Террори мактабиён террори илму зиндагӣ буд

№2 (3482) 04.01.2016

16 декабри соли 2014 чанд нафар террористони ҳаракати Толибон ба мактаби ҳарбии шаҳри Пешовари Ҷумҳурии Исломии Покистон ҳамла оварда, беш аз 140 нафар толибилмонро, ки синну солашон аз 10 то 18- сола буд, ба қатл расониданд. Ин амали ваҳшиёнаю  ноҷавонмардонаи аъзои яке аз ҷараёнҳои бунёдгарою ифротии исломӣ тамоми сокинони сайёраро ба таҳлука оварда, маротибаи дигар илмбадбинию мардумозории онҳоро собит сохт. Ин ҳодисаи нангин яке аз амалҳои ваҳшиёнае буд, ки поягузорони дини Ислом дар асри VII барои ғасби сарзаминҳои «кофирон» ва ба даст овардани ғанимат роҳандозӣ менамуданд. Чунин амал падидаи нав нест. Дар сарзамини паҳновари олами Ислом аз асри VII инҷониб бунёдгароёну ифротиёни ин дин ҳазорҳову миллионҳо мардуми бегуноҳро ба қатл мерасонанд. Ҳарчанд ки аз асри VII то асри ХХI беш аз 1400 сол гузаштаасту тӯли асрҳо маърифату маданият, илму дониш ва ҷаҳонбинии аҳли башар  пеш рафта, дар ҳама самтҳо ба беҳтарин дастовардҳо ноил гардидааст. Давоми ин асрҳо инсоният аз асрори қаъри уқёнус то дуртарин галаахтарҳо воқиф гардиду дар асоси омӯзиши ин равандҳо шохаҳои ҷадиди бунёдии илмро ба вуҷуд овард. Дар ин муддати тӯлонӣ сокинони сайёра ба бузургтарин кашфиётҳои илмӣ даст ёфта, бисёре аз паҳлуҳои масоили ҳалталабро ошкор ва ифшо намуданд. Бе ягон муболиға метавон гуфт, ки ин ҳама дастоварду кашфиётҳои илмию дунявӣ, ки барои пешрафти зиндагии башар аҳамияти муҳим доранд, аз заҳмати намояндагону пайравони динҳои ғайриисломӣ аст. Аммо, Ислом замони мавҷудияташ ба яке аз муноқишаҳои нахустини мазҳабӣ, ки то имрӯз идома дорад, асос гузошт. Масалан, аввалин бадбинию хусумат ва терроризми исломӣ байни қабилаҳои уммавӣ ва аббосӣ сар зада буд. Сарчашмаҳои илмии таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки яке аз даҳшатнокарин ва ваҳшиёнатарин куштори замони аввали Ислом ин куштори уммавиён будааст. Ин амали ноҷавонмардона замоне анҷом дода шуд, ки як авлод авлоди дигарро ба меҳмонӣ даъват намуда, сипас онҳоро ба қатл расониданд. Аз замони ҷорӣ шудани дини Ислом ин гуна амалҳо ҳар лаҳзаву ҳар сония ба вуқӯъ мепайванданд. Дар пайи ин ҳамлаҳои ноҷавонмардонаи исломиёни бунёдгаро, ки ҳамеша муқобили илму зиндагӣ аст, дар ҳама давру замон мардуми осоишта азият мекашиданду мекашанд. Чунин амалҳои даҳшатбор дар Ҷумҳурии Исломии Покистон замоне ба шакли дигар оғоз ёфтанд, ки мутаассибӣ ва ифротгаройӣ дар ин кишвар боло рафта, созмонҳои террористӣ фаъол шуданд. Ҳамлаи ваҳшиёна ба мактаби ҳарбии шаҳри Пешовар бошад, яке аз намунаҳои ошкорои чунин амалҳо гардид.

Тавре расонаҳо хабар медиҳанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон маҷбур шуд, ки баъд аз як рӯзи ҳамлаи марговари Толибон ба мактаб, ҳукми қатлро дар кишвар дубора ҷорӣ намояд. Ин амали Ҳукумат дар ҳоле буд, ки аз соли 2008 ин тараф дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ҳукми қатл муваққатан манъ шуда буд.

Тасмими нави Ҷумҳурии Исломии Покистон замоне гирифта шуд, ки сарони кишварҳои гуногун ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамлаи ситезаҷӯёни исломиро ба мактаб дар Пешовар шадидан маҳкум карданд.

Ҳукумати ИМА бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки аз талошҳои Ҷумҳурии Исломии Покистон барои «маҳви ифротгаройӣ ва терроризм» ҳимоят мекунад. Роҳбари  Франсия — Франсуа Олланд бошад, ҳамла ба мактаби номбурдаро «разилона» номида, гуфт, ки «кишвараш омода аст, дар мубориза бар зидди терроризм ба Покистон кумак расонад». Дорандаи Ҷоизаи нобелии сулҳ Малола Юсуфзай гуфт, ки «аз ин амали бераҳмона ва хунсардонаи террористони мусалмон дилшикаста шудааст». Ашхосе, ки ин амали ваҳшиёнаро ба анҷом расониданд, ҳамагӣ ифротиёни мазҳабӣ ва мутаваллиди кишварҳои мусалмоннишин буданд:

Абу Шамил – сарвари гурӯҳ ва собиқ террористи Кавкази Шимолӣ, аз рӯи қавмият чечен

Нуъмон Ҳелманд – шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

Васим Алам Ҳерат – шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

Хатиб аз-Зубайдӣ – шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

Муҳаммад Зоҳидӣ – шаҳрванди Ҷумҳурии Марокаш

Ҷибран ас- Саидӣ – шаҳрванди Ҷумҳурии Мисри Араб ва Сурия.

Ба гуфти ҳарбиёни Ҷумҳурии Исломии Покистон, шаш нафар террористон замоне вориди мактаб шудаанд, ки дар он 500 донишҷӯву омӯзгор машғули дарс будаанд. Аз ин амали ваҳшиёна ва ғайриинсонӣ як сол гузашта бошад ҳам, аз хотираҳо пок намешавад. Афроди наҷотёфта даҳшати 16 декабри соли гузаштаро ба ёд оварда мегӯянд, ки ҷойи захми тири Толибон шифо ёфтааст, вале захми ҷонкоҳи марги кӯдакон аз қалб нахоҳад рафт.

Яке аз, хонандагони ин дабистон гуфтааст, ки худаш кушта шудани даҳҳо нафар аз ҳамсабақонашро ба чашм дида, аз ин амали пайравони Исломи «ноб» ангушти ҳайрат газидааст. Ронандаи автобуси мактаб гуфтааст, ки садои тир ногаҳон баланд шуд ва доду фарёди кӯдакону омӯзгорон ба афлок печид. Барои ин гуна ҳамлаҳои ногаҳона ва шабохун пайравони Ислом таҷрибаи кофӣ доранд, зеро дар ибтидои пайдоиши Ислом маҳз тавассути ҳамин гуна ҳамлаҳои ногаҳонӣ сарварони дин соҳиби ғаниматҳои ҳангуфт мегардиданд. Дар замони муосир низ аксар амалҳои ваҳшиёнаи терроризми исломӣ ба ҳамин васила сурат мегиранд.

Ин амалҳои ваҳшиёна собит месозанд, ки ифротгароёни мутаассиб ҳаргиз зиндагии осоишта ва пешравии илму маърифатро қабул надоранд.

 Номвар ҚУРБОНОВ