Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст

Танзим ва ҳамгунсозии истилоҳоти анатомӣ дар забони тоҷикӣ

№114-115 (3260-3261) 03.10.2014

«Забони тоҷикии мо, ки замоне бо он аз сари минбарҳо сухан гуфтан қариб аз миён рафта буд, имрӯз аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ баланд садо медиҳад ва чун пайки сулҳу дӯстиву ваҳдат дар ақсои олам парвоз мекунад.Пас ғамхории давлатӣ ва умумихалқӣ ба чунин як забони куҳану пурмуҳтаво, нобу шево ва лафзи гавҳарбори модарӣ барои ҳар кадоми мо — соҳибони он ҳам фарз асту ҳам суннат аст».

Аз Паёми телевизионии Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 19-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (8 сентябри соли 2010, шаҳри Душанбе)

Моҳият ва табиати забон иҷтимоист ва забон бидуни ҷомеа  вуҷуд доштаву рушд карда наметавонад. Инсонҳо забонро дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти иҷтимоии худ ба кор бурда, ҳамзамон ба он таъсир низ мерасонанд. Дар робита ба ин, донишмандон се тарзи таъсири одамонро ба забон зикр кардаанд: умумӣ, иҷтимоӣ ва инфиродӣ.

Илми тиб ва амалияву таҳсилоти тиббӣ моҳиятан байналмилалианд ва ба забони ягонаи аз тарафи умум эътирофшуда ва қабулшуда  эҳтиёҷ доранд. Чунин забон  айни замон дар аксари мамолики дунё забони лотинӣ мебошад. Дар низоми давлатии нигоҳдории тандурустӣ, таҳсилот, нашрияҳои илмӣ, ҳуҷҷатнигории тиббӣ забони давлатӣ дар баробари забони лотинӣ муҳим ва арзишманд аст. Дар ин хусус солҳои 50-уми асри гузашта пешвои мактаби анатомияи Иттиҳоди Шӯравӣ Д. А. Жданов  навишта буд: «То имрӯз дар тибби илмӣ ва амалӣ, ҳатто дар китобҳои дарсии фанни анатомия, истифодаи номураттаб ва худсаронаи истилоҳоти этимологияашон гуногун ба назар мерасад. Истилоҳоти анатомии лотинии  давраи тобазелӣ, истилоҳоти нодуруст ва таҳрифшудаи BNA, ҳатто истилоҳоти ийенӣ истифода мешаванд. Аксари муаллифон, махсусан клинисистҳо ибораи истилоҳоти номақбули анатомиро ба кор мебаранд».

Номенклатураи анатомӣ (nomina anatomica) феҳристи дорои системаи илман асосноки истилоҳоти анатомист, ки дар риштаҳои биология ва тиб мавриди истифода қарор мегирад. Дар илми тибби муосир  Номенклатураи байналмилалии анатомӣ ба забони лотинӣ ва Номенклатураи миллии анатомӣ ба забони давлатӣ мавҷуд аст. Пайдоиш ва ташаккули номенклатураи анатомӣ ба пайдоиш ва рушди илми анатомия робита дорад. Истилоҳоти анатомӣ дар Аврупо дар заминаи ду забони классикӣ (юнониву лотинӣ) ва дар Шарқ  бо забони давлативу арабӣ ба вуҷуд омада, ташаккул ёфтааст. Гарчанде ки номенклатураи анатомии муосир асосан аз вожа-истилоҳоти лотинӣ таркиб ёфтааст, вале дар он истилоҳоти юнониву арабӣ низ зиёданд.

Аввалин истилоҳоти анатомӣ дар Аврупо (номи узвҳои алоҳида) тақрибан 3000 сол муқаддам пайдо шудааст. Табибони Юнони Қадим тақрибан 700 истилоҳи анатомиро ба кор мебурданд.

Румиҳо истилоҳоти анатомии юнониро пазируфта, онро бо истилоҳоти нави лотинӣ мукаммал гардониданд. Вақте ки истилоҳоти лотинӣ дар кишварҳои Аврупои Шимолӣ ва Марказӣ паҳн мешуданд, онҳо хусусиятҳои забонии ин кишварҳоро қабул мекарданд. Аз ин сабаб дар номҳои анатомӣ истилоҳоти зиёди дурага (гибрид) ва варваризмҳо пайдо шуданд.

Номенклатураи анатомӣ тӯли асрҳо пайваста мукаммал мегашт. Ҳар як ихтироъ ё кашфиёте, ки дар соҳаи анатомия ба амал меомад, номи навро тавлид мекард. Мавҷуд будани муродифҳои зиёд боиси ғалатфаҳмиҳо мешуданд. Баъзе узвҳоро бо номи кашшофашон мегузоштанд: найчаи шунавоии евстахиев ба номи Евстахия (В. Eustahius, 1520-1574), маҷрои шарёнии боталлов – ба номи Боталло (L. Botallo, 1530-1600), найчаи бачадон (фаллопия) — бо номи Фаллопия (О. Fallopius 1523-1562) гузошта шудаанд.

Миёни истилоҳоти анатомӣ мафҳумҳои географӣ (insula), геометрӣ (trigonum) ва истилоҳоте, ки дар муқоиса бо ашёҳои дигар  ба вуҷуд омадаанд, ба мушоҳида мерасанд.

Аз ҷумлаи онҳое, ки аввалин бор барои танзими истилоҳоти анатомӣ кӯшиш кардааст, ин Леонардо да Винчи (1452-1519) мебошад. Мавсуф бори нахуст мушакҳои организми одамро дар асоси мавқеъ ва функсияашон тасниф кардааст. А. Везалий (1514-1564) барои бартараф кардани номувофиқатиҳо, ки дар номенклатура ҳукмфармоӣ мекард, таърифҳои арабӣ ва калимаҳои лотинии асримиёнагиро беэътибор  донист, калимаҳои юнониро ба забони лотинии классикӣ тарҷума кард ва сирф ифодаҳои лотиниро дохил намуд. Аммо баъзе аз тарҷумаҳои ин ифодаҳо чандон қобили қабул набуданд.

Дар охири асри ХVIII  миқдори истилоҳоти анатомӣ  аз 30000 гузашта буд, онҳо ба интихоб ва таснифоти илмӣ зарурат доштанд. Дар рушду такомули истилоҳоти анатомӣ саҳми Генле калон аст. Номбурда якҷоя бо Оуэн як қатор истилоҳотро пешниҳод намуд. Сатҳҳо ва меҳварҳои бадани одам (ventralis — батнӣ; dorsalis — пуштӣ; medialis — медиалӣ, ба дарун нигаронидашуда, ба сатҳи мобайнӣ нигаронидашуда; lateralis — латералӣ аз сон ба берун нигаронидашуда) ва ғайра  кори мутахассисонро дар ин самт хеле сабук гардонид. Минбаъд низ дар ин самт корҳои фундаменталӣ буруз карданд, ки боиси такмилу таҳкими истилоҳоти анатомӣ гаштанд.

Шӯрои олимони тибби Вазорати тандурустии  ИҶШС аз 31 январи соли 1959 бо қарори худ зарурати истифодаи истилоҳоти PNA-ро дар институтҳои тиббӣ, идораи маҷаллаҳо, нашриёти «Медицина», Энсиклопедияи калони тиббӣ, хадамоти патологоанатомӣ, экспертизаи тиббии судӣ ва тибби клиникӣ эътироф намуд. Ҳамзамон Шӯрои олимони тиббӣ тавсия кард, ки дар заминаи PNA Номенклатураи анатомии забони русӣ (на миллӣ) ҳамгун ва танзим карда  шавад. Президиуми идораи  Ҷамъияти умумииттифоқии анатомҳо, гистологҳо ва эмбриологҳо дар бораи дар анҷумани навбатии VIII Умумииттифоқии анатомҳо, гистологҳо ва эмбриологҳо дар соли 1974 (ш. Тошканд)  тасдиқ намудани лоиҳаи Номенклатураи анатомии забони русӣ қарор қабул кард.

Истилоҳоти анатомӣ бо забонҳои миллии понздаҳ ҷумҳуриҳои сотсиалистӣ низ аҳён — аҳён танзим ва таҳия мешуд. Дар ин самт фаъолияти донишмандони Ҷумҳурии Белорус қобили зикр аст. Дар ин кишвар ҳанӯз соли 1923 масъалаи ҳамгунсозӣ ва танзими истилоҳоти анатомӣ бо забони белорусӣ оғоз шуда буд ва натиҷаи корашон солҳои 1926, 1927 ва 1929 қисм–қисм нашр шуд.

Дар Тоҷикистон фақат китоби «Латинско – русско –таджикский словарь» (муаллиф Х.Х. Мирзоев) соли 1966 аз тарафи аъзои кафедраи анатомияи нормалии Институти  давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино омода ва нашр шуд. Мутаассифона, китоби мазкур на дар шакли луғати истилоҳот, балки ҳамчун луғати тафсирии истилоҳоти анатомӣ аз рӯйи алифбо тартиб дода шудааст. Нашри китоби мазкур дар замони худ кори ниҳоят муҳим ва судманд буда ва барои бо забони тоҷикӣ дарк кардану фаҳмидани номвожаҳои анатомӣ ёрии калон расонидааст. Аммо аксари истилоҳоти пешниҳодкардаи муаллиф  имрӯз қобили қабул нест.

Гуфтан ҷоиз аст, ки  бидуни мавҷудияти системаи истилоҳоти илмӣ ва соҳавӣ ягон забон наметавонад, ки вазифаи иҷтимоии худро пурра анҷом диҳад. Дар робита ба ин, омӯзиш ва пажӯҳишҳои фундаменталии масоили гуногуни илм, аз ҷумла илми тиб, ҷиҳати дақиқ ва мушаххас интиқол додани иттилоот ва аз байн бурдани монеаҳои забонии байни мутахассисон аҳамияти калонро касб мекунад. Зарурати дигар ин аст, ки истилоҳоти тиббӣ, махсусан истилоҳоти анатомӣ дар сарҳади байни лексикаи умумиистеъмолӣ ва тахассусӣ қарор доранд ва тавассути барномаҳои телевизиониву радио ва воситаҳои ахбори омма, суҳбату вохӯриҳои мутахассисон бо мардуми сатҳи дониши тахассусиашон гуногун тамоюли дохил шудани вожаҳои лаҳҷавӣ ва истилоҳоти иқтибосии анатомӣ ба забони илмии тоҷикӣ вусъат пайдо карда истодааст. Ҳамаи ин падидаҳои экстралингвистӣ боиси он мегарданд, ки сарҳади байни истилоҳоти тиббии «тахассусии маҳдуд» ва «умумиистеъмолӣ» тадриҷан аз байн рафта, онҳо майдони истилоҳии худро тарк карда, ба забони адабӣ мегузаранд.  Раванди аз доираи маҳдуди  истеъмол дар забони мутахассисон ба ҳаёти маъмулӣ интиқол ёфтани истилоҳоти соҳавӣ тавассути мубодилаи табиб – бемор рух медиҳад.

Ҳамаи ин падидаҳо зарурати  таъхирнопазири дар заминаи истилоҳоти аслии тоҷикӣ сохтани истилоҳоти анатомиро ба миён овард.

Зикр бояд кард, ки имрӯз вазъи истилоҳоти анатомии забони тоҷикӣ чандон хуб нест, корбурди ягонаи истилоҳот дар байни мутахассисони тибби амалӣ, дар байни намояндагони тибби назарӣ, аз ҷумла мутахассисони соҳаи анатомия риоя намешавад. Чун асос ва бунёди истилоҳоти тиббиро  истилоҳоти анатомӣ ташкил медиҳанд, бидуни  ҳамгунсозӣ, танзим ва ба система ворид кардани онҳо дар бораи ҳамгунсозӣ ва танзими истилоҳоти тиббӣ сухан рондан  имконнопазир аст.

Бояд зикр кард, ки забони тоҷикӣ дорои истилоҳоти ташаккулёфтаи тиббӣ, аз ҷумла анатомӣ ҳаст, ҳанӯз замони давлатдории Сомониён бо ин забон асарҳои тиббӣ таълиф мешуданд. Чунончӣ, «Донишнома»-и Ҳаким Майсарӣ, ки бо назм эҷод шудааст, «Ҳидоятулмутааллимин фит тиб»-и Ахвайнии Бухороӣ, «Ҳақоиқ-ул-адвия»-и Муваффақи Ҳиравӣ, баъдан осори гаронмояи Абӯалӣ ибни Сино «Рагшиносӣ» ва асарҳои Абуубайди Ҷузҷонӣ «Захираи Хоразмшоҳӣ», «Ёдгор» ва «Иғроз» далели тавонмандии забони илмии тоҷикианд.

Бо дарназардошти мавқеи имрӯзаи забони тоҷикӣ ва забони таълиму пажӯҳиш қарор гирифтани он  Раёсати ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар заминаи истилоҳоти куҳанбунёди забони тоҷикӣ ва истилоҳоти маъмулу ҷоафтодаи лотинӣ таҳия ва нашри  фарҳанги номвожаҳои анатомиро зарур дониста, дар асоси маводи «Международная анатомическая номенклатура» — «Фарҳанги номвожаҳои анатомӣ»-ро таҳия намуда, бо  ҷалби мутахассисони соҳа ва забоншиносон онро таҳриру такмил карда истодааст. Мушкилоте, ки аснои мураттабсозии фарҳанг ба миён омад, асосан номураттабӣ ва ягона набудани истифодаи истилоҳот аз тарафи муаллифони гуногун аст.

Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки истилоҳоти анатомиро дар забони тоҷикӣ ба танзим даровардан ва ҳамгун сохтан имконпазир аст. Давоми чанд соли охир дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои дарсии анатомия, гистология, эмбриология таълиф ва нашр шудаанд. Истилоҳоти анатомӣ дар китобҳои бахшида ба самтҳои гуногуни тибби амалӣ, мисли ҷарроҳӣ, бемориҳои дарунӣ, бемории кӯдакон ва ғайра таври густурда истифода мешаванд. Таҷриба нишон дод, ки мутахассисони соҳа дар кори танзим ва ҳамгунсозии истилоҳоти соҳавӣ манфиатдоранд ва фаъолона саҳм мегиранд.

У.Қурбонов, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор,

А.Юсуфов, мудири кафедраи забони тоҷикии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, номзади илмҳои филология, дотсент