Олимони мо

Вожашиноси варзида ва омӯзгори асил

№160 (3145) 25.12.2013

Рӯзи 24 декабри соли равон забоншиноси нозукбини тоҷик, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии маорифи Тоҷикистон, дотсенти кафедраи забони адабии муосири тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳуснигул Талбакова ба синни мубораки 70 даромад. Номбурда 47 сол боз ба пажӯҳиши масоили гуногуни вожашиносӣ ва тарбияи насли ҷавон машғул аст.

Солҳои таҳсил дар факултети филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) Ҳуснигул Талбаковаю ҳамсабақонаш аз устодони пуртаҷриба, донишмандони варзидаю маъруф академикҳо А.Мирзоев, Б.Ниёзмуҳаммадов, М.Эркаев, профессорон (он вақтҳо дотсентон) Д.Тоҷиев, Ш.Ҳусейнзода, В.Асрорӣ, Ҳ.Каримов, С.Табаров, О.Ҷалолов, Т.С.Михайличенко, С.Ҳалимов, С.Имронов ва дигарон сабақ гирифта, бо асрори улуми адабӣ ва лисонӣ ошно шуданд. Ҳ.Талбакова махсусан ба забоншиносӣ рағбати бештар дошт. Ҳ.Талбакова  дар маҳфили забоншиносӣ фаъолона иштирок карда, маърӯзаҳо мекард. Диққати ӯро хусусиятҳои забони асарҳои бадеӣ, хосатан лексикаи асарҳои бадеӣ, ҷалб мекард. Ин буд, ки ӯ соли 1966 дар мавзӯи «Забони драмаҳои бачагона» рисолаи дипломӣ навишт.

- «Роҳбари рисолаи дипломиам, — мегӯяд Ҳ.Талбакова, — марди шариф, олими баркамол – Худойдод  Ҳусейнов (рӯҳашон шоду хонаи охираташон обод бод!) буданд. Рисола сазовори баҳои баланди аъзои комиссияи имтиҳоноти давлатӣ гардид.

Соли 1966 барои Ҳуснигул Талбакова соли фаромӯшношуданист. Ӯ Университети давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, ба аспирантура тавсия гирифту дар университет ба кор қабул гардид. 

Меҳри касбе дар дилаш афрӯхтанд…

Ҳуснигул Талбакова дар интихоби касб хато накард. Ӯ медонист, ки бузургон ин пешаро воло дониста, сутудаанд. Абдулҳайси Самарқандӣ дар ситоиши фазилати омӯзгор гуфтааст: «Муаллим пас аз анбиё ва шуҳадо назди Худо маҳбубтарин халқанд… Чун кӯдак ба мактаб дарояд ва бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳимро ёд бигирад, Худованд падару модар ва муаллими ӯро хоҳад бахшид».

Аз ин ҷост, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали дар донишгоҳ кор карданаш дар паҳлуи устодони варзида ва олимони шинохтаи ҷумҳурӣ профессорон М.Н.Қосимова (роҳбари илмии Ҳ.Талбакова), Ҳ.Маҷидов, Х.Шарифов, Х. Асозода, М.Имомов, С.Амирқулов, У.Тоиров, А.Кучаров, Д.Хоҷаев, А.Маҳмадаминов, дотсентон М.Норматов, М. Бобомуродов, М.Солеҳов, В. Абдулазизов ва дигарон дар омода кардани мутахассисони соҳаҳои филологияи тоҷику шарқ, журналистикаву тарҷумонӣ софдилонаву садоқатмандона меҳнат мекунад.

Дарсҳояш хеле пурмазмуну шавқовар буда, дар зеҳну қалби донишҷӯён зуд ҷой мегиранд. Ӯ аз «Вожашиносӣ», «Забон ва услуби коргузорӣ» ва «Усули таълими забон» дарс мегӯяд. Мавзӯъҳоро бо забони соддаю равон, асоснок ва бо мисолҳои фаровон пешкаши донишҷӯён менамояд.

Мусаллам аст, ки як бахши умдаи кори устодони донишгоҳ роҳбарӣ ба корҳои мустақилонаи илмии донишҷӯён аст. Ҳ.Талбакова ба корҳои курсию рисолаҳои дипломӣ ва маърӯзаҳои илмии донишҷӯён роҳбарӣ менамояд. Ӯ аз онҳо ҷиддан талаб менамояд, ки дар пажӯҳишу тадқиқ ва ҳалли мавзӯъ нозукбину дақиқкор бошанд.

Шогирдонаш имрӯзҳо муаллимони мактабҳои олию омӯзишгоҳҳо, гимназияю литсею ҳунаристонҳо, мактабҳои миёнаю муассисаҳои дигари маорифу фарҳанг  мебошанд. Иддае аз шогирдонаш дар мақомоти интихоботию роҳбарикунандаи давлатӣ, иддаи дигарашон дар архиву музейҳои адабию кишваршиносӣ, бунёду марказҳои фарҳангӣ ва амсоли онҳо кору фаъолият намуда, бад-ин васила ба нафъи халқу меҳани маҳбубамон хизмат мекунанд.

Ҳар кас гавҳари илм аст, вологавҳар аст

Ҳ.Талбакова хуб медонист, «ки фаҳмидани дунё ва дарёфти он бо дониш мумкин аст. Ва ҷое ҳам хонда буду дар лавҳи хотираш нақш баста, ки Суқрот дар мавриди баргузидани анвои улум фармудааст: «Танҳо илме барои инсон муфид аст, ки ӯро ба саодат бирасонад ва он илме инсонро ба саодат мерасонад, ки хубро аз бад бинамоёнад ва маълум созад, ки дар зиндагии иҷтимоиву хонаводагию фардӣ чӣ амале хуб аст ва чӣ гуна бояд онро ба ҷо оварад ва чӣ гуна бояд аз он эҳтиром ҷуст».

Чун Ҳуснигул Талбакова хуб мехонду ҳисси забонфаҳмӣ дошт, аз назари забоншиноси маъруф, мудири кафедраи забони тоҷикӣ, профессор Д.Т.Тоҷиев дур намонд. Ин марди наҷибу забоншиноси тавоно, ки истеъдодро зуд мешинохту мепарварид, ба шогирдаш – муаллимаи кафедра М.Н.Қосимова ҳидоят дод, ки Ҳуснигулро ба маҳфили забоншиносӣ ва кафедра ҷалб намояд.

Бо пешниҳоди кафедра шӯрои олимон М.Н.Қосимоваро роҳбари илмии ӯ таъин намуд. Ин забоншиноси нозукбину устоди гавҳаршинос қобилияту истеъдод, заковат ва имконоти ақлониашро дида, ӯро ба пажӯҳиши масоили вожашиносӣ ҳидоят намуд. Ҳамин тариқ, бо маслиҳат ва роҳнамоии устодаш «Хусусиятҳои лексикию фразеологии повести «Маъвои дил»-и Раҳим Ҷалил» мавзӯи кори номзадиаш интихоб гардид. Ҳ.Талбакова таҳти роҳнамоии ин устоди серталаб ҷиддан ба таҳқиқи лексикаи забони адабии муосири тоҷик (дар мисоли повести «Маъвои дил») машғул шуд. Солҳои таҳсил дар аспирантура (с. 1973-1976) бо тавсияи устодаш М.Н.Қосимова ба адабиёти илмии забоншиносӣ бештар ошно шуда, маводи фаровон гирд овард. Сипас, онро бар асоси назарияи забоншиносии муосир таҳлилу баррасӣ намуда, натиҷаи пажӯҳишҳои хешро пас аз мутолиа ва тавсияи устодаш М.Н.Қосимова дар мақолаҳои алоҳида ба табъ расонид. Ба монанди «Истеъмоли калимаҳои ифодакунандаи касбу ҳунар (дӯзандагӣ) дар «Маъвои дил»-и Раҳим Ҷалил» (с. 1973), «Фразеологизмҳои пешоянддор дар «Маъвои дил»-и Р.Ҷалил» (с. 1974), «Калимаи «бар» ва тобишҳои маъноии он» (с. 1975), «Истеъмоли калимаҳои халқӣ – гуфтугӯӣ дар «Маъвои дил»-и Р.Ҷалил» (с. 1976) ва ғайра.

Акнун вақти он расида буд, ки натиҷаҳои пажӯҳиш дар шакли рисолаи илмӣ мураттаб гардад. Ҳ.Талбакова маводи гирдовардаашро бори дигар бар асоси дастовардҳои  илми  забоншиносии муосир баррасӣ намуда, рисолаи илмиашро бо унвони «Хусусиятҳои лексикӣ ва фразеологии повести «Маъвои дил»-и Р.Ҷалил» ба итмом расонида, барои муҳокима ба Шӯрои диссертатсионӣ пешниҳод намуд.

Соли 1978 дар ҳаёти Ҳ.Талбакова ва аҳли хонадонаш соли фаромӯшношуданӣ буд. Дар ин сол ӯ рисолаи номзадиашро муваффақона дифоъ намуд. Мутахассисон рисоларо хуб арзёбӣ намуданд ва пас аз чанде унвонҷӯ номзади илми филология гардид.

Зикри ин нукта зарур аст, ки Ҳ.Талбакова бештар ба пажӯҳиши масоили вожашиносӣ ва гоҳҳо ба таҳқиқи масъалаҳои фразеология машғул шудааст. Ӯ дар давоми фаъолияти илмиаш беш аз панҷоҳ асару мақолаҳои илмӣ навиштааст, ки аҳамияти калони илмию амалӣ доранд. Муаллима дар таълифи китобу дастурҳои таълимӣ оид ба вожашиносӣ низ саҳмгузор аст. Ӯ бо ҳаммуаллифии устодон М.Муҳаммадиев ва Ю.Нурмаҳмадов «Лексикаи забони адабии ҳозираи тоҷик»-ро (с. 1997) таълиф намуд. Чун дид, ки омӯзгорони ҷавону донишҷӯён барои дарсҳои амалӣ аз вожашиносӣ ба маводи таълимӣ зарурат доранд, маҷмӯаи машқҳои «Вожашиносӣ»-ро (бо ҳаммуаллифии М.Муҳаммадиев, С. Ҳошимов) мураттаб кард. Ҳар ду китоб ҳам кӯмаки саривақтӣ барои омӯзгорон ва донишомӯзон аст.

Маълум  аст,  ки антонимҳо  яке  аз  категорияҳои  хеле  инкишофёфтаи  забони адабии тоҷик   ба шумор  мераванд.  Онҳо  ба  раванди ҳодисаҳои  ба  ҳам  зидди  табиат  ва  ҷамъият  робитаи  ногусастанӣ  дошта, инъикосгари  қонунияти  ягона  будани олам мебошанд. Дар  сурати  антонимҳо  тазодҳои олами воқеӣ  дар  шакли воситаҳои  ифоданоки луғавӣ акс шудаанд.

Антонимҳо  барои  ба  вуҷуд  овардани  образҳо, тасвири  ҳодисаю  воқеаҳои  мухталиф, ифодаи  зиддиятҳои зиндагии мардум  нақши  намоён   доранд. Забоншиноси  бозаковат  ин хусусияти антонимҳоро  хуб дарк  карда, пас аз  пажӯҳиши  хамаҷонибаи  хусусиятҳои  ин  категорияи  луғавӣ, бар асоси  маводи  фаровони  забони  адабии тоҷик китоби  пурарзишеро  таҳти  унвони  «Антонимҳои  номӣ  яке  аз  воситаҳои  муҳими  забони  тасвир» (с. 2010) ба табъ  расонид. Китоби  мазкур  ба  хусусиятҳои  луғавию   услуби   антонимҳои   номии (исмӣ  ва  сифатӣ)  забони  тоҷикӣ   бахшида  шуда, масъалаҳои  марбут  ба  антонимҳои  исмӣ,  сифатӣ, хусусиятҳои маъноиву  сохторӣ ва услубии ин  воҳидҳои луғавӣ, муносибати  вожаҳои антонимӣ  бо   калимаҳои сермаъно, антонимҳо  ва  муносибати онҳоро  бо  муродифот фаро мегирад.  Дар  он  ҷиҳатҳои  луғавӣ, доираи  маъноӣ ва  мавқеи  истеъмоли   антонимҳо  бо  мисолҳо аз  шоирони адабиёти классики тоҷику форс (Абулқосим  Фирдавсӣ, Анварӣ, Саъдии Шерозӣ,  Ҳофизи  Шерозӣ,  Бадриддин  Ҳилолӣ, Ҷалолиддини  Румӣ, Низомии  Ганҷавӣ, Абдураҳмони  Ҷомӣ, Аҳмади  Дониш…)  ва намунаҳо аз адибони даврони  шӯравию замони  муосир ( Садриддин  Айнӣ, Абулқосим  Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Аминҷон Шукӯҳӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Лоиқ  Шералӣ, Бозор  Собир,  Гулрухсор…) шарҳу  эзоҳ  дода  шудааст.  Муҳаққиқ  бар асоси  маводи хеле зиёди  забони адабии тоҷик  таъкид  менамояд, ки «дар  забони  адабии тоҷик  антонимҳои  исмӣ  хеле  зиёд  буда, соҳаҳои гуногунро фаро  мегиранд». Ӯ  антонимҳои  исмиро  аз  рӯйи  мафҳуму   сохташон  ба  антонимҳои  аслӣ (луғавӣ), сохта  ва  матнӣ (контекстуалӣ) ҷудо карда, хусусиятҳои барҷаставу  фарқкунандаи  ҳар  яки  онҳоро  нишон  додааст. Аз ҷумла  дар хусуси антонимҳои  аслӣ ё луғавӣ  таъкидан менависад: «… онҳо берун  аз  матн  маъноҳои  ба  якдигар  зидро  ифода мекунанд. Ин  гурӯҳ   калимаҳои  антонимӣ  аз  рӯйи   баромад  ва  табиаташон   маъною   мафҳуми  зидро   талаб  менамоянд.  Соҳибони   забон   медонанд,  ки ҳамеша  дар  муқобили калимаи  дӯст – душман, рӯз – шаб, замин – осмон,  шоҳ – гадо,  дарвеш – доро,  мазлум – золим   меистад:

 Даҳр – нокас,  чарх – хоин, халқ – нодон, дӯст – душман,

Чун бимонам, чун  бихоҳам, чун бисозам,чун  бубинам?

***

Ганҷи  дороёни  дунё  ҳосили ранҷи  ту  бошад,

Дафъи фақри ҳар гадоро гар бихоҳӣ, метавонӣ(Лоҳутӣ)

Боби дигари ин  асари  пурарзиш ба  таҳқиқи  хусусиятҳои маъноӣ,  сохторӣ  ва  услубии антонимҳои сифатӣ бахшида шудааст. Маълум аст, ки антонимҳои  сифатӣ  яке аз зуҳуроти лексикии забон буда, ифодагари маъноҳои зид мебошанд. «Онҳо берун аз матн хусусияти зидмаъноии худро  нигоҳ  медоранд ва аз ҷиҳати  сохт дар  шакли содда, сохта, мураккаб, таркибӣ  сурат  мегиранд». Муҳакқиқ барҳақ  таъкид  мекунад,  ки одатан гӯянда ё  шоиру нависандагон  онҳоро  бештар ба  мақсадҳои  муайяни  услубӣ – зид гузоштани ҳодисаю воқеаҳои  тасвиршаванда, муқобил  гузоштани образҳо,  нишон  додани  хислат, рафтор,  муносибати  қаҳрамонони  асар  истифода  мебаранд. Азбаски зидгузории ҳодисаю воқеаҳо  дар  асарҳои бадеӣ  яке аз  воситаҳои муҳими образофарӣ,  тасвири  пуробуранг ба  шумор  меравад, табиист, ки адибон, рӯзноманигорон аз  ин санъати сухан васеъ истифода мебаранд.

Ӯ, сипас ба пажӯҳиши антонимҳо шурӯъ намуда, «Луғати антонимҳои  забони адабии тоҷик»-ро тартиб медиҳад, ки имрӯз китоби рӯимизии ҳамаи ҳаводорони забони тоҷикист.

«Луғати  антонимҳои луғавии забони тоҷикӣ» бори дуюм бо  таҳлилу иловаҳо соли  2008  бо  қарори  мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр гардид. Луғати  мазкур  аксарияти калимаҳои антонимии   забони адабии тоҷикро  фаро  мегирад ва бештар аз  700 ҷуфти  антонимӣ бо мисолҳо  шарҳу  эзоҳ  дода  шудаанд. Дар  он антонимҳои  исмӣ,  сифатӣ,  феълӣ  ва зарфӣ  бо  мисолҳои  возеҳу  равшан  шарҳу  эзоҳ  дода  шудааст. Мураттиб мисолҳоро бисёр  нозукбинона   аз  осори  шоирони  маъруфи  классик, адибони  шинохтаи муосир интихоб  намудааст. Ба  хотири равшан  гардидани маънои калима  ва зуд  дарёфтани  муносибати антонимии  калимаҳо  дар  луғат аввал  маъноҳои   аслӣ,  баъд вожаҳои  антонимие,  ки ба  маънои  маҷозӣ  меоянд,  оварда  мешаванд. Чунончӣ:  калон – хурд (ҳаҷм); калон – хурд (синну  сол); калон – хурд (вазифа).

Хусусияти дигари луғат  он  аст, ки  вожаҳои антонимӣ  аз  рӯйи  сохти грамматикӣ  оварда  шудаанд:  аввал  калимаҳои содда (аввал – охир,  бад – хуб), баъд калимаҳои  сохта ( аввалин -  охирин, баодоб -  беодоб), сипас  калимаҳои  мураккаб (аввалоғоз -  охиранҷом, бадбахт – хушбахт). Ҳамчунин  ҷуфтҳои  антонимие,  ки муродиф  доранд, дар  қавсайн  муродифи  антонимиаш  оварда  шудааст: зебо – безеб (зишт)…

Муаллиф  ба  хотири  зуду  осон пайдо  кардани  вожаи  лозима  дар  охири  китоб  ҷуфтҳои антонимиро  пешниҳод  кардааст, ки  хонанда бидуни  душворӣ  луғати даркориро пайдо   мекунад: адл -  ситам, доно -  нодон, барно – пир, васл – ҳиҷрон…

Дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи  умумӣ дарси  луғатшиносӣ ва дар  муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ фанни «Вожашиносии забони адабии тоҷик» ҳамчун  фанни  тахассусӣ тадрис  мешавад. Мутаассифона, оид  ба  таҳлили лексикӣ ҷиҳати тадриси ин фан ягон  дастури  таълимие мавҷуд  набуд.  Аксарияти омӯзгорон дар дарси  вожаомӯзӣ  танҳо  бо  нишон  додану  номбар  кардани  категорияҳои  луғавӣ – калимаҳои сермаъно, омонимҳо,   синонимҳо (муродифот),  антонимҳо  қаноат  мекарданд. Аз  ин рӯ,  муаллимон низ ба дастуру  мақолаҳои  роҳнамои   таҳлили  луғавӣ  ниёз доштанд. Ҳ.Талбакова ҳамчун  омӯзгори нозукбину  ботаҷриба  инро дарк карда, ба  навиштани чунин дастур пардохт. Заҳматҳои  шабонарӯзии ин  олима бор  овард ва соли 2006 дастури  таълимӣ таҳти унвони «Усули таҳлили луғавӣ  ва  фразеологӣ» бар  асоси  таҷрибаи чандинсолаи муаллиф таҳия  ва  нашр  шуда, дастраси  омӯзгорону донишҷӯён  гардид.

Ҳ.Талбакова инчунин бештар аз 30 мақолаи илмӣ-оммавӣ ва публитсистӣ таълиф намудааст, ки дар маҷаллаю рӯзномаҳои ҷумҳурӣ чоп шудаанд.

М.НОРМАТОВ, В. АБДУЛАЗИЗОВ, дотсентони  кафедраи  забони адабии муосири  тоҷики ДМТ