои зиёдеро барои баррасӣ фаро мегирад. Номбурда аз ҷумла зикр кард, ки агар дар соли 2014  шумораи мавзӯъҳои ба конференсия пешниҳодшуда 187 ададро ташкил медод, пас дар соли 2015 ин рақам ба 250 расидааст. Мавсуф гуфт, ки қисми зиёди маърӯзаҳои имрӯзаи конференсия ба масъалаи никоҳи байни хешовандони наздик ва оқибатҳои ногувори он, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 январи соли 2015)  садо дода буд, бахшида шудааст.  Иттилоъ дода шуд, ки барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани конференсия  дар ҳашт толори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино  шароити лозима фароҳам шудааст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»