Ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ваҳдати миллӣ — фароҳамсози замина барои рушд

№83 (3384) 18.06.2015

ВАХДАТДар арафаи 18 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ месазад, ки мухтасаран талошу кӯшиш ва саъю ғайрати абармардони миллатро, ки барои фароҳам овардани сулҳи тоҷикон фидокорӣ карда буданд, ба хотир орем.Сулҳи Тоҷикистон ба тамоми маънӣ ба фаъолияти сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зич вобаста аст. Ҳанӯз дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд моҳи ноябри соли 1992 Сарвари давлат бо қатъият чунин изҳор карда буданд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва дар ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам  садоқатмандона меҳнат мекунам».

Муроҷиати Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ ба гурезагон, ба парламентҳои Федератсияи Россия ва давлатҳои Осиёи Миёна, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ки рӯзи 26 ноябри ҳамон сол ба имзо расида буд, ҳама як мақсад — пеш гирифтани роҳи сулҳро дар мамлакат ифода мекарданд.

Сарвари давлат гуфта буданд: «То даме,  ки силоҳро нагузорему сулҳу оромиро дар сарзамини худ барқарор насозем ва ба меҳнати созанда шурӯъ накунем, ҳеҷ гуна кумаку мусоидати кишварҳои дигар вазъияти моро беҳтар карда наметавонад».

Бо гузашти айём, тарафҳои бо ҳам даргир дарк карданд, ки барои дар дохили Ватан қатъ кардани муборизаи мусаллаҳона, ба манзил баргардонидани гурезаю муҳоҷирони иҷборӣ, обод кардани ҳазорҳо хонаю дар ва боғу роғи харобшуда, боздоштани нузули иқтисод, баҳри инкишофи Тоҷикистон ҷалб кардани сармояи хориҷӣ мардумро сарҷамъу сулҳро барқарор кардан зарур аст.

Ҳанӯз солҳои 1992 — 1993 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба роҳ мондани гуфтушуниди байни тоҷикон аввалин кӯшишҳоро ба харҷ дод. Созмони Милали Муттаҳид низ ба  ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда, Дабири кулли СММ 16 августи соли 1993  «Дар бораи вазъияти Тоҷикистон» маърӯза кард, ки дар он зарурати ҳалли мушкилот ва роҳҳои имконпазири он баррасӣ шуданд.  23 ноябр ва 29 декабри соли 1993 Дабири кулли СММ дар бораи авзои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки ин созмони муътабари байналмилалӣ дар раванди сулҳи Тоҷикистон номаҳо ирсол дошт. 16 декабри соли 1993  Рамиро Перес — Баллон Намояндаи махсуси СММ оид ба масъалаҳои Тоҷикистон таъин гардид. Хулоса, то соли 1994 се омили асосӣ — ҳавасмандии ҷониби Ҳукумат, тарафи мухолифон, миёнаравии созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои дӯст имконияти музокироти тоҷиконро фароҳам оварданд.

Моҳҳои феврал — марти соли 1994 тарафҳо ҳайати музокиракунандагонро созмон доданд. Даври якуми музокироти сулҳи тоҷикон аз 5 то 19 апрели соли 1994 дар Москва баргузор гардид. Дар даври аввали гуфтушунид вақти зиёд барои он сарф шуд, ки рӯзномаи гуфтушуниди байни тоҷикон барои тамоми давраи музокирот муайян карда шавад. Баъди муддати мадиди мубоҳисаҳо се масъала ба рӯзнома дохил шуданд : масъалаи гурезаҳо, масъалаи оташбас, масъалаи сохтори конститутсионӣ.

Замоне, ки музокирот оғоз ёфт, масъалаи гурезаҳо масъалаи доғи рӯз буд.  Масъалаи дуюм — масъалаи оташбас маҳсуб меёфт. Ин масъала масъалаи дараҷаи аввал ба ҳисоб мерафт, зеро бе таъмини оташбас ва хотима додани ҷанг дар бораи дигар соҳаҳои хоҷагии халқ сухан рондан имконнопазир буд. Масъалаи сеюм сохтори конститутсионӣ буд, ки он иштироки мухолифинро дар умури давлатдорӣ дар бар мегирифт.

Раванди сулҳи тоҷикон ба ду давра — давраи музокирот ва замони татбиқи асноди дар музокирот ба имзорасида ҷудо мешавад. Дар маҷмӯъ, ҳашт музокироти тоҷикон баргузор шуд: даври якум аз 5 то 19 апрел дар шаҳри Москва, даври дуюм аз 18 то 28 июни соли 1994 дар шаҳри Теҳрон, даври сеюм аз 20 октябр то 1 ноябри соли 1994 дар шаҳри Исломобод, даври чорум аз 22 май то 1 июни соли 1995 дар шаҳри Алмаато, даври панҷуми музокирот дар се марҳила — аз 30 ноябр то 22 декабри соли 1995, аз 26 январ то 18 феврали соли 1996 ва аз 8 то 21 июни соли 1996 дар шаҳри Ашқобод, даври шашум аз 5 то 19 январи соли 1997 дар шаҳри Теҳрон ва даври ҳафтум аз 26 феврал то 8 марти соли 1997 дар шаҳри Москва.

Даври ҳаштуми музокироти тоҷикон ба ду марҳила тақсим шуда, дар шаҳри Теҳрон, аз 9 то 16 апрели соли 1997 ва аз 22 то 28 майи соли 1997 баргузор гардид.

Дар раванди музокироти сулҳ шакли дигари ҳамкории тарафҳо — мулоқоти Президенти мамлакат ва Роҳбари Иттиҳоди неруҳои оппозитсияи тоҷик зуҳур кард. Чунин мулоқот дар сатҳи олӣ номида мешуд. Аз соли 1995 то соли 1997 шаш мулоқоти ҷонибҳо дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Федератсияи Россия ва Қирғизистон гузашт. Дар ин мулоқотҳо маъмулан масъалаҳое баррасӣ мешуданд, ки дар сатҳи музокирот ҳалли худро наёфтаанд. Масалан, ҳайати намояндагон дар мулоқоти соли 1997 дар Теҳрон (Ҷумҳурии Исломии Эрон) Протоколи сиёсиро бо сабабҳои гуногун қабул карда натавонистанд. Бинобар ин, лозим омад, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ бо ҳам вохӯранд. Мулоқоти охирини Президент ва роҳбари ИНОТ 16-18 майи соли 1997 дар Бишкек баргузор гардид ва дар он ҷо Протоколи сиёсӣ ба имзо расид.

Дар баргузории музокироти тоҷикон созмонҳои байналмилалӣ ва як қатор давлатҳо фаъолона ширкат варзиданд. Президенти мамлакат дар яке аз суханрониҳояшон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ чунин зикр карда буд: «Дар баргузории музокирот Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Конфронси Исломӣ, кишварҳои дӯст ва ҳамсоя — Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Турк-манистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон нақши фаъолу созанда бозиданд».

Бо ин асос, дар ҳаёти ҷамъиятӣ — сиёсии кишвар ибораи нав — истилоҳи «Ваҳдати миллӣ» ба миён омад ва дере нагузашта қувваҳои солими ҷомеа Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро таъсис доданд, ки роҳбарии онро то кунун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба  уҳда доранд ва ин созмони ҷамъиятӣ тавонист, ки ҳамаи қишрҳои ҷомеаро бо ҳам муттаҳид намуда, дар кишвар Ваҳдати миллиро барқарор намояд.

Воқеан ҳам, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон барои эъмори давлати навини дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд саҳми арзанда гузоштааст. Мутобиқи талаботи Протоколи ба имзорасида 26-уми сентябри соли 1999 дар раъйпурсии умумихалқӣ ба моддаҳои 48 ва 64 — уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид гардид ва Тоҷикистон соҳиби Парлумони касбӣ ва доимоамалкунанда гардида, ҳокимияти судӣ аз тобеияти ҳокимияти иҷроия бароварда шуда, 14-уми декабри соли 1999 Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Барои мардуми Тоҷикистон, ки ҷанги шаҳрвандиро паси сар намудаанд, Ваҳдати миллӣ роҳи наҷоти миллату давлати миллӣ мебошад. Метавон бо итминони комил гуфт, ки имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро аҳли ҷомеа, сарфи назар аз тамоюли сиёсӣ, эътиқод ва андеша ҳамчун санади тақдирсози миллат пазируфтанд. Халқи Тоҷикистон бо сарварии Президенти худ Эмомалӣ Раҳмон аз имтиҳони садоқат ва талош барои суботу оромӣ сарбаландона гузашт. Муқовимати сиёсиро бо ризоияту таҳаммул ба анҷом расонида, мисоли камназири ҳалли мусолиҳатомези ҷанги шаҳрвандиро ба ҷаҳониён нишон дод.

Пайкори созандагӣ — бунёди иншооти гидроэнергетикӣ, шоҳроҳу нақбҳои азим, муассисаҳои иҷтимоию фарҳангӣ вусъат ёфт. Сулҳ ба кишвари мо имкон дод, ки дар арсаи ҷаҳонӣ эътибору нуфузи бештар пайдо намояд, ҳамчун давлати сулҳхоҳу ваҳдатофар эътироф гардад. Саҳми Тоҷикистон дар ҳаллу баррасии мушкилоти глобалии ҷаҳонӣ, густариши равобиту дӯстии халқҳо бамаротиб афзуд.

Табиист, ки сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ таъсири мусбӣ мерасонад. Сол аз сол байни минтақаҳои ҷумҳурӣ робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ мустаҳкамтар мешавад. Туфайли иқдому ташаббусҳои пайгиронаи Сарвари давлат кишвар аз бунбасти иқтисодӣ пурра раҳоӣ ёфтааст. Ба истифода додани нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», бунёди шоҳроҳи Душанбе — Хуҷанд — Бӯстон — Чанок, сохтмони хатти баландшиддати барқи «Ҷануб-Шимол» ва ғайра маҳз туфайли Ваҳдати миллӣ имконпазир гардиданд.

Бегуфтугӯ, сулҳи тоҷикон барои рушди фарҳангу ҳаёти маънавии мамлакат шароити мусоид фароҳам овард. Ҷашнҳои мутантани 1100-солагии таъсиси давлати Сомониён, Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб, ҷашнҳои мутафаккири бузурги Шарқ Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ, 1150-солагии Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ғайра далели ин гуфтаҳоянд.

Сулҳи тоҷикон имкон фароҳам овард, ки дар Тоҷикистон ҳамоишу конфронсҳои бузурги байналмилалӣ доир гарданд.

Гузашта аз ин, сулҳи тоҷикон кашфиёти тозаест дар таърихи муноқишаҳои сиёсию ҳарбии кишварҳо. Тоҷикистон дар дунё ягона давлатест, ки ҷанги шаҳрвандии он бо сулҳ ва ризоияти миллӣ анҷом пазируфтааст. Аз ин лиҳоз, бисёр давлатҳои ҷаҳон ба таҷрибаи сулҳофарии миллати мо мароқи махсус зоҳир мекунанд, онро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин мегӯянд: «Роҳе, ки мо барои расидан ба сулҳ интихоб кардем, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як таҷрибаи нодири таърихӣ эътироф гардид. Зеро дар таърих кам воқеъ шудааст, ки ҳукумат барои бастани Созишномаи сулҳ, ба хотири аз парокандашавӣ ва нестӣ раҳо додани миллат ва давлат, осоиши кишвар ва Ваҳдати миллӣ то ин дараҷа гузаштҳо карда, сарфи назар аз ихтилофҳои мавҷуда, қотеъона аз сулҳу амният пуштибонӣ намояд».

РАСУЛЗОДА Нуриддин Ғаффор, муовини якуми Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон