Рӯзи илм таҷлил шуд

№59-60 (3360-3361) 24.04.2015

Ҳамасола дар Тоҷикистон сешанбеи ҳафтаи сеюми моҳи апрел Рӯзи илми тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Имсол, ин рӯзи фархунда ба санаи чордаҳуми апрели соли 2015 рост омад ва ба ин муносибат дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ доир гардид.

Донишмандон нахуст ба   пояи нимпайкараҳои  олимони шинохтаи тоҷик С. Айнӣ, Б. Ға-фуров,  М. Осимӣ ва С. Умаров гулгузорӣ намуданд. Сипас, дар саҳни бинои Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои илмии муассисаҳои илмӣ намоиш дода шуд.

Зимни ифтитоҳи маҷлиси тантанавӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ оид ба сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм, дастовардҳои олимони  Академияи илмҳо дар семоҳаи аввали соли 2015 ва вазифаҳои олимон дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқот бо зиёиёни кишвар зикр шуда буданд, суханронӣ кард. Ӯ афзуд, ки дар се моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 207 корҳои илмӣ, аз ҷумла 15 китобу монография ва 192 мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва давлатҳои хориҷи дур ба табъ расонида шуд. Сипас,  ба онҳое, ки дар соли 2015 соҳиби ҷоизаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи олимони барҷаста гардидаанд, дипломҳо супорида шуданд.

Бо қарори Комиссияи ҷоизаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эҳдои ҷоизаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи олимони барҷаста дар соҳаи илм ва техника ва қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон олимони зерини ҷумҳурӣ соҳиби ҷоиза гардиданд:

Ҷоизаи ба номи академик С.У.Умаров — дар соҳаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникӣ ба академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми химия Изатулло Ғаниев барои силсилаи мақолаҳои илмӣ дар мавзӯи  «Хосиятҳои физикӣ-химиявии хӯлаҳои нави алюминий, руҳ, сурб ва ҷустуҷӯи ҷабҳаҳои истифодаи онҳо дар хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷоизаи ба номи академик Е. Н. Павловский — дар соҳаи илмҳои биология, тиб ва кишоварзӣ- узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои тиббӣ Тошпӯлод Гулмуродов барои силсилаи корҳо дар мавзӯи «Бемориҳои дил ва рагҳо» ва ҷоизаи ба номи академик М. С. Осимӣ — дар соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ ба доктори илми ҳуқуқ, сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидзода Ҷӯрахони Зоир барои силсилаи корҳо дар мавзӯи «Давлатдории миллӣ» ва «Мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона» тақдим гардид.

Ҳамзамон барои дастовардҳо дар фаъолияти илмӣ, илмию ташкилӣ ва ҷамъиятӣ, рушди илми биология, коркард ва татбиқи технологияҳои биологӣ дар соҳаи кишоварзӣ, тайёр кардани кадрҳои илмӣ узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессор Қурбон Алиев бо «Нишони фахрӣ»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Ба сарходими илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ барои интишори «Куллиёти форсӣ»-и Муҳаммад Иқбол ва тарғиби ҳаёту эҷодиёти Аллома Иқбол дар Тоҷикистон «Ҷоизаи фахрии Президентӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон супорида шуд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ бо хушнудӣ зикр шуд, ки ин рӯз ба рӯзи таваллуди  Асосгузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддин Айнӣ рост омад. Вобаста ба  нақши С. Айнӣ дар рушди илми тоҷик академик А. Турсунов  ва доктори илмҳои филологӣ, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон А.Маҳмадаминов маърӯзаҳои илмӣ намуданд.

Дар охир ёрдамчии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор  Раҳмонзода,  муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев олимони ҷумҳуриро бо рӯзи касбиашон табрик намуданд.

Х.ШАРИПОВ,  «Садои мардум»