Якчанд сол аст, ки бо мақсади дастгирии ҷавонони лаёқатманд тавассути Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Дурахшандагон» таъсис шудааст. Аз ҷониби ниҳоди мазкур ва дар доираи ҳамкориҳои байнидавлатӣ алҳол 12000 нафар ҷавонони мамлакат дар макотиби олии хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Бо яке аз онҳо, донишҷӯи Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Россия Ҷомии Абдураҳмон мусоҳиб шудем.
- Донишҷӯ шудани шумо дар ин донишгоҳи бонуфуз тавассути озмун сурат гирифт ё тариқи квота?
- Соли 2012, баъди хондани эълони қабули донишҷӯён ба мактабҳои олии хориҷи кишвар дар Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ имтиҳонҳоро бомуваффақият супурда, донишҷӯ шудам. Таҳсил дар ин донишгоҳ ба забони русӣ сурат мегирад. Гурӯҳҳое ҳам ҳастанд, ки дарсҳо дар онҳо ба забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ мегузаранд.
- Ҳамроҳи шумо аз чанд мамлакат донишҷӯён мехонанд?
- Дар гурӯҳи мо, аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, Ветнам ва Корея низ донишҷӯён таҳсил мекунанд. Донишгоҳ дорои даҳ корпуси таълимӣ буда, миёни донишҷӯён фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармост. Мо ҳамеша дар лаҳзаҳои зарурӣ ба ҳамдигар дасти ёрӣ дароз мекунем.
Донишгоҳ таърихи беш аз 90-сола дорад. Даврони шӯравӣ низ Академияи молия ном дошт. Ҳоло он бо технологияи замонавии соҳа муҷаҳҳаз буда, аз Биржаи Москва, Бонки марказии Федератсияи Россия мутахассисони варзида дарс мегӯянд.
- Вобаста ба вазъи имрӯзаи молиявии Федератсияи Россия устодонатон чӣ андеша доранд?
- Онҳо эътироф мекунанд, ки Федератсияи Россия гирифтори буҳрони молиявӣ аст, аммо ин кишвар имконоти бузурги иқтисодӣ дорад. Ба гуфтаи таҳлилгарон, Федератсияи Россия то охирҳои соли 2017 аз ин буҳрон пурра мебарояд.
- Аз Тоҷикистон дар ин донишгоҳ чанд нафар таҳсил мекунанд?
- Дар факултетҳои гуногуни донишгоҳи мазкур 80 нафар донишҷӯёни тоҷик мехонанд. Мо дар тамоми ҷашнҳои ҷумҳуриявӣ ҷамъ мешавем. Масалан, дар ҷашни байналмилалии Наврӯз намояндагони Тоҷикистон хеле фаъол буданд.
Ректори донишгоҳ ба фаъолнокии донишҷӯёни тоҷик баҳои баланд медиҳад. Давоми ду соли охир Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомиддин Сатторов низ дар бисёр чорабиниҳои донишгоҳ ширкат варзида, моро рӯҳбаланд месозад.
Дар донишгоҳ соле ду бор Рӯзи фарҳангии донишҷӯён баргузор мешавад, ки дар он донишҷӯён фарҳанг, либос ва санъату ҳунарҳои миллати худро муаррифӣ мекунанд. Бо кумаки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия мо намунаи либосҳои мардумӣ, асбобҳои мусиқӣ, аксҳои ёдгориҳои таърихӣ ва манзараҳои зебои кишварро ба маъраз мегузорем, ки ин як навъ муаррифии имкониятҳои туристии Тоҷикистон аст.
Агар ба рейтинги дастовардҳои кишварҳои ҷаҳон дар соҳаи туризм назар афканем, мебинем, ки Тоҷикистон соли 2015 дар бобати суръати рушди соҳа сазовори ҷои дуюм гардид. Ин аз он далолат мекунад, ки дар Тоҷикистон вобаста ба рушди инфрасохтори туризм, фароҳам овардани шароити муносиб барои қабулу гусели сайёҳон, хизматрасонии босифат кори зиёд анҷом додаанд. Ба андешаи ман, солҳои наздик соҳаи туризм мисли энергетика ба яке аз соҳаҳои асосии иқтисодиёти мамлакат табдил хоҳад ёфт. Воқеан, чанде пеш ҳодисаи барои ҳамаи мо фараҳбахш, оғози расмии сохтмони лоиҳаи CASA- 1000 ба вуқӯъ пайваст. Амалишавии ин лоиҳаи бузурги энергетикӣ дари наверо барои тараққиёти мамлакат боз мекунад.
- Баъди хатми донишгоҳ чӣ нақша доред?
- Ду моҳ мешавад, ки дар Департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон таҷрибаомӯзам. Ташаккур ба мутахассисони ин ниҳод, ки барои такмили донишу малакаам ба ман кумак расониданд. Ният дорам, ки таҳсилро дар магистратура идома диҳам.
- Ҳангоми таҳсил аз лиҳози молиявӣ душворӣ намекашидед?
- Аз фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Дурахшандагон» маблағи таҳсил дар донишгоҳ, будубош дар хобгоҳ ва суғуртаи тиббии моро пардохт намуда, идрорпулӣ медиҳанд. Донишҷӯёни дигар кишварҳо бисёр вақт аз мо мепурсиданд, ки «Маблағи таҳсилатонро аз кадом ҳисоб пардохт мекунед?» Мо боифтихор мегуфтем, ки маблағи таҳсилу будубош аз Фонди махсуси Президенти мамлакатамон аст. Онҳо ҳайрон мешуданд, зеро ғайр аз шаҳрвандони Федератсияи Россия ва донишҷӯёне, ки тариқи квота қабул шудаанд, дигарон аз ҳисоби худ маблағи таҳсилу хобгоҳро мепардохтанд. Яъне, шароити таҳсили донишҷӯёни тоҷик нисбат ба дигарон беҳтар аст. Аз ин рӯ, мо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос мекунем. Кӯшиш мекунем, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо хубу аъло таҳсил намуда, донишу малакаи андӯхтаамонро баҳри ободию пешрафти Ватани азизамон сарф намоем.
Мусоҳиб С. СУННАТӢ,
«Садои мардум»