Тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои он

№150 - 151 (4412-4413) 20.12.2021

globalnoe_poteplenieТағйирёбии иқлим яке аз мушкилоти ҷиддии замони муосир ба ҳисоб меравад, ки ин раванд ба миқдор ва сифати захираҳои оби тоза тадриҷан таъсири манфӣ расонидааст. Тайи даҳсолаҳои охир дар Тоҷикистон коҳиши чашмраси масоҳати пиряхҳо, ки барои кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳиманд, ба назар расида, дар давоми 70 соли охир тақрибан 35 фоизи хурдҳаҷми онҳо талаф ёфтаанд.

Пайомадҳои тағйирёбии иқлим, аз ҷумла, сел, боронҳои пуршиддат, зуд обшавии барфҳо, эрозияи обӣ, шӯршавии замин, паҳншавии ҳашароти зараррасон, норасоии об, тӯфон ва гирдбод, гармсел, хушксолӣ, бемориҳои рустанӣ, таназзулёбии замин ва ғайра ба шумор рафта, ба соҳоти гуногун хисороти ҷиддиеро ба бор хоҳанд овард. Тибқи натиҷаи тадқиқоти олимону мутахассисон, баланд гардидани ҳарорати ҳаво дар кураи замин низ ба вусъати бесобиқаи ин раванд мусоидат хоҳад кард.

Дар ҳалли мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи захираҳои оби тозаи ошомиданӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари ташаббускор ва пешсаф дар миқёси ҷаҳон, алалхусус дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид эътироф гардида, дар саргаҳи ин ибтикорот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Ташаббусҳои кишвар дар ин самт ба эҷоди платформаи васеъ барои баррасӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои бештар мусоид ва оқилонаи ҳалли мушкилоти марбут ба захираҳои об нигаронида шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари ташаббускору пешсаф тадбирҳои муҳиму саривақтии марбут ба ҳифзу нигоҳдошти захираҳои об ва ҳалли мушкилоти вобаста ба рафъи тадриҷии оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлимро минбаъд низ амалӣ намуда, дар ин раванд баргузории баъзе аз чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалиро ба нақша гирифтааст.

Ҳукумати кишвар «Нақшаи миллии амал оид ба сабук намудани пайомадҳои тағйирёбии иқлим»-ро низ тасдиқ намуда, дар ин самт тадбирҳои муҳиму саривақтиро амалӣ менамояд. Бо дарназардошти ин, масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва амалисозии чораҳои мутобиқсозӣ ба ҷузъи муҳими «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» табдил ёфтаанд.

Мутобиқи пешгӯии олимон, тағйирёбии иқлим монеи рушду тараққиёти соҳаҳои гуногун гардида, пешгирии он ногузир аст.

Ҷамила САИДОВА,

омӯзгори фанҳои биология, экологияи Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе