Дар партави Паёми Президент

Рушди маориф боиси пешрафти ҷомеа аст

№49 (3350) 04.04.2015

Ҳаёти имрӯза тақозо мекунад, ки мо аз ҳарвақта ҳушманду босавод бошем, дар кадом соҳае, ки кор кунем, пурсамару софдилона меҳнат намоем, то дасткӯтоҳу дастнигар набошем. Бо дарки чунин зарурат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23 январи соли ҷорӣ ироа гардид, таъкид намуд: «Вазъияти ҷаҳони имрӯза моро водор мекунад, ки фаъолияти самараноки тамоми сохторҳои давлатиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созем ва барои ҳар як сокини кишвар шароити арзандаи зиндагӣ ва ҳаёти осоиштаро муҳайё кунем. Бори дигар хотиррасон менамоям, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад».

Суҳбати хабарнигорамон бо мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ Ҷумъа Назаров ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудааст.

-Рушди босуботи соҳаи маориф аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат маҳсуб ёфта, ин нукта дар Паёми навбатии Сарвари давлат махсус таъкид шуд. Барои амалӣ гардидани нақшаю барномаҳои давлатӣ дар ноҳия кадом корҳо анҷом меёбанд?

-Агар гӯям, ки ҳар як сатри Паёми Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо-маорифчиён дахл дорад, хато намекунам. Аз таҳлили амиқи соҳаҳо бармеояд, ки анҷоми бомуваффақияти тамоми корҳо ва пешбурди фаъолият аз мутахассисони болаёқату босавод вобаста аст. Бинобар ин, аҳли маориф масъулияти калонеро бар дӯш доранд. Дар ноҳия айни замон 158 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дошта, дар онҳо 95682 нафар хонандагон, аз ҷумла 45465 нафар духтарон ба таълим фаро гирифта шудаанд. Ба мустаҳкам кардани пояи моддӣ-техникии таълимгоҳҳои ноҳия эътибори ҷиддӣ медиҳем ва дар муддати се соли охир биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 24,166,131, 19, 140, 168, 145, гимназияи хусусии ба номи А. Берунӣ, гимназияи хусусии ба номи Расул, ҷамъ 229 синфхона барои 11450 нафар хонанда дар ду баст сохта, ба истифода дода шуд. Ғайр аз ин, дар назди бисёр мактабҳо синфхонаҳои иловагӣ бунёд ёфтанд. Хонандагони таълимгоҳҳо бо мизу курсӣ ва дигар ашёҳои хониш таъмин мебошанд.

Ҳоло корҳои лоиҳакашию сохтмонии биноҳои нави мактабҳо,  синфхонаҳои иловагӣ ва хобгоҳ дар назди 28 муассисаи таълимӣ идома дорад.

Дар ноҳия оид ба ҷалби бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, бунёд, таъмиру муҷаҳҳазгардонӣ, таъминот бо мутахассисон ва таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои томактабӣ, рушди минбаъдаи кӯдакистонҳо, марказҳои хусусии  инкишофи кӯдакон корҳои муайяне ба сомон расидаанд. Баҳри иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020» дар деҳаи Гулбуттаи деҳоти Чимтеппа аз тарафи соҳибкор Ҷамшед Салимов кӯдакистони хусусии «Ояндаи дурахшон» барои 80 нафар тарбиягиранда ба фаъолият оғоз намуд. Барои тарбиятгирандагон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Ба тарбиятгирандагони ин муассисаи таҳсилоти томактабӣ фанҳои забонҳои тоҷикию русӣ ва англисӣ омӯзонида мешавад. Дар деҳаи Сомонии деҳоти мазкур кӯдакистони хусусии «Ҳаёт» дари худро ба рӯи тарбиягирандагон боз намуд. Ин муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 160 нафар тарбиягиранда сохта шудааст. Вобаста ба қарори зикргардида дар ноҳия сохтмони 30 кӯдакистон пешбинӣ гардидааст. Зикр кардан бамаврид аст, ки ҳоло дар кӯдакистонҳои ноҳия, ки шумораашон 11-то мебошад, 1454 нафар кӯдакон тарбия меёбанд. Илова бар ин, дар 19 таълимгоҳи ноҳия барои 1464 нафар кӯдакони 5-6- сола марказҳои инкишофи кӯдакон ташкил карда шудаанд. Шогирдони мо дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок карда, комёб гардиданд. Чунончӣ, соли 2014 хонандагони таълимгоҳҳои ноҳия дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок карда, дар маҷмӯъ, соҳиби 74 медал, аз ҷумла 43 медали тилло, 20 медали нуқра ва 11 медали биринҷӣ  гардиданд.

-Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар Паёми Президент махсус таъкид гардид, ин таваҷҷуҳ ба омодагии хонандагон барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар буд. Соли гузашта бори аввал қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд. Омодагии хатмкунандагони мактабҳои ноҳия чӣ гуна аст?

-Қабули довталабон тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозои замон аст. Дар ин замина, моҳи январи соли ҷорӣ барои омӯзгорони таълимгоҳҳо оид ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Ғайр аз ин, оид ба масъалаи мазкур бо хатмкунандагони  синфи 11-и таълимгоҳҳои ноҳия вохӯриҳои кормандони шуъбаи маорифи ноҳия гузаронида шуд ва хатмкунандагон оид ба дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тавассути ин Марказ маълумоти зарурӣ гирифтанд. Чунин вохӯриҳо ҳоло идома доранд. Мавриди зикр аст, ки маъмурият ва омӯзгорони таълимгоҳҳои ноҳия мувофиқи нақшаи чорабиниҳои шуъбаи маориф дар давраи таътили зимистона барои хатмкунандагон машғулиятҳои иловагиро баргузор намуданд ва чунин машғулиятҳо минбаъд низ доир мегарданд.

-Табиист, ки дар ин сатҳ дараҷаи саводу масъулияти омӯзгор хеле муҳим аст. Муаллим дар иҷрои вазифаи муҳиме, ки ба дӯш дорад, бояд содиқу вафодор бошад, зеро ӯ ба тарбияи инсон сарукор дорад ва маҳсули заҳмати вай метавонад ба рушди ояндаи ҷомеа мусоидат кунад ва ё баръакс.  Дар шуъбаи маорифи ноҳия барои баланд бардоштани  савияи касбии омӯзгорон чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём барҳақ чунин таъкид карданд: «Бо вуҷуди ин, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва дар низоми таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ ва фаъоли таълим, инчунин баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон, таваҷҷуҳи боз ҳам бештари масъулонро тақозо мекунад. Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст.».

Ҳоло дар таълимгоҳҳои ноҳия 4433 нафар омӯзгорон дарс медиҳанд, ки аз онҳо 2854 нафарашон маълумоти олӣ, 320 нафарашон маълумоти олии нопурра, 1247 нафарашон маълумоти миёнаи махсус доранд. Барои дастгирӣ ва ҳавасмандии кадрҳои ҷавон имсол озмуни «Муаллими сол»-ро барои мутахассисони ҷавоне, ки собиқаи кории то панҷсола доранд, роҳандозӣ кардем.

Дар давраи таътили зимистона, семинарҳои доимоамалкунандаи директорони таълимгоҳҳо ва ҷонишинони онҳо, омӯзгорони фаннӣ ва иттиҳодияҳои методии фаннӣ баргузор гардиданд. Ғайр аз ин, дар ин давра семинари директорони таълимгоҳҳо оид ба дуруст ҳисоб кардани буҷети таълимгоҳҳо гузаронида шуд.

Аз моҳи сентябри соли ҷорӣ 20 фоиз баланд гардидани музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, ки Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон мужда расонданд, боиси рӯҳбаландии кормандони соҳа гардид. Дар ҷавоби ин ғамхориҳо кормандони  соҳаи маорифи ноҳия саъю талош менамоянд, ки  сифати таълиму тарбияро боз ҳам беҳтар  намоянд.

Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»