Талқини меҳмондӯстӣ рукни асосии тарбия аст

№6 (3486) 13.01.2016

«Фарзанд азиз – одобаш азизтар», — гуфтааст халқ. Аз ин рӯ, тавлиди фарзанд ҳанӯз нисфи кор аст. Вазифаи муҳим ва асосӣ ҳамчун инсони бомаърифат, хушодобу меҳнатдӯст ба воя расонидани фарзанд мебошад. Ин вазифаи муҳим, пеш аз ҳама, ба зиммаи падару модар вогузор аст. Кӯдаки навзод, ки ӯро ба ниҳоли наврас монанд мекунанд, худшиносӣ, тасаввуроти ҷаҳонбиниаш аввалин бор дар иҳотаи падару модар шакл мегирад. Ба ин маънӣ Абдушакури Балхӣ фармудааст:

Дарахте, ки хурдак бувад боғбон,

Бигардонад ӯро, чу хоҳад чунон.

Чу гардад калон боз натвонадаш,

Ки аз каҷию хам бигардонадаш.

Унсурмаолии Кайковус дар бораи тарбияи фарзанд сухан ронда, таъкид мекунад, ки агар хоҳед меҳри падару модар дар дили фарзандон кам нагардад, онҳоро назанед. Фарзандро бо сухан сиёсат кунед. Мисоли ҳаётӣ биёред, то ба онҳо таъсири нек бахшад.

Баъд аз чанд аср олими англис Чон Лок ақидаи донишманди тоҷик Унсурмаолии қайковусро тақвият дода мегӯяд: «Агар хоҳед, ки фарзандатон одами меҳрубон, хушахлоқу боистеъдод бошад, задан ва дигар намудҳои ҷазоҳои ҷисмонӣ дар тарбияи кӯдак чандон васоити мақбули тарбиявӣ шуда наметавонад.

Аз ҳавасманд кардани бачаҳо ба воситаи туҳфаҳои дилхоҳашон низ худдорӣ кардан лозим аст. Вақте ки барои иҷрои ягон кори фоиданок ба фарзанд пул ё дигар ашёи дӯстдоштаашро ваъда медиҳед, шумо дар вай хислатҳои бади инсон — худхоҳӣ, хасисӣ, фиребгариро тарбия мекунед.».

Ин ҳикматҳо то ҳол қимати худро гум накардаанд ва падару модарон бояд онро ҳамчун дастури амали хеш дар тарбияи фарзанд истифода баранд.

Вазифаи дигарии ҳар як оила ин тарбияи хоҷагидорӣ ва меҳнатии фарзандон мебошад. Муносибати софдилонаи аъзои калонсоли оила ба меҳнат ба бачаҳо таъсири мусбат мерасонад. Сабақҳои нахустини меҳнатдӯстиро фарзандон аз падару модарон меомӯзанд.

Ҳар як оила вазифаи хоҷагӣ — истеҳсолиро иҷро менамояд ва ин кор махсусан дар деҳот аён мегардад. Дар деҳот ҳар як оила замини наздиҳавлигӣ дорад ва барои рӯёнидани ҳосил ҳамаи аъзои хонавода меҳнат мекунад. Ҳосиле, ки оила аз он мерӯёнад, на танҳо барои истеъмоли худи онҳо, балки қисме ба бозор бароварда мешавад. Аз ин рӯ, бачагону духтарони деҳот аз хурдсолӣ ба кори хоҷагидорӣ ҷалб мешаванд, ки он барои онҳо як мактаби судманд мегардад.

Дар оилаҳои шаҳрӣ иҷрои вазифаҳои хоҷагӣ ба дигар тартиб сурат мегирад. Оилаҳое, ки соҳиби ҳавлиҳои шахсӣ мебошанд, дарахтони мевадиҳанда ва сабзавот парвариш карда метавонанд. Чунин оилаҳо монанди оилаҳои деҳот дар тамоми корҳои хоҷагӣ баробар иштирок менамоянд. Агарчӣ онҳо маҳсулоти хоҷагии худро ба бозор набаранд ҳам, қисман талаботи оилаи хешро таъмин мекунанд. Оилаҳое, ки дар хонаҳои баландошёна истиқомат доранд, аз фаъолияти хоҷагидорӣ маҳруманд. Вазифаҳои хоҷагии онҳо танҳо аз кори хона, аз қабили рӯбучин, пухтупаз, шустани либос иборат аст. Ин оилаҳо ягон маҳсулот истеҳсол намекунанд. Онҳо фақат истеъмолкунанда мебошанд. Фарзандон дар чунин оилаҳо дар корҳои хона вақти хеле камро сарф мекунанд. Аз ин сабаб дар шаҳрҳо волидон бояд назорати хешро аз болои фаъолияти фарзандон ҷиддитар намуда, онҳоро ҳар чӣ бештар ба корҳои хоҷагии оила ҷалб намоянд, хоҷагидорию оиладориро ба онҳо омӯзонанд ва ба ҳаёти мустақили оилавӣ омода кунанд.

Вазифаи дигари оила дар он аст, ки пайванди наслҳоро нигоҳ дошта, онҳоро мустаҳкам намояд. Фарзандон, ки калон шуданд, падару модар онҳоро ба хонаҳои хешу табор, дӯстонашон мебаранд. Хешу ақрабо ва дӯстонашон ба дидорбинии онҳо меоянд. Ҳамин тариқ, бачаҳо хешу табор, дӯстони оиларо мешиносанд бо фарзандони онҳо дӯстӣ пайдо мекунанд ва бо ин восита робитаи авлодию дӯстӣ мустаҳкам мегардад. Бе мададу дастгирии наздикон ва ёру дӯстон зиндагӣ кардан маҳол аст. Дар «Панҷсад ҳадис» омадааст, ки «Беҳтарин эҳсос ба падар ин аст, ки пас аз марги ӯ бо дӯстонаш муҳаббат кунӣ».

Панду ҳикматҳои бузургон ва анъанаҳои неки халқро падару модарон бояд ба фарзандон биомӯзанд, то онҳо бо хулқу рафтори нек одамони сазовори ҷомеа гарданд.

Тарбияи ватандӯстии фарзандон вазифаи муҳими оила ва падару модарон мебошад. Кӯдак аввалин бор муқаддасии Ватан, қаҳрамониҳои халқро аз афсонаҳо мешунавад. Ба воситаи қаҳрамонони афсонаҳо волидон ба фарзандон далерию росткорӣ, раҳмдилию қаҳрамонӣ, поквиҷдонӣ, муҳаббат ба Ватану халқи худро талқин менамоянд. Биноан, падару модарон бояд онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ба воя расонанд, то ки ворисони арзандаи ин Ватан гарданд.

Гулбаҳор АМИНОВА,  аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон