22 — 24 ноябри соли равон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон XII ҳафтаи таҳсилоти Созмони Ҳамкории Шанхай — «Таҳсилот бидуни марз» баргузор гардид, ки дар он намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва донишгоҳҳои аъзои Донишгоҳи СҲШ аз Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон, Хитой, Покистон ва Ҳиндустон ширкат варзиданд.
Дар саҳни донишгоҳ китобҳо, сангҳои қиматбаҳои ватанӣ, диплому ифтихорнома ва ҷоизаҳои бадастовардаи донишгоҳҳои Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуда буданд, ки барои меҳмонон хеле ҷолиб ба назар мерасид. Дар расми кушодашавии чорабинӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид зикр кард, ки маориф ва илм асоси ҷомеаи башариро ташкил медиҳанд ва дар рушду нумӯи кишварҳо нақши асосӣ мебозанд. Ҳамкории давлатҳо дар ин самт нақши онро беш аз пеш назаррас мегардонад.
Муовини вазири маорифи Федератсияи Россия Зенкович Павел Станиславович аҳамияти лоиҳаҳои муштараки муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай, корҳои якҷояи илмӣ ва барои рушди устувори муносибатҳо омӯхтани таъриху фарҳанги ҳамдигарро таъкид кард. Вай афзуд, ки робитаи донишҷӯён ва ба таҳсил фаро гирифтани онон дар давлатҳои узви СҲШ ба манфиати кишварҳои узв аст.
Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Сомнатх Гош доир ба нақши маориф, таҳсилот ва робитаҳои илмии Ҳиндустон бо кишварҳои узви СҲШ маълумот дод.
Дар доираи XII ҳафтаи таҳсилоти СҲШ суҳбатҳои гирди миз аз рӯи равияҳои «Мантиқшиносӣ», «Экология», «Энергетика», «IT — технологияҳо», «Нанотехнологияҳо», «Педагогика» ва «Иқтисодиёт» баргузор гашт. Дар нишасти коршиносон рафти татбиқ, тавсеаи барномаҳои таълимии магистрии муштарак таҳлил ва пешниҳодҳо ҷиҳати татбиқи созишнома доир ба таъсис ва фаъолияти Донишгоҳи СҲШ баррасӣ шуданд. Зимни ҳамоиш Нақшаи чорабиниҳои асосии Донишгоҳи СҲШ барои солҳои 2019 — 2020 тасдиқ гардид.
ВОРИС, «Садои мардум»