Доктори илмҳои кишоварзӣ Қозимамад Абдуламонов мутахассиси машҳури соҳаи генетикаю селексияи зироати ғалладонаи ҷумҳурӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, тӯли зиёда аз 53 сол аз вазифаи лаборант сар карда, то ҷонишини директор оид ба корҳои илмӣ ва таълимии Институти биологии Помир кор кардааст.
Ҳал намудани масъалаи озуқаворӣ дар Тоҷикистон аз саъю кӯшиши зиёди олимон барои ба даст овардани навъҳои нави серҳосил вобаста аст.
Қ. Абдуламонов дар тӯли тадқиқоти бисёрсолааш бо усули таҳлили диаллелӣ бори нахуст назорати генетикии маҳсулнокии 10 аломати барои хоҷагӣ муфиди миқдории волидони ҷави баҳории пайдоишашон маҳаллиро муқаррар намуд. Қобилияти комбинатсионии умумии шаклҳои волидонро муайян кард. Сарчашмаҳои генҳои ҳосилнокии баланд, кӯтоҳпоягӣ, тезпазакӣ, панҷаронии пояҳои ҳосилдиҳанда, миқдори зиёди донаҳо дар хӯшаи ҷав ва ғайраро ҷудо намуд, ки барои селексияи амалии зироати ҷав аҳамияти калони бунёдии илмӣ доранд.
Олим муайян намуд, ки самараи интихобкунии дурагаҳои ҷави баҳорӣ аз дараҷаи қобилияти комбинатсионии умумии волидон вобастагӣ дошта, ба хусусиятҳои ирсии аломатҳои миқдории дурагаҳои насли F1 алоқаманд нест. Муаллиф нишон дод, ки дар ноҳияҳои давраи нашъунамои растаниҳо кӯтоҳ (Помири Шарқӣ ва ғайра) дар корҳои селексионӣ нисбати тезпазакӣ ва ҳосили баланд истифода бурдани навъи нави ҷави «Помир-2» ба мақсад мувофиқ аст. Нишон дода шуд, ки силкҳои бадастовардаи ҷави «Вахон-1», МКК (мутанти кӯтоҳпояи ковокхӯша) ва СДБ (силки дурагаи бетағйир) сарчашмаи генҳои кӯтоҳпоягӣ буда, муқовимати баланд нисбати чаппашавӣ доранд. Барои корҳои селексионӣ нисбат ба баланд бардоштани ҳосилнокии дон дар шароити кӯҳистон навъи маҳаллии ҷави кабудак ва силки СДБ тавсия шудаанд.
Натиҷаи ин усули мураккаби тадқиқотҳои генетикӣ аз нуқтаи назари илмӣ, асоснок истифода бурдани маводҳои авваларо дар селексияи ҷав собит намуд. Силкҳои бадастовардаи муаллиф барои ИИИ «Зироаткорӣ» АИКТ ва дигар селексионерони давлатҳои мустақил (Россия, Украина ва ғайра) дастрас шуда, дар ҷараёни селексионӣ ворид гардиданд.
Бори аввал академик Н. И. Вавилов соли 1916 зироати кӯҳистони Бадахшонро аз муоинаи экспедитсионӣ гузаронид. Ӯ якумин шуда муайян кард, ки ноҳияҳои кӯҳии Бадахшони Тоҷикистону Афғонистон яке аз марказҳои пайдоиш ва гуногуншаклии гандуми мулоим ва намунаҳои нодири безабончаи он ба шумор меравад. «Чунин намунаҳои нодири гандумро бешубҳа ботаникҳои дунё намедонанд», навиштааст ӯ дар рӯзномаи саҳроиаш. Ҳамон сол ӯ аввалин шуда, дар ин минтақа 10 намунаи маҳаллии барои илм нави гандуми безабончаи мулоимро дарёфт кард.
Диққати Н.И. Вавиловро ҷавдори маҳаллӣ, ки дарозии хӯшааш 25 см буда, 100-то дона дошт ва инчунин шакли безабончаи он ба худ ҷалб кард.
Кормандони лаборатория тадқиқоти ин олими барҷастаро идома дода, солҳои 2006-2012 аз киштзорҳои деҳқонони Бадахшони Тоҷикистону Афғонистон коллексияи захираҳои генетикии лабораторияро бо 23 намунаи нави гандум ғанӣ гардонданд.
Таҳлили гузаронидашудаи гандуми ҷамъоваришудаи экспедитсионии Бадахшон нишон дод, ки онҳо ба 47 намунаи гандуми мулоими маҳаллӣ ва 2 намунаи гандуми қадпаст мансубанд.
Аз 72 намунаи гандуми забончадори барои илм маълум, аз тарафи мо 29 намуна (40,3 фоиз) ва аз 35 намунаи безабонча — 18 намуна (51,4 фоиз) дарёфт гардида, 22 намунаи гандуми қадпасти маҳаллии забончадор танҳо 2 намуна, (9,1 фоиз) ошкор шуд ва аз 11 намунаи гандумҳои маъмули безабонча ҳеҷ дарёфт нашуд, яъне онҳо дар арафаи нестшавии пурра қарор доранд.
Миқдори зиёдтарини намунаҳои ботаникии гандуми мулоими маҳаллӣ (53,1 фоиз) дар баландиҳои 2401-2800 ва 2801-3200 м аз сатҳи баҳр (28,6 фоиз) ҷамъоварӣ гардида, дар баландиҳои 1600-2000 м танҳо 2,0 фоиз ва дар баландиҳои 2001-2400 м танҳо 16,3 фоиз намунаҳо ба қайд гирифта шудаанд.
Таҳлили генетикӣ дар дурагаҳои F1 хусусияти мураккаби меросгирии аломатҳои маҳсулнокиро ошкор намуд. Аз рӯйи аломатҳои «баландии растанӣ», «пояҳои умумӣ ва пояҳои ҳосилдеҳ» дар 45,4-59,1 фоизи комбинатсияҳо ва аз рӯйи аломатҳои «дарозии хӯшаи асосӣ», «шумораи хӯшачаҳои хӯша», «шумора ва вазни дон аз 1 растанӣ», дар аксари ҳолат фавқулбартарии зиёд (68,2-77,3 фоиз) ба қайд гирифта шуд. Ҳангоми мерос гирифтани вазни 1000 дона аз дурагаҳои F1, дар 54,5 фоиз ҳолат афсурдаҳолӣ мушоҳида шуд ва танҳо дар 22,7 фоиз дурагаҳо гетерозис ошкор гардид.
Дар байни 19 навъу намунаҳои гандуми мулоим, навъҳои «Маврӣ», «Норман» ва «Сафедаки ишкошимӣ» қобилияти хуби комбинатсионӣ нишон доданд. Силки дурагавии Маври х Норман.5 офарида шуд, ки он нисбат ба хамшавии поя ва доғзанӣ устувории бисёр баланд дорад.
Қ. Абдуламонов бори нахуст хусусиятҳои ирсии аломатҳои мутанти нодири безабончаю (МБ) бегӯшаки барги ҷавро, ки аз таъсири мутагенҳои кимиёвӣ дар баландии 3860 м аз сатҳи баҳр ба даст оварда шуд, омӯхт.
Натиҷаи тадқиқоти бисёрсола ба Қ. Абдуламонов имкон дод, ки дар истеҳсолоти кишоварзии Помири Ғарбӣ зироати нави ғалладона – тритикалеро дар баландиҳои то 2600 м аз сатҳи баҳр амалӣ намояд. Навъи нави ин зироат бо номи «Бадахшон-3», ки ӯ ба даст овардааст, аз ҷиҳати ҳосили дон нисбат ба навъҳои андозаи ҷавдори маҳаллӣ 1.22-1.55 тӮга, навъи тритикале, Немига-2 – 0.89 тӮга ва навъи аввалаи модариаш (ПРАГ-46Ӯ6) – 0.34-0.38 тӮга зиёд аст.
Аз рӯи натиҷаи тадқиқотҳо оид ба ҷаву тритикале Қ. Абдуламонов соли 2005 монографияи калонҳаҷмро (205 саҳ.) бо номи «Селексия ячменя и тритикале на Западном Памире» ба нашр расонида, дар ҳамкории илмӣ бо шарикони рушд санҷиши қариб 400 навъи гандуми селексияи хориҷи кишварро дар солҳои 1990 гузаронид. Дар натиҷа, дар истеҳсолоти кишоварзии ноҳияҳои ВМКБ навъҳои гандуми «Атой-85» ва «Султон – 95» ба таври васеъ ҷорӣ гардиданд.
Бо ташаббуси Қ.Абдуламонов коллексияи захираҳои генетикии навъҳо ва 109 шакли гандуми мулоими маҳаллӣ, 13 шакли кӯтоҳпояи гандум, зиёда аз 50 мутанти ҷав, инчунин ҳамаи навъҳои маҳаллии зироатҳои лӯбиёдона ва арзан, ки дар ҳудуди Бадахшони Тоҷикистону Афғонистон ҷамъоварӣ шудаанд, дар пойгоҳи тадқиқотии ноҳияи Ишкошим бунёд шудааст.
Дар солҳои 2006-2008 бо шогирдонаш муоинаи экспедитсионии киштзорҳои водиҳои Бадахшони Тоҷикистону Афғонистонро дар ҳар ҷое, ки гуногуннамудии гандуми маҳаллӣ боқӣ мондааст, гузаронид. Тадқиқот нишон дод, ки шаклҳои гуногуни гандум дар киштзорҳо ба таври нобаробар боқӣ мондаанд. Миқдори баъзе шаклҳои гандум бартарии зиёд дошта, дигарҳо омехтаи зуд-зуд дучоршавандаанд ва сеюм дар ҳолати омехтаи хеле кам дучор меоянд.
Дар натиҷа, коллексияи захираҳои генетики гандуми маҳаллии институтро бо 23 навъу намунаи нав ғанӣ гардонид, ки 9-тои онҳоро дар ҳудуди Бадахшони Тоҷикистон ва 13- тои дигарро дар Бадахшони Афғонистон дарёфт кардааст.
Ҳамин тариқ, таҳлили маводи ҷамъоваридашуда нишон дод, ки нисбат ба маълумоти мавҷудаи солҳои 70-уми асри гузашта миқдори шаклҳои гандуми мулоим 52 фоиз ва шаклҳои кӯтоҳпоя — 94 фоиз кам шудааст.
Олим тухмипарварӣ ва дуруст ноҳиябандӣ кардани навъҳои гандумро ба роҳ монда, дар истеҳсолоти кишоварзии ноҳияҳои ВМКБ кишти навъҳои беҳтарини гандуми мулоим, ба монанди «Сафедаки ишкошимӣ», «Сурххӯша», «Килаки бартангӣ» ва «Бобилло»-ро барқарор намуд. Ҳар сол аз пойгоҳи тадқиқотии ноҳияи Ишкошим бо роҳбарии ӯ барои хоҷагиҳои вилоят 10 — 12 тонна тухмии аълосифат ба фурӯш бароварда мешавад. Солҳои охир ӯ ба баланд бардоштани сифати тухмии навъҳои дигари гандум – «Руштак» ва «Ҷалдак» шурӯъ намуд.
Аз Бадахшони Афғонистон тухмии 14 навъи маҳаллии гандумро ба Бадахшони Тоҷикистон ворид намуд, ки 3-тои он («Садираси сафедхӯша», «Садираси сурххӯша» ва «Пандакӣ») баъд аз санҷиши сесола дар истеҳсолоти кишоварзии Бадахшони Тоҷикистон ба таври васеъ ҷорӣ шудаанд.
Қаҳрамони матлаб муаллифи зиёда аз 170 мақолаи илмӣ, 2 тавсиянома, 1 номгӯи адабиёти нашргардида доир ба растанипарварӣ, генетика ва селексияи зироатҳои кишоварзии Помир дар солҳои 1924-2012-ум 20 мақолаи илмӣ-оммавӣ ва 2 монографияи калонҳаҷм буда, 28 мақолаи илмиаш дар маҷаллаҳои илмии бонуфузи ИДМ ба чоп расидаанд. Таҳлили мазмуни илмии корҳои илмиаш нишон дод, ки аз 79 мақолаи нашргардида 34-тоаш ва аз 89-то фишурдаи маърӯзаҳо 39-тоаш танҳо ба масъалаҳои генетикаи ҷаву гандум ва тритикале бахшида шудааст.
Ӯ аз соли 2009 узви Шӯрои диссертатсионӣ дар назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва аз соли 2011 аъзои Шӯрои диссертатсионӣ дар назди Институти зироаткории АИКТ буд. Мавсуф профессори кафедраи биологияи умумии Донишгоҳи давлатии Хоруғ буда, аз фанни «Генетика бо асосҳои селексия» машғулиятҳои амалӣ ва назариявӣ мегузаронад.
Қ. Абдуламонов дар озмуни байналмилалие, ки Академияи илмҳои табиии Амрико ва Академияи илмҳои Россия ба масъалаи гуногуннамудии биологӣ дар соли 1993 эълон намуда буданд, ширкат варзида, сазовори диплом ва стипендия гардид.
Натиҷаи корҳои илмиашро дар конфронсу симпозиумҳои байналхалқӣ дар шаҳрҳои Москва, Кишинёв, Новосибирск, Алмаато, Тошкент ба муҳокимаи ҳамкасбонаш пешниҳод намудааст ва шарафи илми биологияи ҷумҳуриро баланд бардоштааст.
Силсилаи корҳои пешниҳодшудаи Қ. Абдуламонов дар соҳаи генетика, селексия ва тухмипарварии зироатҳои ғалладонаи кӯҳистони Бадахшон аҳамияти муҳими бунёдию амалӣ дошта, муаллиф дар соли 2012 сазовори ҷоизаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи академик Е. Н. Павловский дар соҳаи биология, тиб ва кишоварзӣ дониста шуд.
Мутобиқи қарори Раёсати Академияи табиатшиносии Федератсияи Россия (аз 13 сентябри соли 2018) барои саҳми арзанда дар инкишоф додани илмҳои биология, генетика, селексия ва растанипарварӣ мавсуф бо медали ба номи академик Н. И. Вавилов мукофотонида шуд.
Таҳқиқоти илмии номбурда дар самти селексия ва генетикаи ҷаву гандуми тритикале дар шароити кӯҳистони Бадахшон дар намоиши байналмиллалии BOOKEХPRO AMERIСA (Ню-Йорк, 29-31 майи соли 2019) бо «Медали тилло» ва соли 2021 бо медали «50 соли фаъолияти бефосилаи пурсамар дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» мукофотонида шуд.
Оғоназар Ақназаров,
академик, доктори илмҳои биология, сарходими илмии Институти ботаникии физиология ва генетикаи растании АМИТ