Иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат

Таъмини қонуният ва адолати иҷтимоӣ амри муҳиму саривақтист

№ 20.04.2015

DSC_1714Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали давлатдории худ Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини адлу инсоф, хизмати ҳалолу покиза ба давлат, мустаҳкам намудани реҷаи қонуният диққати ҷиддӣ дода, мунтазам онро мавриди таҳлил ва интиқоди қавӣ қарор додааст.

Масъалаи таҳкими қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ дар ин марҳилаи таърихӣ барои мо ниҳоят муҳиму арзишманд аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар маҷлиси васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 июли соли 2014 зикр намуданд, ки дар шароити тағйир ёфтани вазъи геополитикии ҷаҳон ва афзоиши тақдиду хатарҳои нав, ки ба рушди давлатдории миллӣ ва манфиатҳои милливу давлатии мо низ монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд, аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар масъулияти дучанд тақозо мегардад. Аз ин рӯ, дар ин марҳилаи таърихӣ шароити мусоид барои тағйироти куллии иқтисодию иҷтимоӣ муҳайё карда шуд, ки муҳиму саривақтӣ буда, таъмини реҷаи қонуният ва адолати иҷтимоӣ ниҳоят унсури мустаҳкам намудани давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад. Ин нукта дар маҷлиси мутазаккира аз ҷониби Президенти кишвар хеле возеҳ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъкид карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, масъулияти прокурорҳоро оид ба таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният махсус таъкид карданд.

Вақте сухан дар бораи таъмини қонуният меравад, муносибат ба мақомоти прокуратура ҳамин гуна махсус мешавад. Сабабу омилҳои муносибати хоса ба мақомоти прокуратура чунинанд:

- якум, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ризоияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин шуда, дар бораи вазъи риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Тоҷикистон танҳо ба Президент ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад;

- дувум, вазъи қонуният дар ҷодаи таъмини амнияти иқтисодии давлат, мубориза бар зидди кирдорҳои коррупсионӣ, истифодаи самарабахшу мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, сатҳи тафтишоти парвандаҳои ҷиноятӣ боиси нигаронии Сарвари давлат гардида, дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон (17 феврали соли 2015) чунин таъкид намуд: «…маблағҳои давлативу сармоягузориҳо, аз ҷумла дар амалисозии лоиҳаҳои муҳими мамлакат ва корҳои сохтмону бунёдкорӣ бояд зери назорати қатъӣ қарор дода шаванд ва дар ин самт бояд чунин шароите ба вуҷуд овард, ки суиистифода аз мансаб, коррупсия ва тасарруфи молу амвол тадриҷан ба нестӣ расонида шавад»;

- сеюм, таъиноти назоратии прокуратураро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст;

-чорум, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ маҳз ба зиммаи мақомоти прокуратура гузошта шудааст;

- панҷум, ягона мақомоте, ки назорати умумии иҷрои қонунҳоро амалӣ мекунад. Маҳз тавассути соҳаи назорати умумӣ прокурор таъиноти конститутсионии худро оид ба таъмини реҷаи ягонаи қонуният дар тамоми қаламрави кишвар амалӣ менамояд. Мавҷудияти назорат унсури таркибии таъмини қонуният мебошад.

Инчунин дар ҷаласаи васеи Шӯрои амният (17 феврали соли равон) маълум гардид, ки Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози беасоси парвандаҳои ҷиноятӣ изҳори нигаронӣ намуданд. Мавриди интиқоди Роҳбари хирадсолори кишвар қарор гирифтани масъалаи мазкур маънои онро дорад, ки ҳарчанд ин масъалаи мурофиавист, вале ҳаддалимкон дуруст ҳал намудани он ба амнияти кишвар иртиботи бевосита дорад. Аз ин рӯ, шахсони мансабдоре, ки тибқи моддаҳои 145 ва 146 КМҶ салоҳияти оғоз намудани парвандаи ҷиноятиро доранд, бояд ба ин масъала муносибати ҷиддӣ намуда, дар доираи салоҳияти худ амал кунанд. Чунки нисбати шахс оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ ӯро ҳамчун гумонбаршуда муайян карда, ба мақомоти давлатӣ имконият медиҳад, ки нисбати ӯ ҳаракатҳои мурофиавиро татбиқ намоянд. Оид ба ин масъала дар ҷаласа зикр карда шуд, ки паси парвандаҳои ҷиноятӣ на танҳо ҳуқуқ ва манфиати як нафар шахси гумонбаршуда, балки аҳли оила, наздикону пайвандони онҳо, обрӯву нуфузи давлат меистад. Аз ин рӯ, шахсони мансабдоре, ки салоҳияти оғоз намудани парвандаи ҷиноятиро доранд, бояд ба ин масъала муносибати ҷиддӣ намуда, аз доираи салоҳияти қонунии худ берун набароянд.

Дар ҷомеа ҳама хизматчиёни давлатӣ, аз он ҷумла кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар хизмати давлат буда, музди кори онҳо аз шароити иқтисодиву иҷтимоии шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ, ки андозсупоранда мебошанду аз ҳисоби онҳо Буҷети давлатӣ ғанӣ мегардад, вобастагӣ дорад. Гузашта аз ин: «… мардум ба фаъолияти давлат мувофиқи рафтору кирдори кормандони прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, садоқати онҳо ба Ватан ва давлату миллат, поквиҷдонӣ, сатҳи касбиву салоҳият ва маърифатнокиашон баҳо медиҳанд», — мегӯянд Сардори давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дуруст аст, ки хизмати давлатӣ бояд маоши муносиб дошта бошад. Дар ин самт чораҷӯиҳои доимӣ идома дошта, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар чанд соли охир хеле зиёд шудааст. Агар дилхоҳ шахс мансабҳои судяву прокурору милисаро бо нияти дарёфти маблағи иловагии ғайриқонунӣ  ва даромади муфт ишғол намояд, ногузир ба фасод гирифтор шуда,  на танҳо уҳдадориҳои худро иҷро карда наметавонад, балки ба обрӯи давлат зарари ҷиддӣ мерасонад. Аз ин нуқтаи назар, пеш аз интихоби касб дар мактабу оила мавзӯи интихоби шуғл, паҳлуҳои гуногуни он, аз он ҷумла музди меҳнат ба ҷавонон  фаҳмонида шавад.

Аз ин рӯ, ба сатҳи тайёрии касбии ҳуқуқшиносоне, ки имрӯз муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм менамоянд, диққати ҷиддӣ бояд дод.

Бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим навгониҳои гуногун, ба мисли ба низоми кредитӣ гузаштан, чопи китобҳои таълимӣ, истифодаи воситаҳои техникии иттилоотӣ, сохтмони биноҳои нави таълимӣ, китобхонаву лабораторияҳо, тайёр намудани омӯзгорони унвондор ва даҳҳо дигар чорабиниҳо амалӣ шуда истодаанд.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани сифати таълим, тарбияи  ҳуқуқшиносони болаёқат, дар асоси супориши ректори ДМТ профессор М. С. Имомов бо роҳбарии декани факултети ҳуқуқшиносӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Э. Насурдинов устодони факултети ҳуқуқшиносӣ барномаеро таҳия намуданд, ки дар он роҳ ва усулҳои рушди факултети ҳуқуқшиносӣ барои солҳои 2015-2020 инъикос шудааст.

Аз 2 феврали соли 2015 аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ю. Раҳмонов фармоне ба тасвиб расид, ки мувофиқи он ба мақомоти прокуратура дар оянда ба воситаи тақсимот бемамониат ба кор қабул намудани хатмкунандагони факултети ҳуқуқшиносӣ пешбинӣ шудааст. Чунин муносибат ба талаботи банди 3-юми Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки аз 20 майи соли 2009 Президенти кишвар тасдиқ намудааст, мувофиқ буда, ҳавасмандиву боварии донишҷӯёнро ба хониш ва кори Комиссияи аттестатсионии давлатӣ зиёд мегардонад.

Мувофиқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ишғол намудани мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ бо роҳи озмун сурат мегирад. Тибқи моддаи 18 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» прокуратура мақомоти ягонаи марказонидашуда буда, онро Прокурори генералӣ сарварӣ мекунад, масъалаи ба кор қабул ва аз он озод кардан сирф ба салоҳияти истисноии ӯ мансуб аст. Дар сурати пайдо шудани ҷойҳои холӣ Прокурори генералӣ метавонад ҳар ду роҳро истифода кунад. Ҳоло Прокурори генералӣ яке аз ду роҳи асосии қабул ба кор дар мақомоти прокуратура, яъне дар асоси роҳхатро  интихоб намудааст. Дар маҷмӯъ, бемамониат ба кор қабул намудани хатмкунандагони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон омили баланд бардоштани ҳавасмандгардонии хониши хубу аълои донишҷӯён маҳсуб меёбад.

Зайниддин ИСКАНДАРОВ, профессори кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати  прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ