Шумораи 20 000-уми «Халқ овози» аз чоп баромад

№154 (3634) 20.12.2016

Нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-рӯзномаи «Халқ овози» чанде пеш шумораи 20 000-уми худро ба нашр расонид.

Он бори аввал моҳи феврали соли 1929 бо номи «Қизил Тожикистон» ба нашр расида, бо ҳамин ном то соли 1955 аз чоп баромад. Баъдан, бо Қарори Комитети Марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон номи он ба «Совет Тожикистони» иваз шуд. Солҳои аввал нашрия бо ҳуруфи арабӣ, баъдан бо ҳуруфи лотинӣ нашр мешуд. Аз соли 1940 бо алифбои кириллӣ нашр мешавад. Рӯзнома ҳамчун нашрияи ҳукумати ҳамонвақта ба майдон омад. То ин вақт рӯзномаҳои «Тоҷикистони Советӣ» ва «Коммунист Таджикистана» вуҷуд доштанд. Дар қатори чунин рӯзномаҳо «Совет Тожикистони»  низ  мардумро ба созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят намуд.

Нашрия 17 октябри соли 1963 ба муносибати  бо теъдоди 100 000 нусха ба нашр расидан  бо ордени «Байрақи Сурхи меҳнат»-и Президиуми Шӯрои Олии СССР мукофотонида шуд.

Ҳамон солҳо мухбирони ҷамоатии рӯзнома тақрибан ду ҳазор нафарро ташкил медоданд. Дар ҳайати эҷодии  рӯзнома шахсиятҳои намоён фаъолият доштанд. Шумораи нахустини «Қизил Тожикистон» бо имзои сармуҳаррири аввалин М. Ҳасанов ба нашр расид. Баъдан, дар вазифаи сармуҳаррири рӯзнома К. Тереғулов, Н. Деҳқонов, С. Ғаффоров, Қаҳрамони Тоҷикистон, академик  Бобоҷон Ғафуров, Т. Ҳайитов, Муҳаммад Муродов фаъолият намудаанд. Баъдан, рӯзномаро доктори илмҳои таърих Ҳамид Гадоев ва нависандаи машҳур Ҳоҷӣ Содиқ роҳбарӣ карданд. Баъд Мухторҷон Баҳриддинов, Музаффар Солиев, Тоштемир Ҷӯрабоев, Абдусаттор Аҳмадалиев, Исмоилҷон Муҳсинов ва Ҳайдар Ҷӯраев сарварии онро бар уҳда доштанд.

Дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ рӯзнома номи худро иваз кард ва ҳоло бо номи «Халқ овози» чоп мешавад. Баъдан, бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, рӯзномаи «Халқ овози» ба нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт.

Дар он адибону рӯзноманигорони ӯзбекзабони кишвар, аз қабили  Аширмат Назаров, Маҳмуд Тӯлқин, Улуғназар Аҳмедов, Худоёр Каримов, Маҳмудҷон Остонов, Қосимҷон Мамаҷонов, Воситҷон Муҳаммедов, Ӯлмас Ҷамол, Сулаймон Эрматов, Ҷамолиддин Тошматов, Турғун Дадабоев, Турон Тӯйчиев, Зокирҷон Собирҷонов, Ҳабибулло Ботиров, Улуғой Йӯлчиева, Мамлакат Нарзибекова, Роҳатой Неъматова, Муборак Муҳаммедова, Тӯтинисо Юсуфбекова, Санобар Аллаева, Неъмат Иброҳим, Аскар Маҳкам, Зикрулло Валӣ, Садриддин Ашур, Абдулло Зуҳур ва дигарон фаъолият намудаанд.

«Халқ овози» дар инъикоси  ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи муҳим дорад. Яке аз вазифаҳои асосии рӯзнома тарғиби сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон буда, он ҳамчунин давомдиҳандаи  дӯстии абадии ду халқ- тоҷику ӯзбек  мебошад.

Солҳои охир рӯзнома бо роҳбарии журналисти шинохта Ёқубҷон Абдуманонзода  рангоранг шуда, аз ҷиҳати мавзӯъ ва муҳтаво яке аз рӯзномаҳои пешсафи ҷумҳурӣ аст. Дар ҳайати эҷодии рӯзнома ҳоло журналистону публитсистони сермаҳсул, аз ҷумла Эркин Шукуров, Искандар Маҳмадалиев, Абдулло Саидов, Абдуҳафиз Мирзоаҳмедов, Ӯрунбой Усмонов, Гулфинур Аюпова, Гулчеҳра Сотиболдиева, Зуҳриддин Умаров, Нарзулло Нурбобоев ва дигарон фаъолият менамоянд. Боиси хушнудист, ки ҳамаи кормандони нашрия Аълочии  матбуоти  Тоҷикистон буда, дорандаи ҷоизаҳои гуногуни соҳавӣ  низ ҳастанд.  Ҷонишини сармуҳаррир  Эркин Шукуров  соли 2015 ба гирифтани Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ сазовор гардид. Муҳаррири шуъбаи рӯзнома  Абдулло Саидов соли 2012 бо медали «100 — солагии матбуоти тоҷик» қадрдонӣ  шуд.

«Халқ овози» дар шабакаи интернет соҳиби саҳифаи алоҳида — http//khalkovozi.tj/ аст. Ин ҳам боиси он гардидааст, ки муштариёни рӯзнома тавассути интернет низ нашрияро истифода баранд.

Ба муносибати шумораи 20 000-уми нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон-рӯзномаи «Халқ овози» ҳайати эҷодӣ ва хонандагони рӯзномаро аз самими қалб муборакбод менамоем.

«Садои мардум»