Дар партави Паёми Президент

Тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлат дар дасти омӯзгор аст

№54 (3355) 15.04.2015

Дар  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 январи соли 2015) дар бораи соҳаи маориф чунин зикр гардидааст:  «Дар ин ҷо бори дигар хотирнишон месозам, ки дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор, дар навбати аввал, аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди  неруи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва гузашта аз ин, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад.». 

Бо хоҳиши хабарнигори рӯзнома муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ф. Исмонов доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳояшро чунин баён кард:

- Ҳамасола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад, ки он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ  ва хориҷии кишварро дар бар мегирад. Хусусияти муҳими Паёми имсола барои соҳаи маориф аз он иборат мебошад, ки Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастоварду мушкилоти ҳар як зинаи таҳсилотро баён карда, барои ислоҳи онҳо вазифагузорӣ намуданд. Аз ҷумла дар зинаи таҳсилоти томактабӣ зикр шуд, ки сарфи назар аз дастовардҳои солҳои охир, нишондиҳандаи фарогирии кӯдакон ба ин зинаи муҳими таҳсилот паст боқӣ мемонад. Вобаста ба ин Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки «бо ҷалби имкониятҳои ташкилоту созмонҳои ғайриҳукуматӣ, бахши хусусӣ ва шахсони эҳсонкор доир ба таъсиси шаклҳои алтернативии муассисаҳои томактабӣ, таъмиру таҷдид ва таҷҳизонидани онҳо тадбирҳои муассир андешанд».

Бояд зикр  намуд, ки соли 2014 «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020» таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Бо истифода аз механизми мазкур ва рушди муассисаҳои томактабии давлатӣ дар назар дошта шудааст, ки то соли 2020 зиёда аз 30 фоизи кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта шаванд. Алҳол ин нишондиҳанда ба 12 фоиз баробар мебошад.

Дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки зинаи асосӣ ва аз ҳама муҳими соҳаи маориф ба ҳисоб меравад, корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст. Вазифаи муҳимро дар ин зинаи таҳсилот Роҳбари давлат дар «баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва дар низоми таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ ва фаъоли таълим, инчунин баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон» муайян намуданд, — изҳор намуд ҳамсуҳбатам.

-Дар иртибот ба ин, ояндаи наздик дар зинаи таҳсилоти умумӣ стандартҳои фаннӣ бо дарназардошти диққати бештар додан ба қобилияту малакаҳои хонанда ҷорӣ карда мешавад ва дарсҳо бо истифодаи технологияҳои муосири инноватсионӣ роҳандозӣ мегарданд. Мавриди зикр аст, ки соли 2014 дар ҷумҳурӣ бо истифода аз сарчашмаҳои гуногуни маблағгузорӣ 217 бинои муассисаи таълимӣ сохта, ба истифода дода шуд ва қисми зиёди он бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардид. Ба замми ин, дар аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар нишондиҳандаҳои «Барномаи компютеркунонии  муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои солҳои 2010-2015» пеш аз муҳлат иҷро шуд. Ҷиҳати беҳтар намудани низоми такмили ихтисоси омӯзгорон, муассисаҳои такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф муттаҳид карда шуданд. Алҳол ислоҳоти ҷиддии низоми мазкур оғоз гардидааст. Ҳамчунин вобаста ба рушди минбаъдаи ин зинаи таҳсилот дар мавриди гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таҳсилот, аз нуҳсола ба даҳсола гузаронидани таҳсилоти асосӣ, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ табдил додани муассисаҳои ибтидоӣ ва пурра татбиқ гардидани низоми маблағгузории сарикасӣ вазифаҳо муайян шуданд. Ҳадаф аз ин тадбирҳо ҷалби пурраи духтарону писарон ба таҳсилоти асосӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот мебошад.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, соли 2014 қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд. Низоми мазкур мусоидат намуд, ки  амалҳои коррупсионӣ дар соҳа коҳиш ёбанд ва норозигии довталабон ва падару модарон низ аз натиҷаи имтиҳонҳои дохилшавӣ бамаротиб кам гардад. Дар робита ба натиҷаҳои қабули довталабон тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари давлат ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳуриии Тоҷикистон ва сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки  барои беҳбудӣ бахшидан ба таълими фанҳои табииву риёзӣ чораҳои муассир андешанд. Ба хонандагон  бобати интихоби дурусти касбу ҳунар, аз ҷумла ихтисосҳои муҳандисӣ ва техникиву технологӣ ёрии амалӣ расонанд. Ҷиҳати ёрӣ расонидан ба хонандагон дар мавриди интихоби дурусти касбу ҳунар ва шинос намудан бо тартиби супоридани имтиҳони қабул ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт ва бо хатмкунандагони муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи умумӣ вохӯриҳо гузаронида шуд. Корҳои таблиғотии муассисаҳои таълимӣ  бомаром идома дорад, — афзуд Фатҳиддин Исмонов.

- Аҳамияти таҳсилоти касбӣ барои таъмини иқтисоди миллӣ бо мутахассисон бисёр муҳим аст. Айни ҳол дар зинаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ низоми кредитӣ ва бисёрзинагии таълим амалӣ шуда истодааст. Аз ҷониби Президенти кишвар вазифаҳои муҳимтарини соҳаи таҳсилоти олии касбӣ — дар давраи миёнамуҳлат татбиқ намудани соҳаи  меъёрҳои дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшуда ва бо истифода аз омӯзиш ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамон самаранок гардонидани сифати таълим муайян гардиданд. Таъкид гардид, ки бояд ба забономӯзии донишҷӯён ва ба ҷойи кор ҳозир шудани хатмкунандагон диққати махсус дода шавад. Роҳбари давлат ҳамчунин ба масъалаи бисёр муҳим – зарурати беҳтар намудани корҳои тарбиявӣ дар байни кӯдакон ва наврасон ва дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба воя расонидани онҳо дахл намуданд. Бинобар ин, таъсис додани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва ташкил намудани воҳиди нави сохторӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишварро ҷиҳати назорат ва ҳамоҳангсозии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  муҳим арзёбӣ карданд. Бисёр дуруст таъкид гардид, ки падару модарон бояд  «…аз рӯзи таваллуди фарзандашон ба таълиму тарбияи ӯ диққати ҷиддӣ диҳанд, барои дуруст ба камол расидани ӯ шароит фароҳам оваранд, асбобу ашёи таълимашро таъмин намоянд ва завқи ӯро барои интихоби дурусти касб бедор созанд».

Омӯзгор дар таълиму тарбияи кӯдакону наврасон нақши асосӣ дорад ва барои рушди минбаъдаи кӯдак замина мегузорад.   Дар Паём низ  ин нукта хеле ҷиддӣ таҳлил гардид: «Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст.».

Бо мақсади дастгирии омӯзгорон, тибқи супориши Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 сентябри соли ҷорӣ, баробари дигар муассисаҳои буҷетӣ, музди меҳнати кормандони соҳаи маориф 20 фоиз ва стипендияи донишҷӯён 30 фоиз баланд бардошта мешавад. Дар баробари ин, музди меҳнати минималӣ то 60 фоиз баланд бардошта шуда, ба 400 сомонӣ баробар мешавад. Танҳо барои соҳаи маориф бо ин мақсад дар Буҷети давлатӣ зиёда аз 118 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Умуман, дар Паёми имсола бори дигар аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қувваи пешбаранда ва фаъоли ҷомеа будани аҳли маорифи кишвар таъкид гардид. Ин дастгирӣ ва боварӣ мо — кормандони соҳаро уҳдадор менамояд, ки вазифаҳои худро сари вақт  ва бо масъулияти баланд иҷро намоем ва дар амалӣ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф аз ҳама имкониятҳо истифода барем, — гуфт дар хотимаи суҳбат муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳиддин Исмонов.

 

Таҳияи Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»