Таҳсилоти калонсолон низоми аз камбизоатӣ берун шудани аҳолист

№2 (3639) 07.01.2017

НурулоТаҳия ва пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» ҷиҳати баррасӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми саривақтӣ ва корсозест дар мустаҳкам намудани заминаҳои ҳуқуқии таҳсилот.

Дар робита ба ин, журналист Талъат Нигор бо яке аз таҳиягарони лоиҳа Нурулло Оқилзода — номзади илмҳои педагогӣ, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон мусоҳиб шуд.

- Лутфан мегуфтед, ки идеяи таҳияи лоиҳаи қонун чӣ гуна ба вуҷуд омад?

- Соҳаи таҳсилоти калонсолон дар ҷумҳурӣ нисбатан нав аст. Шаклгирии он солҳои 2006-2008 бо тайёрӣ ба боз намудани Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ва ба кор шурӯъ намудани ин субъект ба амал омадааст. Зарурати ташкили марказро талаботи бозори меҳнат, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, масъалаи бо кор таъмин намудани корҷӯён, ки ниёз ба омӯзиш ва бозомӯзии касбӣ, баланд бардоштани сатҳи малакаи касбӣ доштанд, ба вуҷуд овард. Ҳоло ҳудуди 100 намояндагиву филиали марказҳои касбомӯзии ин муассисаи давлатӣ ва муассисаҳои дигари давлатии касбомӯзӣ дар кишвар фаъоланд ва аз хизмати пулакию ройгони онҳо ҳазорон нафар истифода мебаранд. Дар низоми таҳсилоти касбӣ низ курсҳои кӯтоҳмуддат ба фаъолият шурӯъ намуда, барои касбомӯзии таълимгирандагони калонсол шароит фароҳам оварданд. Ҳамчунин, ташкилоти гуногуни ҷамъиятӣ барои касбомӯзии шаҳрвандон саҳм мегузоранд. Рушди ин раванд, албатта, заминаи ҳуқуқиро тақозо дорад.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» таҳсилоти калонсолон инъи­коси худро ёфтааст, вале он хеле маҳдуд аст, яъне қонунгузории мо таҳсилоти калонсолонро дар шакли ташкилиаш чун таҳсилоти ибтидоии касбӣ, дар мазмун бошад, ба таҳсилоти иловагӣ марбут медонад. Ин амал шаклгирӣ ва фаъолияти пурсамари таҳсилоти калонсолонро таъмин карда наметавонад.

Таҳлили қонунгузории ҷорӣ, аз ҷумла, санадҳои қонунгузории вобаста ба соҳа нишон медиҳанд, ки масъалаи таҳсилоти калонсолон дар чанд қонун пароканда дарҷ ёфтаанд. Вале зарур аст, ки таҳсилоти калонсолон чун соҳаи ягона муайян ва заминаҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию ташкилии он муқаррар гарданд.

Барои таҳкими заминаҳои ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти калонсолон баъзе чораҳо андешида шудаанд, ки мутаассифона, пешрафти бомаром ва судманди онро таъмин карда наметавонанд. Бо ин назардошт, барои баррасӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» пешниҳод гардидааст.

Ҳар як лоиҳаи қонун то қабул шудан, маъмулан, марҳилаҳои муайянро тай менамояд. Баъди омода шудани лоиҳаи қонун онро барои баррасӣ ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод кардем. Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар асоси дастури Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунро аз моҳи апрели соли 2016 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои хулосаи ҳуқуқӣ ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди хулоса равон кард.

Ҳамин тариқ, тибқи қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи такмилёфтаи қонун ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардид.

- Барои таҳияи лоиҳаи қонун таҷрибаи кадом кишварҳо омӯхта шуданд?

- Мо имкон доштем бо таҷрибаҳои чанд кишвар шинос шуда, аз онҳо мувофиқ ба шароити Тоҷикистон истифода барем, инчунин, коршиноси байналмилалиро ҷалб созем.

Ҳар як мамлакат вобаста ба талаботи ҷомеаи худ модели таҳсилоти калонсолон, равишу сохтори онро интихоб мекунад. Ошноӣ бо таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя – Ӯзбекистону Қирғизистон, инчунин Беларус, Гурҷистон ва Олмон дар бахши таҳсилот ва ҳам дар бахши қонунгузорӣ бароямон муфид буд. Ба хулоса омадем, ки модели интихобнамудаи мо дар Осиёи Марказӣ пешрафта аст. Чаро ман ба ин боварам? Чунки нишондоди фарогирӣ ба таҳсилоти калонсолон (ҳар сол 100 фоиз афзоиш ёфтани он) баёнгари ҳамеша мавҷуд будани талабот ба таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон аст, зеро солҳои ҷанги шаҳрвандӣ як қисми ҷавонон имкони гирифтани таҳсил ва омӯхтани касбро надоштанд. Ҳоло метавонем калонсолонеро, ки ниёз ба омӯхтани касбҳои коргарӣ доранд ё бозомӯзӣ мехоҳанд, бо таълим фаро гирем. Айни замон он асосан дар доираи низоми ба худ хос сурат мегирад ва рушди таҳсилоти калонсолон дар ин шакл талаби рӯз аст.

Таҳсилоти калонсолон дар Беларус чун таҳсилоти иловагии калонсолон, дар Ӯзбекис­тон чун таҳсилоти касбӣ ва баъзе равандҳои он чун таҳсилоти миёнаи умумӣ пазируфта шудаанд.

Низоми таҳсилоти калонсолони Олмон пешрафтатарин дар олам аст. Он дар давраи баъди ҷанги дуюми ҷаҳон рушд намудааст. Аз ҷониби муассисаҳои ин таҳсилот ба мардум шароити гирифтани таҳсилоти иловагӣ, ғайрирасмӣ — аз барномаҳои касбинтихобкунӣ то барномаҳои гуногуни забономӯзӣ, фароғатӣ ва фарҳангӣ муҳайё гардидааст. Таълими муҳоҷирону гурезаҳои иҷборӣ ройгон, аммо омӯзиши шаҳрвандони худи кишвар музднок аст. Ин муассисаҳо дар тӯли фаъолият, ки ибтидояш ба охири асри XIX рабт мегирад, ба қисми ҷудонашавандаи ҳаёти ҷомеа дар Олмон табдил ёфтаанд ва бесабаб онҳоро «Донишгоҳи халқӣ» ном намебаранд.

Сафари мо ба ин кишвар бо даъвати Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон (Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон) сурат гирифт. Бо даъвати ин намояндагӣ коршиноси байналмилалӣ Линард Дейдулис аз Латвия ба Душанбе омад. Ӯ дар семинаре, ки Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикис­тон (АТКТ) оид ба рушди заминаҳои ҳуқуқии таҳсилоти калонсолон бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқшиносон, коршиносон ва мутахассисони соҳа баргузор намуд, суханронӣ карда, иштирокчиёнро бо таҷрибаи кишварҳои Аврупо дар мавриди қонунгузории таҳсилоти калонсолон шинос намуд. Ақидаи худро оид ба қонунгузории кишвари мо дар ин соҳа баён сохта, барои мукаммал гаштани лоиҳаи қонуни марбута маслиҳат дод.

Соли 2015 Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои ИДМ низ лоиҳаи моделии қонунро дар бораи таҳсилоти калонсолон барои мамлакатҳои узв пешниҳод кард ва ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонун аз он низ истифода бурдем. Дар ҷараёни таҳия ва баррасии лоиҳаи қонун бо АТКТ, Намояндагии DVV International ҳамкорӣ доштем ва барои ин аз онҳо сипосгузорем.

Ҳанӯз соли 2011 АТКТ тарҳи лоиҳаи қонуни таҳсилоти калонсолонро пешниҳод кард. Онро омӯхта, ба хулоса омадем, ки дар шакли пешниҳодшудааш мавриди баррасӣ қарор намедиҳем. Чунки омода намудани санадҳои қонунгузорӣ тартибу талаботи махсуси худро дорад. Пеш аз ҳама, санад бояд асоснок шавад, бо ду забон — тоҷикӣ ва русӣ омода гардад, тавзеҳоти муфассал дошта бошад. Лоиҳаи пешниҳодшуда аз ин ҷиҳат камбудиҳо дошт, вале он таконе барои таҳияи лоиҳаи қонуне шуд, ки имрӯз мавриди баррасӣ қарор дорад.

- Мазмуни лоиҳаи қонунро барои хонандагон мухтасар шарҳ медодед…

- Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» аз 8 боб ва 33 модда иборат буда, дар мутобиқат бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакат таҳия гардидааст. Дар моддаи 3 муқаррар мегардад, ки мақсади таҳсилоти калонсолон мусоидат ба инкишофи шахсияти инсон, такмили муттасили салоҳияти касбӣ ва беҳдошти неруи эҷодӣ, қонеъгардонии талаботи калонсолон ба дониш, малака ва маҳорат мебошад, ки барои мутобиқшавӣ ба вазъи тағйирёбанда, меҳнати тахассусӣ, инкишофи маънавӣ ва такомули шахсӣ заруранд. Бо пешниҳоди лоиҳаи қонун мехоҳем, ки аввалин маротиба дар қонунгузории ҷумҳурӣ муқарраротро мисли валидатсия, яъне эътирофи салоҳияти касбии таълимгирандагони калонсол, ки дар заминаи таҳсилоти ғайрирасмӣ, ғайриасосӣ, худомӯзӣ ба даст омадааст, қонунӣ созем. Таҳсилоти ғайрирасмӣ ҳаргиз маънои таҳсилоти ғайриқонуниро надорад. Таҳсилоте, ки берун аз муассисаи таълимӣ аст, таҳсилоти ғайриқонунӣ нест, балки ғайрирасмӣ аст, ки бо қабули ҳамин қонун расман эътироф мешавад.

Масалан, шогирде аз устое малакаву маҳорати касберо омӯхтааст ва соҳиби салоҳияти касбӣ гаштааст, имкон пайдо мекунад, ки бо ҳуҷҷати намунаи давлатӣ ин салоҳиятро расмӣ намояд. Ин аст расмиёти эъти­рофи салоҳияти касбӣ. Ин ҳуҷҷат дар оянда барои ӯ муаррифгари салоҳияташ мешавад. Чунин шаҳрвандон дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти калонсолон ё муассисаи дигари салоҳиятноке, ки аз қайди давлатӣ гузаштааст, баъди санҷиш, эътироф шудани малакаву маҳорат ё салоҳият ҳуҷҷати намунаи давлатӣ мегиранд. Агар ҷойи кор дошта бошанд, дар он ҷо мақоми муайянеро пайдо мекунанд. Дар сурати бо созишномаҳои байнидавлатӣ ба роҳ мондани ин амал муҳоҷирони меҳнатӣ низ бо намунаи ҳуҷҷати давлатие, ки дар хориҷа эътироф мегардад (тибқи созишномаи байнидавлатӣ), дар он кишварҳо мувофиқи салоҳияти касбии худ кор меёбанд.

Баъди мавриди амал қарор гирифтани қонун, тибқи муқаррароти он, муассисаҳое, ки барои пеш бурдани фаъолияти таълимӣ иҷозатномаи дахлдор мегиранд, мувофиқи самти фаъолият ҳуқуқи гузаронидани валидатсияро пайдо мекунанд. Итминон дорам, ки ҳазорҳо нафар шаҳрванд аз ин имкон — эътирофи малакаву маҳорати касбӣ истифода хоҳанд намуд.

- Дар лоиҳаи қонун ба кадом самти таҳсилоти калонсолон бештар таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст?

- Бештар ба самти таҳсилоти касбии калонсолон, зеро талабот ба он зиёд аст.

Дар лоиҳаи қонун баробари муқаррароти асосӣ, мақсади таҳсилоти калонсолон, вазифаҳои таҳсилоти калонсолон, принсипҳои асосии сиёсати давлат дар соҳаи таҳсилоти калонсолон, ҳуқуқи калонсолон ба таҳсил муайян гаштаанд. Ҳар як шаҳрванд тибқи моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба таҳсил дорад. Дар ҳамин радиф ҳуқуқи калонсолон ба таҳсил шарҳ дода шудааст ва моддаи 1 ба ҳамин масъала марбут аст. Дар моддаи 6 муайян шудааст, ки калонсолони ҳуқуқашон бо қарори суд маҳдудшуда, аз ҳуқуқ ба таҳсил маҳрум шуда наметавонанд. Яъне, дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ба идомаи таҳсил, омӯзиши самтҳои касб ҳуқуқ доранд.

Байни коршиносон баҳсҳо оид ба он ки бояд таҳсилоти калонсолон стандартҳои давлатии худро дошта бошад, низ зиёд буданд. Ин масъаларо мо — муаллифони лоиҳа ҳаматарафа баррасӣ намуда, ба хулоса омадем, ки таҳсилоти калонсолон хубтар аст, ки дар доираи стандартҳои мавҷудаи таҳсилот ба роҳ монда шавад. Яъне, шахси калонсол дар кадом зинаи таҳсилот таълим гирад, стандартҳои давлатии ҳамон таҳсилот фарогири масъала ҳастанд. Аз ин сабаб зарурати барои таҳсилоти калонсолон кор карда баромадани стандартҳои махсуси таҳсилот нест.

- Дар бораи синни таълимгирандаи калонсол баҳсҳо зиёданд. Оё роҳи ҳалли онҳо дар лоиҳаи қонун муқаррар гардидаанд?

- Дар лоиҳаи қонун синни таълимгирандаи калонсол мушаххас нашудааст. Таълимгирандаи калонсол – шахси баркамоли физиологӣ, психологӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ, мустақилияти иқтисодӣ ва сатҳи худогоҳӣ, ки барои худидоракунии рафтори масъулиятнок кофист, мебошад, зеро таълимгиранда вобаста аз зинаи омӯзиш дар муассисае калонсол ё ғайрикалонсол аст. Масалан, агар як писарбачаи 15-сола дар синфи аввали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ хонданӣ бошад, вай аллакай дар он ҷо таълимгирандаи калонсол аст. Агар дар курси аввал, фарз кардем, литсеи касбӣ, таҳсил кунад, таҳсилоти ӯ мувофиқ ба синнаш аст ва ӯ дар он ҷо таълимгирандаи калонсол ҳисоб намешавад.

Дар таҳсилу омӯзиши шахси калонсол маҳдудияти синнӣ набояд бошад, зеро яке аз принсипҳои асосии лоиҳаи қонун ба шаҳрванд додани имкони таҳсилу омӯзиш дар тӯли ҳаёт, дастрасии баробар ба таҳсилот дар ҳама давраи зиндагӣ аст.

Дар назар дошта шудааст, ки бо қабули қонун таҳсилоти калонсолон дар заминаи андрагогика (илм оид ба таҳсилоти калонсолон) ривоҷ ёбад ва мутахассисони он дар заминаи мактабҳои олӣ тайёр карда шаванд.

Дар лоиҳаи қонун ба рушди захираҳои инсонӣ, ҷорӣ намудани усулҳои таълим, низом ва идоракунии таҳсилоти калонсолон, ташкили раванди таълим, таъминоти илмию методӣ ва кадрӣ, инчунин фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ва заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон бештар аҳамият дода шудааст.

Татбиқи лоиҳаи қонун ва мавриди амал қарор гирифтани он ба ислоҳоти куллӣ ва рушди соҳа, баланд бардоштани масъулияти субъектони таҳсилоти калонсолон равона гардидааст.