Ба истиқболи 20-умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сохтори муҳими низоми давлатдорӣ

№37 (3183) 15.04.2014

DSC_1303

Дар таъмини қонуният, ҳимояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мақомоти прокуратура мавқеи хоса дорад. Ҷиҳати таъмини ин талабот, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, хабарнигорамон бо прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири ҳақиқии давлатии адлия Салимзода Шерхони Одина мусоҳиба доир намуд.

- Прокуратура яке аз мақомотест, ки тибқи Конститутсия,  назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро татбиқ менамояд. Иҷрои ин вазифаи муҳиму масъулиятнок чӣ тавр амалӣ мегардад?

- Ҳар як давлат, сарфи назар аз сохтори сиёсии худ, низоми кафолатҳоеро муайян месозад, ки ба таъмини қонуният, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои қонунии ҷомеаву давлат равона шудаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин низом мавқеи муҳимро мақомоти прокуратура ишғол менамояд. Прокуратура аз рӯйи ваколатҳои конститутсионии худ дар низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мавқеи хоса дорад. Мувофиқи моддаҳои 93 ва 96-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави Тоҷикистон прокурори генералӣ ва  прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколати худ татбиқ менамоянд. Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он бе дахолати дигар мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мустақилона дар асоси қонун фаъолият менамоянд.

Чунонки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, прокуратура яке аз сохторҳои муҳимтарини низоми давлатдорӣ буда, ба ягон шохаи ҳокимият тааллуқ надорад ва иҷрои ҳатмии қонунҳоро аз ҷониби тамоми шохаҳои ҳокимият, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон назорат намуда, дар мамлакат фазои ягонаи ҳуқуқиро фароҳам меорад.

Мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои вазифаҳои муҳими базиммагузошта, талаботи қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба роҳбарӣ гирифта, дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, баҳри таъмини волоияти қонун, назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи онҳо, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони ҳуқуқӣ, ҷомеа ва давлат фаъолият мекунад.

- Самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти прокуратура кадомҳоянд?

- Баҳри баланд бардоштани самаранокии назорати прокурорӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, ки аз Паёмҳои солона, вохӯриҳо бо аҳли ҷамоатчигӣ ва сафарҳои кориашон бармеоянд, давоми соли 2013 масъалаҳои зерин самтҳои афзалиятноки мақомоти прокуратура ҳисобида шуданд:  ҳимояи ҳуқуқи инсон, баррасии холисона ва ҳаматарафаи муроҷиатҳои шаҳрвандон, бахусус дар мавриди таҳқиқу тафтиши ҷиноятҳо; назорати риояи қонунгузории замин; интизоми бақайдгирии ҷиноятҳо ва ошкоркунии ҷиноятҳои аз қайд пинҳонмонда ва бо ин васила таъмини принсипи ногузирии ҷавобгарии ҷиноятӣ;    равонакунии санадҳои эътиноии прокурорӣ ба ҳалли масъалаҳои муҳим, таъмини иҷрои воқеии санадҳои эътиноии прокурорӣ ва судӣ; таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», алалхусус дар мавриди пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон.

Ҳамчунин, бо дарназардошти натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти мақомот, дар нимаи аввали соли 2013 пешгирӣ ва мубориза бо куштор, таҷовуз ба номус, расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ва худкушиҳо, ки ба ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон таҳдид мекунанд, меҳвари асосии фаъолияти мақомот дониста шуданд.

Вобаста ба самтҳои асосӣ ва дигар масъалаҳои баёншуда кормандони мақомоти прокуратура соли 2013  як қатор чорабиниҳои мушаххасу мақсаднокро анҷом доданд. Дар соли 2014 илова ба самтҳои  афзалиятноки фаъолияти мақомоти прокуратура дар соли 2013 чунин самтҳо низ афзалиятнок  ҳисобида  шуданд: риоя ва иҷрои кафолатҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқӣ доир ба таъмини ҳимояи ҳуқуқи моликият; таъмини назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон». Самтҳои зикргардида, ки баҳри таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳифз ва мустаҳкам гардонидани манфиатҳои давлату ҷомеа равона гардидаанд, метавонанд боз ҳам ба пешгирии ҷиноятҳо ва баланд гардидани иқтидори иқтисодии кишвар мусоидат намоянд.

- Вобаста ба таъмини иҷрои қонунҳо санадҳои эътиноии прокурорӣ қабул ва пешниҳод мегарданд. Асос дар надонистани қонун ё бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ боло гузоштани манфиат ва ғаразҳои шахсист, ки чунин санадҳо қабул карда мешаванд?

- Дар ҳақиқат, назорати иҷрои қонунҳо, қабул ва пешниҳоди санадҳои эътиноии прокурорӣ ба зиммаи мақомоти прокуратура вогузор шудааст. Мақомот фаъолияти худро ба кам намудани шумораи санҷишҳо, баланд бардоштани самаранокии он ва таъмини иҷрои воқеии санадҳои эътиноии прокурорӣ равона кард, ки ин ба пешгирии гузаронидани санҷишҳои қолабӣ ва камаҳамият мусоидат намуд.

Ин тамоюл ҳанӯз соли 2010 оғоз шуда, соли 2013 шумораи умумии санҷишҳо ва санадҳои эътиноии прокурорӣ назар ба соли 2012 ба 5613 адад ё 14 фоиз, назар ба соли 2010 бошад, қариб 30 фоиз кам шуда, ҳамзамон сифат ва таъмини иҷрои онҳо беҳтар гардид.

Дар соли 2013 вобаста ба ҳолати иҷрои қонунҳо 5015 (6262) санҷиш гузаронида, баҳри пешгирӣ ва бартарафнамоии қонунвайронкуниҳо 17 130 амр, эътироз ва пешниҳоди прокурорӣ таҳия намуда, бо натиҷаи баррасии онҳо 19 566 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида, 1905 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, аз маблағи умумии 273,1 млн. сомонӣ зарари аз қонунвайронкуниҳо ва ҷиноятҳо ошкоргардида 234,5 млн. сомонӣ барқарор, аз он ҷумла 226,2 млн. сомонӣ ба манфиати давлат ворид карда, 3 338 сар чорво ба тариқи асл барқарор шуд, ки назар ба соли 2012-ум  112 сар чорво ё 3,5 фоиз зиёд мебошад.

Санҷишҳо дар самти  иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» нишон дод, ки ҳолати риояи он беҳтар шуда бошад ҳам, камбудию қонунвайронкуниҳо то ҳол пурра аз байн нарафтааст,  ки боиси поймолгардии ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон шудаанд. Соли 2013 дар маҷмӯъ 15 700 нафар шаҳрвандон ба қабули шахсӣ пазируфта шудаанд, ки аз онҳо 12741  муроҷиат  бевосита аз ҷониби кормандони мақомот баррасӣ гардида, 1927 адад ё 15 фоиз асоснок  ҳисобида, талабҳои онҳо қонеъ, ҳуқуқҳои вайроншудаи шаҳрвандон барқарор гардид.

Вобаста  ба ҳолати иҷрои қонуни мазкур 272 санҷиш гузаронида, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 260 амри хаттӣ ва 390 пешниҳод ба унвони мақомоти давлатӣ, корхонаву муассисаҳо ирсол карда, ба 31 санади ғайриқонунии шахсони мансабдор эътироз оварда шуд. Дар асоси қарорҳои мақомоти прокуратура 499 нафар шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ ба ҷавобгарии интизомӣ ва 111 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида ва 41 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд.

Мутаассифона, содиршавии ҷиноятҳо дар баъзе вазорату идораҳо ва мақомоти қудративу ҳифзи ҳуқуқ аз ҷониби шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё ба онҳо баробаркарда, аз як тараф дуруст дарк накардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бошад, аз дигар тараф бевосита зоҳир намудани бемасъулиятӣ дар самти фаъолияти корӣ аст, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ манфиатҳои шахсиро болотар аз манфиатҳои давлатӣ дониста, даст ба омилҳои номатлуби коррупсионӣ мезананд. Ин раванди фаъолияти баъзе шахсони мансабдори давлатӣ ба пешрафти фаъолияти иқтисодию иҷтимоии давлат таъсири манфӣ расонида, сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти кишварро коста менамояд ва дар ин замина боварии мардум ба ҳокимият коҳиш меёбад. Мақомоти прокуратура ин масъаларо аз мадди назар дур намонда, назорати риояи дақиқи қонунҳоро дар ин самт боз ҳам тақвият мебахшад.

-Назорати иҷрои қонунгузорӣ дар бораи пешгирӣ, ошкор ва тафтиши шиканҷа дар Тоҷикистон ба мақомоти прокуратура вогузор шудааст. Доир ба истифода ва пешгирии шиканҷа, дигар муомилаи бераҳмона мақомот фаъолияти худро чӣ гуна ба роҳ мондааст?

-Дар масъалаи назорати иҷрои қонунгузорӣ барои пешгирӣ, ошкор ва тафтиши шиканҷа дар Тоҷикистон мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои назаррасро амалӣ намуда, вобаста ба таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва пешгирии шиканҷа аз ҷониби Прокуратураи генералӣ дар ҳамкорӣ бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва дигар мақомоти давлатӣ беш аз 60 машғулияту вохӯрӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  гузаронида шуд.

Ҳамзамон Дастури илмӣ–методӣ таҳти унвони «Заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкили фаъолияти мақомоти прокуратура оид ба пешгирӣ, ошкор ва тафтиш намудани шиканҷа» таҳия ва нашр карда, аз рӯйи он дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ машғулиятҳои омӯзишӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  гузаронида  шуд.

Ҳамчунин Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақшаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои соли 2013, ҳолати иҷрои қонунгузории ҷорӣ вобаста ба пешгирии истифодаи азобу шиканҷа ва дигар тарзу усулҳои ғайриқонунии таҳқиқу тафтишро таҳлилу ҷамъбаст намуда, аз натиҷааш унвонии аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор мактубҳои ахборотӣ ирсол намуд.

Дар натиҷа, миқдори арзу шикоят ва ҳолатҳои истифодаи шиканҷа дар фаъолияти  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиддӣ кам гардиданд. Соли 2013 ба мақомоти прокуратура 16 муроҷиат ва хабару маълумот оид ба шиканҷа ва истифодаи дигар намуд зӯроварӣ дар рафти таҳқиқу тафтиш дохил шудааст. Дар чор ҳолат аризаҳо тасдиқи худро ёфтаанд, ки нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шудаанд. Аз онҳо ду ҳолат (шаҳрҳои Сарбанд, Исфара)  оид ба шиканҷа буда,  се парвандаи ҷиноятӣ  ба суд ирсол карда шуданд. Айни ҳол пешбурди тафтиши як парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.

- Ислоҳот дар мақомот ҷиҳати такмили корбарӣ ва масъулияти кормандон дар иҷрои вазифаҳо чӣ натиҷа мебахшад?

- Ислоҳот дар мақомот ҷиҳати такмили корбарӣ ва масъулияти кормандон дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб рафта, анҷом додани як қатор корҳои назаррас дар ин самт боиси пешравиҳо гардида истодааст. Чунончӣ, роҳбарияти мақомот  солҳои охир ба ҷобаҷогузории кадрҳо диққати ҷиддӣ дода, виҷдони пок ва дасту дили тоза, одобу ахлоқ ва маданияти шахсию хизматӣ, донишу малакаи касбӣ ва натиҷаи корӣ меъёри баҳодиҳӣ ба ҳисоб рафта, ҷиҳати баланд бардоштани дараҷаи касбии кадрҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ва қабули дастурамалу тавсияҳои методӣ ба роҳ монда шудааст.

Бо мақсади пешгирии вайронкунии интизоми хизматӣ ва  пурзӯр намудани интизоми иҷроия «Барномаи нави таҳкими интизоми хизматӣ, одоби касбӣ ва пешгирии коррупсия дар мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» қабул шудааст ва ҷиҳати амалӣ шудани он тадбирҳо андешида истодаем.

Бо Фармони Прокурори генералӣ комиссияи озмунӣ оид ба кор қабул намудани довталабон таъсис шуда, дар он танҳо давоми соли 2013-ум  211 нафар довталабон ба озмун фаро гирифта, 42  нафарашон аз озмун гузаштанд ва ба кор дар мақомоти прокуратура қабул гардиданд. Дар бисёр  ҳолатҳо ба ятимон имтиёз дода шуд ва  ҳафт нафари онҳо ба кор қабул гардиданд.

Дар Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратура 131 нафар  ба машғулият фаро гирифта, малакаи касбии худро баланд бардоштанд, 284 нафар дар семинар ва конфронсҳое, ки мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ташкил намуданд, ширкат варзида, 17 нафар дар семинарҳо, тренингҳои сатҳи байналмилалӣ дар давлатҳои хориҷӣ фаъолона иштирок намуданд.

Бо мақсади таъмини кормандон бо воситаҳои навтарини илмӣ-техникӣ, баланд бардоштани дониш ва малакаи касбии онҳо давоми солҳои 2010-2013-ум 75 адад ҷомадони  тафтишотӣ, ки дорои техника ва таҷҳизоти навтарин мебошанд, 19 адад видеокамера, 100 адад дастгоҳи суратгирӣ ва миқдори зиёди дигар лавозимоту таҷҳизоти зарурии техникӣ ба маблағи умумии 1,5 млн. сомонӣ харида, ба кормандон дастрас шуданд. Инчунин ҷиҳати ғанӣ гардонидани китобхонаҳои мақомот, таъмини онҳо бо адабиёти навтарини ҳуқуқӣ ба маблағи умумии 300 ҳазор сомонӣ адабиёти зарурӣ харидорӣ ва  дастрас гардид.

- Ҳамкорӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ҷиҳати ҳифзу ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон чӣ тавр ба роҳ монда шудааст?

- Роҳбарияти Прокуратураи генералӣ ҷиҳати таҳким ва рушди минбаъдаи ҳамкории байналмилалӣ 18 маротиба бо намояндагони давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла намояндагони сафоратхонаҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии  Хитой, Ҷумҳурии Исломии  Афғонистон, намояндагони Созмони Милали Муттаҳид ва бо прокуророни генералии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вохӯриҳо гузаронид.

Ҳамкориҳо ва муносибатҳои байналмилалӣ ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мусоидат намуда, таҷрибаи пешқадами кишварҳои пешрафта метавонад баҳри баланд гардидани малакаи кории кормандон ва пешгирии ҷинояткорӣ мусоидат намояд.

Тӯли  соли 2013 дар асоси талаботи санадҳои меъёрии байналмилалӣ аз кишварҳои хориҷӣ 93 нафар маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо ба ҷумҳурӣ оварда шуданд, ки аз онҳо 92 нафарашон аз Федератсияи Россия ва як нафараш аз Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад.

Тайи соли 2013 нисбати 85  нафар шахсоне, ки дар ҷустуҷӯ қарор дошта, дар давлатҳои хориҷӣ дастгир шуда буданд, оид ба боздод талабномаҳо ирсол карда шуд, ки 49 -тои он қаноатбахш  шуда, боқимондаашон мавриди баррасӣ қарор дорад.

Дар соли 2013 ҳамагӣ 37  муроҷиати шаҳрвандон оид ба вайрон карда шудани ҳуқуқу манфиатҳояшон, тибқи талаботи шартномаҳои байналмилалии амалкунанда, барои баррасӣ ба прокуратураҳои генералии кишварҳои хориҷӣ фиристода шуданд, ки аксарияти онҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин давлатҳо баррасӣ шуданд.

Боиси тазаккур аст, ки моҳи сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 24-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои аъзои ИДМ  баргузор мегардад.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум