Омӯзгорону хонандагони МТМУ №17-и деҳоти «Овчиқалъача»-и ноҳияи Б. Ғафуров, МТМУ 16-и деҳоти «Саразм»-и шаҳри Панҷакент, МТМУ №17-и шаҳри Истаравшан ва сокинони маҳаллаи навбунёди Навободи деҳаи Азизободи ноҳияи Мастчоҳ соҳиби биноҳои наву замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоту ашёи таълимӣ барои беш аз 1000 хонанда шуданд.
Дар маросими тантанавии ба истифода додани мактабу биноҳои нави таълимӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовинонаш ширкат варзида, хонандагону омӯзгоронро бо фарорасии соли нави хониш ва соҳиб шудан ба биноҳои нав табрик гуфтанд. Изҳори умед карда шуд, ки тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавобан ба ғамхорӣ хонандагон бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунанд. Омӯзгорон ҷаҳду талош меварзанд корҳои таълиму тарбияро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.
Бино ба гуфти муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Сайфуллохон Раҳматов, то кунун бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои таҷлили Наврӯзи оламафрӯз ва Ваҳдати миллӣ 7 мактаби нав сохта, ба истифода дода шуд. Ҷамъулҷамъ, соли равон дар вилояти Суғд барои 7000 хонанда биноҳои нави таълимӣ бунёд гардид.
Ёдовар мешавем, ки имсол дар вилоят беш аз 50 ҳазор кас қадамҳои нахустинро ба остонаи мактаб гузоштанд.
Мирзоаъзам Мақсудов, «Садои мардум»