Тарбия аз оила ибтидо мегирад

№5 (3485) 12.01.2016

Тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ на танҳо дар инсон фаҳмиши зебоӣ, балки фаъолияти нексириштию ростқавлӣ, саховатмандию ҳалолкорӣ ва бо адлу инсоф буданро ба вуҷуд меоранд.

(Аз Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Тарбияи фарзанд дар навбати аввал аз оила шурӯъ мешавад. Агар оила  муҳити солим дошта бошад, дар он фарзандони хуб тарбия ёфта, дар пешрафту ободии ҷомеа саҳмгузор хоҳанд шуд. Ҳамагон хуб медонем, ки дар шароити имрӯза тарбияи фарзандон бештар ба дӯши занон вогузор аст.

Мушоҳида мешавад, ки имрӯз наврасону ҷавонон, бахусус хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба ҷои дар дарсҳо иштирок кардан, дар бозорҳо ба савдогариву аробакашӣ, дар нақлиётӣ хатсайрҳои пойтахт ба пулчинӣ ва дигар корҳо машғул мешаванду аз таълиму тарбия берун мемонанд. Бархе аз падару модарон ин рафтори фарзандони ноболиғашонро дида, барои ба чунин корҳо машғул шудан шароити бештар муҳайё месозанд.

Агар барои ин рафтори фарзандон аз ҳама аввал волидон гунаҳкор бошанд, дар навбати худ роҳбарони бозорҳо, муассисаҳои нақлиётӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ ҷавобгаранд. Яке аз сабабҳои ба ҷиноят даст задан ва ба баъзе гурӯҳҳои ифротгаро шомил шудани ҷавонон ҳам аз беаҳамиятии падару модарон ва дигар табақаҳои масъули ҷомеа маншаъ мегирад. Аз ин рӯ,  барои тарбияи дурусти фарзандон ҳамкории ҳама табақаҳои ҷомеаро зарур аст.

Пӯшида нест, ки дар гузашта ва имрӯз фарзандон дар деҳот то синни ҳафтсолагӣ берун аз боғчаю кӯдакистонҳо, дар муҳити оила тарбия меёбанд. Солҳои пеш ба ҳар ҳол дар маркази баъзе аз деҳоти кишвар боғчаю кӯдакистонҳо фаъолияти мунтазам дошта, дар онҳо таълиму тарбия хеле ҷиддӣ буд. Имрӯз бошад, на дар ҳама ноҳияҳо ва шаҳраку деҳот боғчаву кӯдакистонҳо амал мекунанд. Агар бошанд ҳам, шароити заруриро доро нестанд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 марти соли 2006 Консепсияи миллии тарбия тасдиқ гардида буд. Барои амалӣ намудани ин ҳуҷҷати муҳим вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, кумитаҳои телевизион ва радио, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила ва дигар ташкилоту муассисаҳо вазифадор шуда буданд. Гарчанде дар самти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» корҳои зиёд ба сомон расида бошад ҳам, вале то ҳол дар тарбияи фарзандон камбудиҳо зиёданд. Дар ин маврид моро зарур аст барои амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон байни аҳолии  кишварамон корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиддӣ ба роҳ монем.

Фаромӯш набояд кард, ки дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо шуъбаи маориф, бахшҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ амал мекунанд. Хуб мешуд, ки мутасаддиёни онҳо аз рӯи нақша-чорабиниҳо, унсурҳои таркибӣ ва мазмуни қонуни мазкур ва Консепсияи миллии тарбияро ба мардум фаҳмонда, доир ба ҳар моддаи қонун ва банди консепсия бо аҳолӣ, хусусан оилаҳои ҷавон суҳбату вохӯриҳо ташкил намоянд.

Агар имрӯз аҳолии кишварамон аз Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» огоҳ бошанд, бо боварии том гуфта метавонем, ки сатҳу сифати тарбияи насли наврас беш аз пеш беҳбудӣ меёбад. Аз ин рӯ, вазорату идораҳои дахлдорро мебояд фаъолияташонро дар ин самт тавсеа бахшанд.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»